Мудири китобхона:

Гулов Саймумин  Сайдаҳмадович

Барои тамос:  ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73а
Тел: (+992)
E-mail:

 

 

 

 

[su_accordion]
[su_spoiler title=»ФАЪОЛИЯТИ КИТОБХОНАИ ИЛМИИ ДОНИШКАДА» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]

   Китобу китобхона аз рӯзи таъсисёбии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон  ба  номи  Мирзо  Турсунзода  дар  дили донишҷуён ва омӯзгорон ҷой гирифтааст.

   Китобхонаи илмии Донишкада яке аз сохтоҳои муҳими таълимию ёридиҳанда, ахборотӣ ва тарғиботии маданию маърифатии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода ба шумор меравад. Китобхона  соли 1973 баробари таъсисёбии Донишкада дар хобгоҳи донишҷуён таъсис дода мешавад. Баъдан бо  ташаббуси Факултаи китобдорӣ фаъолияти китобхона аз назди хобгоҳи донишҷуён ба Донишкада гузаронида мешавад. Дар ин давра фонди китобхона ба ду қисм: фонди умумӣ ва фонди нотавӣ тақсим карда шуда дар алоҳидагӣ фаъолият менамуданд.

   Баробари таъсисёбии Консерваторияи  миллӣ Тоҷикистон ба номи Т.Саттор якчанд ихтисосҳо аз  Донишкада рафтанд. Дар баробари рафтани ихтисосҳо аксарияти адабиёте, ки ба ин ихтисосҳо тааллуқ доштанд, аз  фонди китобхонаи Донишкада ба Консерваторияи миллӣ гузаронида шуданд.

   Роҳбарии фаъолияти китобхонаро дар таърихи мавҷудияташ Сайфиддин Бураков, Сайдалӣ Муҳиддинов, Ҳасанова Галина, Г.Простова, Шарипова Комила, Ҷураев Ислом, Файзов Садриддин, Насриддинова Умеда, Абдуллоев Ромиш, Абдулмуминзода Ситора, Зафари Шариф ва аз моҳи январи соли 2018 то моҳи июли соли 2019 бори дуюм Файзов Садриддин иҷро намуданд. Аз моҳи августи соли 2019  Надиров Сайзароб ба вазифаи Директори Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзодатаъйин гардид.

   Соли 2007 дар Донишкада  бинои  наву  замонавӣ  барои китобхона бунёд гардид. Ин бино ба талабот мувоқиф буда, дороӣ шароити мусоид барои мутолиаи хонандагон гардид. Хусусан, қироатхонаи китобхона хеле мусоид бунёд гардидааст. Аз  саҳар то бегоҳ кироатхонаро равшании табии-нури офтоб равшанӣ дода, дар ҳолатҳои зарурӣ аз равшании сунъӣ истифода бурда мешавад.

   Фаъолияти Китобхонаи илмии Донишкада айни ҳол тибқи қонуну қарорҳо ва фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти  китобдорӣ» (аз 01.08.2003), «Низомномаи Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода» ва «Нақшаҳои кории Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода» ба роҳ монда шудааст. Имрӯз китобхона вазифаи иҷтимоии хешро, ки пеш аз ҳама ҷалби хонандагон ба китобхона ва таблиғи маводи чопӣ мебошад, сарбаландони иҷро менамояд.

 

[/su_spoiler]

[su_spoiler title=» СОХТОРИ КИТОБХОНА» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]

   Сохтори  Китобхонаи илмии Донишкада мутобиқ ба “Низомномаи Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода”, ки аз ҷониби Шӯрои олимони Донишкада тасдиқ гардидааст, аз шуъба ва бахшҳои фонди умумӣ, фонди нигоҳдории депозитарӣ, хизматрасонии абониментӣ, фароҳамоварӣ ва коркарди адабиёт, хизматрасонии толори хониш, шуъбаи адабиёти мусиқӣ, китобхонаи электронӣ бо шабакаи интернет пайваст ва шуъбаи хизматрасонии китобхона дар хобгоҳи донишҷӯён иборат мебошад.

[/su_spoiler]

[su_spoiler title=» ФОНДИ КИТОБХОНА» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]

   Фонди Китобхонаи илмӣ, дар маҷмӯъ 58767 маводи чопиро дар бар мегирад. Аз ин 15300 адад китоб фонди ғайрифаъол буда, қисман аз рӯи мазмун куҳна гардида, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ намебошанд.  Ин навъи китобҳо дар “Фонди нигоҳдории депозитарӣ” аз адабиёти фаъол алоҳида нигоҳ дошта мешаванд.

   Дар фонди шуъбаи адабиёти мусиқӣ 9970 нусха адабиёти соҳаи мусиқӣ (1157 нусха китоб, 7475 нусха нота) нигоҳдорӣ мешаванд.

