Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санхати Тоҷикистон 

ГАЗЕТА

Муфассал...

НАВИДҲО

КОРҲОИ ОБОДОНӢ
Дар ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода вусъати тоза мегиранд

   Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз касби Истиқлолияти давлатӣ  роҳи демократӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро  пеш гирифт. Масоили бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла ободонии кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва тозаву озода нигоҳ доштани муассисаву ташкилот, ҳамчунин ба вуҷуд овардани ҳисси баланди эстетикию зебоипарастӣ дар ниҳоди ҷавонон ба қатори масъалаҳои муҳим шомил гардиданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки мардуми тоҷик дар асл меҳнатдӯст ва  бунёдкору созанда буда, дар парвариши ниҳолу сабзондани гулу гиёҳҳои нодир истеъдоди фитрӣ доранд.

   2019-02-23      Муфассал...

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолиянд

ДУШАНБЕ, 23.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе   бахшида  ба 26-умин  солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зарина Файзуллозода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Сино Маҳкам Аслонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанговарони башардӯст Ибодулло Шарифов ва ҳайати профессорону донишҷӯёни донишкада ҳузур доштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Бозорбой Холов иттилоъ дод.

   2019-02-23      Муфассал...

Ангораи «Наврӯз – 2019» тасдиқ шуд

   ДУШАНБЕ, 21.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2019 ангораи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.

   Ангораи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2019» бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

   Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз ангораи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2019» васеъ истифода намоянд.

   2019-02-23      Муфассал...

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2019 тасдиқ шуд

   ДУШАНБЕ, 21.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои халтачаҳои наврӯзӣ тасдиқ гардиданд.

   Халтачаҳои наврӯзӣ, ки барои тӯҳфаҳо пешбинӣ шудаанд, бо шаклу дизайни гуногун таҳия карда шуда, дар онҳо рамзу ангораи Наврӯзи соли 2019 тасвир ёфтаанд.

   Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо метавонанд ба корхонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ ҷиҳати омода кардани халтачаҳо аз матоъҳои гуногун, коғазҳои ранга, картон, халтачаҳои полиэтиленӣ ва дигар навъҳои матоъ дастур диҳанд, ки намудҳои мухталифи халтачаҳоро дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омода намоянд.

   2019-02-23      Муфассал...

Тасдиқи халтачаҳои наврӯзӣ аз ҷониби Пешвои миллат

   Дар рӯзҳои Иди байналмилалии Наврӯз сокинони кишвар метавонанд барои гирифтани тӯҳфа аз он истифода кунанд.

   Тӯҳфаҳо ба ятимон, беморон, барҷомондагон, пиронсолон, кӯдакону наврасон низ тавассути чунин халтачаҳои наврӯзӣ тақдим карда шавад.

   Истифодаи чунин халтачаҳои наврӯзӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шавад.

   2019-02-23      Муфассал...

ЭЪЛОНҲО

ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс

МАҶАЛЛА

Муфассал...