Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо  Турсунзода  толори  Арғунун  фаъолият  дорад. Ин толор  26 июни  соли  2011 бо  ташаббуси  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  пурра  таъмир    гашта,  ба  аҳли  ҳунар  тақдим  гардид.

Толори  Арғунун дорои  343  ҷойи  нишаст  буда, бо саҳна ва  лавозимоти гармидиҳӣ   (3 адад  кондитсионер),  пардаҳои  паҳлуи саҳна,  болои саҳна, пешпарда,  пардаи  қафо  бо  чароғҳои  равшанидиҳанда  (прожектор) дар паси саҳна, як ҳуҷра  барои  ивази  либос  ва  чеҳрапардозӣ  муҷаҳҳаз гардонда  шудааст. Толори  Арғунун  пурра  бо  камераҳои  назоратӣ ва садои бонги хатар таъмин  аст.