   Фонди китобии назди толори хониши китобхона 2600 нусха адабиётро дар бар мегирад, ки бештари ин китобҳо якнусхагӣ буда, танҳо дар толори хониш мавриди истифода қарор мегиранд. Аз толори хониш  барои маводро бо худ гирифтан танҳо нусхаи саҳифаи зарурӣ ба хонанда дода мешавад.

   Дар бахши фонди хизматрасони абонементӣ 33497 нусха адабиёти тахассусии соҳавӣ маҳфӯз мебошад.

   Фонди бахши хизматрасонии хобгоҳи донишҷуён 655 нусха адабиётро фарогир мебошад. Фонди китобии ин бахш хизматрасонӣ аз ҳисоби адабиёти тозанашр аз ҷумла, адабиёти бадеӣ ва тахассусӣ пайваста такмил меёбад.

   Низоми таснифоти фонди Китобхонаи илмӣ ҷадвалӣ буда, мутобиқ ба талаботи илми китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ бо силсилабандии соҳавӣ, вуруди алифбои русӣ ва тоҷикӣ бо истифодаи рақами сабтии фонд бо таснифи корҳои библиографӣ гузарондан дар назар аст, ки ба талаботи стандарт ҷавобгӯ гардад.

   Ташкили фонди адабиёти ғайрисуннатӣ яке аз талаботи ҷомеаи муосир ва технологияи иттилотии коммуникатсионӣ буда, дар Китобхонаи илмии Донишкада ин раванд ба роҳ монда шудааст. Дар ин фонд клавира, дискотекаҳо ва китобҳои электронӣ нигоҳдори мешаванд, ки тариқи барномаҳои махсуси компютери ба истифодабарандагон пешниҳод карда мешаванд.

   Бахши нигоҳдории фонди электронӣ-иттилоотии китобхона 5700 маводи шакли электрониро фарогир мебошад. Ҷиҳати самаранокии истифодабарии ин захираи электронӣ дар китобхона фаъолияти барномаи махсуси « Calibre – E —  Book» созмон дода шудааст, ки он тибқи системаи ягонаи дохилӣ ба роҳ монда шудааст.

[/su_spoiler]

[su_spoiler title=» ДАСТГОҲИ МАЪЛУМОТДИҲИИ БИБЛИОГРАФӢ» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]

Дастгоҳи маълумотдиҳии библиографии китобхона бо тарзи суннативу электрони ба роҳ монда шуда, пуррагии фонди китобхонаро дар бар мегиранд ва бо тариқи алифбоӣ созмон дода шудааст. Тибқи нақшаи  кории  Китобхонаи  илмӣ дастгоҳи маълумотдиҳии библиографӣ мутобиқ ба таснифи фонди китобхона ва фондсозии талаботи илмӣ аз нав мураттаб карда шуд. Инчунин, феҳристи комили таснифии электронӣ ва феҳристи суннатии фонди китобӣ барои истифодабарандагон ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин радиф корҳои феҳристнигории электронии фонди китобхона оғоз шудааст.

   Дар қисмати картотекаҳои мураттабии мақолаҳо бошад, маҷмӯи мақолаҳои устодон ва донишҷӯёни Донишкада мураттаб гардидааст. Барои комил гардонидани ин қисмати дастгоҳи маълумотдиҳии библиографӣ кормандони китобхона мақолаҳоро аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ тибқи стнадарти 7.1-2003 “Навиштаҷоти библиографӣ. Тасвири библиографӣ: Талаботи умуӣ ва қоидаи тартибдиҳӣ” тасвир менамоянд.

   Қисмати нашрҳои маълумотдиҳӣ-библиографии китобхона бо энсиклопедияҳои соҳавӣ ва уневерсалӣ, фарҳангҳо, луғатҳо, дастурҳои библиографии мавзӯӣ ва шарҳиҳолӣ ва ғайра комил гардонида шудааст.

[/su_spoiler]

[su_spoiler title=» ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ — ОММАВИИ КИТОБХОНАИ ИЛМӢ» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]

   Мутобиқ ба талаботи нақшаи кории Китобхони илмӣ дар толори хониш конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, семинарҳои илмӣ, вохӯриҳо бо аҳли илму адаб, маҳфилҳои фанни тахассусии кафедраҳо баргузор мешаванд. Аз ҷониби китобхона муҳтавои чорабиниҳои баргузоргардида тавассути сомонаи Донишкада www.ddst.tj манзури истифодабарандагон гардонида мешаванд. Ба ин восита истифодабарандагон метавонанд тавассути шабакаи  интернет бо навидҳои илмии китобхонаи Донишкада шинос гарданд.

[/su_spoiler]

[/su_accordion]