Директори театри таълимӣ: Назаршоев  Шавкат
Барои тамос: индекс, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а , Бинои 2,
Тел: +992934001989
E-mail:
pamircinema@gmail.com
shavkat.nazarshoev@mail.ru
 


Дар Донишкадаи  давлатии  фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон  ба номи  Мирзо Турсунзода  театри  таълимӣ  фаъолият дорад.

Театри  таълимӣ   дорои  270  ҷойи  нишаст  буда,  масоҳаташ  421,9  м2 мебошад. Толори  театри  таълимӣ  барои  истифода  ба  ихтиёри  ихтисосҳои  донишҷӯёни режиссёрӣ, актёрӣ  ва  машғулиятҳои  оркестр,  хорсароён ва созҳои мардумӣ, ансамбл  ва   гузарондани  дигар  чорабиниҳои  оммавию  сиёсӣ   пешбинӣ шудааст. Театри  таълимӣ  дорои   саҳнаи  муҷаҳҳаз  буда, бо  гармидиҳӣ  пурра  таъмин шудааст. Ҳамчунин,  дар  театри  мазкур  тамоми шароитҳо  барои эҷоди асарҳои хуби  саҳнавӣ  мавҷуд  буда,  саҳна  бо  чароғҳои  равшанидиҳии  ранга, нуқтаҳои марказонидаи  идоракунии  садо,  сабти  овоз,  ҳуҷраҳои  чеҳрапардозӣ   пурра гардонда  шудааст.

Коргарони  театри  таълимӣ :
[su_table responsive=»yes» fixed=»yes»]

Ному насаб Вазифа
1 Назаршоев  Шавкат Директори   театри  таълимӣ
2 Назаршоев Манзур Равшандиҳанда ва техникаи саҳна
3 Нуров  Нодир Масъули толори «Арғунун»
4 Зоиров Навруз Ороишгар
2 Ёров Фирдавс Коргардони овоз ва киномеханик
6 Сайнурова Сайёра Тарроҳи  либос ва масъули либос
7 Пирон Сафаров Ороишгари саҳна
8 Мирзоҳакимов   Шавкат Аксбардор
9 Носиров Носир Аксбардор

[/su_table]