Тибқи нақшаи қабул барои соли таҳсили 2024-2025 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода довталабонро аз рӯйи 32 ихтисос (1209 ҷой) ба донишкада қабул менамояд. Аз 32 ихтисоси амалкунада 15 ихтисос хусусияти эҷодӣ дорад. Тибқи талаботи қабул тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо, дар баробари имтиҳонҳои тестӣ, бояд имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус супоранд. Дар асоси фармоиши ректори донишкада аз 15.06.2024, таҳти №36 комиссия барои қабули имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус таъсис дода шудааст. Дар ҳайъати комиссия устодони дорои таҷрибаи баланд ва унвонҳои илмӣ (иборат аз 14 нафар) ворид шуда, инчунин барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани синфхонаҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон ва ҷобаҷо намудани донишҷӯён (6 нафар) сафарбар гардидааст. Дар ин замина синфхонаҳои махсус барои қабули имтиҳонҳо омода шуда, раванди баргузории онҳо аз ҷониби роҳбарияти донишкада назорат карда мешавад.
Давраи асосии имтиҳонҳо аз 1 июл оғоз гардида, то 8-уми июл идома хоҳад ёфт. Дар рӯзи якуми баргузории имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус ректори донишкада д.и.ф., профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин иштирок намуда, барои шаффоф баҳогузорӣ намудани довталабон ба аъзои комиссия супориш доданд.