Санаи 25 апрели соли 2024 Емелянов Сергей Виталевич — директори театри миллии драмавии Россия (Александринский) дар шаҳри Санкт-Петербург, Науменко Алиса Викторовна — муовини директор ва доктори санъатшиносӣ Чепурин Александр Анатолевич ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ташриф оварданд. Дар даромадгоҳи донишкада меҳмононро Меҳриддин Холов — сардори раёсати робитаҳои байналмилалии донишкада пешвоз гирифта, барои анҷом додани мулоқоти судманд ба толори вохӯрӣ роҳнамоӣ намуд.
Меҳмонон аз ҷониби ректори донишкада профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин пазируфта шуда, миёни ҷонибҳо мулоқоти судманди таълимиву илмӣ ва эҷодӣ сурат гирифт.
Аввалан ректори донишкада Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ташрифи меҳмононро ба донишкада шодбошӣ намуда, доир ба самти фаъолияти донишкада ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи актёриву режиссура, инчунин дастовардҳои донишкада дар ин самт маълумоти лозимаро пешкаши меҳмонон намуд. Ёдоварӣ карда шуд, ки миёни донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавии Санкт-Петербург ба монанди Донишкадаи давлатии фарҳанги Санкт-Петербург соли 2014 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда буд ва соли 2023 барои 5 соли оянда тамдид карда шуд. Ҳамчунин донишкада бо Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римского-Корсаков ва Донишкадаи давлатии санъати саҳнавии Россия дар шаҳри Санкт-Петербург соли 2022 созишномаҳо ҳамкорӣ ба имзо расонида, ҳамкориҳои судманди илмиву таълимӣ ва эҷодиро ба роҳ мондааст.
Дар навбати худ Емелянов Сергей Виталевич — директори театри миллии драмавии Россия (Александринский) баъди муаррифии хеш ҳамроҳони худро ба ҳайати иштирокчиёни вохурӣ шинос намуда, доир ба самти фаъолияти касбиву таърихи театрашон маълумот дод. Қайд намуд, ки театри номбурда ҳануз соли 1756 таъсис ёфта, яке аз куҳантарин мактаби касбӣ дар тайр намудани мутахассисони соҳаи санъати театрӣ ва режиссура ба ҳисоб меравад, ки ҳамтои он дар Россия вуҷуд надорад. Ҳамчунин ҳадафу нақшаҳои ҳамкорӣ дар оянда бо донишкадаро пешниҳод намуда, иброз намуд, ки Театри миллии драмавии Россия (Александринский) бо мақсади рушди ҳамкориҳои соҳавӣ бо донишкада ва тайёр намудани мутахассисони варзида дар соҳаи акёрӣ ва режиссура ҳамкориҳои пайвастаро ба роҳ мемонад. Хусусан барои қабули хатмкунандагони донишкада тариқи буҷавӣ дар зинаи магистратураи муассисаи номбурда омодагии хешро изҳор намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо нисбат ба роҳандозии ҳамкориҳои соҳавӣ бештар таваҷҷуҳи хосса намуда, омодагии хешро барои дар оянда ба роҳ мондани чорабиниҳои эҷодии муштараки ҳузуриву ғайриҳузурӣ баён намуданд.
Пас аз вохӯрӣ меҳмонон аз синфхонаҳои махсуси таълимии соҳаи санъати театрӣ дидан намуда, бо донишҷӯён суҳбат оростанд. Дар ин раванд ба онҳо аз ҷониби донишҷӯён чандин этюдҳо ва намоиши хурди театрӣ нишон дода шуд. Ҳамчунин аз Театри таълимии донишкада дидан намуда, бо кори дипломии донишҷӯёни курси 4 ихтисоси актёрӣ шинос шуданд ва барои муваффақ шудани онҳо дар касбияту соҳаи хеш маслиҳату тавсияҳои касбиро пешниҳоди донишҷӯён намуданд.
Пас аз нисфирӯзӣ аз ҷониби доктори санъатшиносӣ Чепурин Александр Анатолевич бо донишҷӯёну устодони соҳаи санъати театрӣ ва режиссура дарси маҳорат баргузор карда шуд, ки доир ба омодакунии мутахассисони варзидаи мутобиқ ба талаботи ҷомеаи муосир равона шуда буд. Дар раванди дарси маҳорат миёни меҳмонон ва иштирокчиён доир ба талаботи театри муосир, ҷалби табошобин ба театр ва роҳҳои ноил шудан ба боварии тамошобин ҳамчун ҳунарманди соҳибкасб суҳбату муҳокимаронии хотирмон сурат гирифта, тавсияҳои мутахассисони соҳа қобили дастгирӣ буданд.
Меҳриддин Холов
Сардори раёсати робитаҳои байналмилалии
ДДФСТ ба номи М.Турсунзода