Санаи 30-уми апрел дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода” дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” суҳбат-вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини ректор, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Иззатзода Зулайхо, муовини раиси Иттифоқи ҷавонон давр шаҳри Душанбе Назарзода Манучеҳр, корманди Вазорати тандурустӣ Азимова Садафмоҳ, мутахассиси пешбари кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Бурҳониддин, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултаҳои санъати актёрӣ ва режиссура ва китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ ширкат намуданд.
Вохӯриро муовини ректор, дотсент Иззатзода Зулайхо ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Қайд карда шуд, ки чунин вохӯриҳои судманд метавонад, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро боло бурда, дар замири онҳо ҳисси ватандӯстиро бедор намояд.
Назарзода Манучеҳр зимни суханронии худ қайд намуд: “Тоҷикистон кишвари ҷавонон буда, қишри мазкур меросбари ин марзу бум ба ҳисоб меравад. Андешидани тадбирҳои судманд, таҳкими заминаҳои меъёрию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ, фароҳамсозии шароити хуби иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ баҳри таҳсилу илмомӯзӣ, касбандӯзӣ, тахассусмандиву ташаккули ҳисси баланди шаҳрвандиву ватандорӣ ва соҳибдавлативу фарҳангсолорӣ дар онҳо кафолати бақои давлат ва сарафрозии мардум мебошад. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсияти сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, тавассути таълифоту суханрониҳо ва паёмҳои ҳамасола ҷомеаи мадании кишварро пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд”.
Азимова Садафмоҳ ба ҷавонон оид ба тарзи ташаккули ҳаёти солим, бемориҳои сироятёбанда ва роҳу воситаҳои пешгирӣ аз онҳо маълумоти муфассал дод.
Дар интиҳои вохӯрӣ миёни донишҷӯён ва меҳмонон суҳбати озод баргузор гардида, донишҷӯён ба саволҳои худ аз меҳмонони чорабинӣ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.