И.в мудири шуъба: Нуров Нодир Пирмаҳмадович

Барои тамос: индекс, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а , Бинои 1,
Тел:+992985256168 – 003225829

E-mail: nodirnurov96@gmail.com

 

 


Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

Аспирантура дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва  санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода соли 1999 таъсис дода шудааст. Он яке аз шаклҳои муҳими  омода ва тайёр намудани кадрҳои педагогӣ, илмӣ ва такмили фаъолияти эҷодии омӯзгорон дар системаи баъди хатми маълумоти олии касбӣ ба ҳисоб рафта, барои шаҳрвандон оиди баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ, илмӣ ва педагогӣ дар заминаи маълумоти олии касбӣ шароит муҳайё месозад.

Аспирантураи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзода  унвонҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои вобаста ба номгӯи мутахассисон: 13.00.05 — «Назария, методика ва ташкили фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ», 05.25.03. — «Китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ», 17.00.01.— «Санъати театрӣ», 10.01.10. -«Рӯзноманигорӣ» кормандони илмӣ ва эҷодиро омода мекунад.

Таълим дар аспирантура дар шаклҳои рӯзона ва ғоибона амалӣ карда мешавад.

Айни замон дар шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагонӣ:

  1. 17- нафар магистранти курси 1 – ум (аз рӯи ихтисос)
  2. 19-нафар магистранти курси 2 — ум (аз рӯи ихтисос)
  3. 11-нафар докторантон (аз рӯи ихтисос)
  4. 16- нафар унвонҷӯён (аз рӯи ихтисос)

таҳсили худро идома дода истодаанд.