Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  иқдоми баргузории озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ», ки бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон дода  шудааст ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

   Мо иқдоми баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» — ро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар ин самт корҳои муайянро ба анҷом расонидем.Тибқи фармоиши ректори донишкада комиссия дар ҳайати  11 нафар  таъсис дода шуда оид ба баргузории озмун дар Донишкада нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуд. Мудирияти Китобхонаи илмии донишкада кулли адабиёти озмуниро доир ба номинатсияҳо ҷамъ оварда, рӯйхати онҳоро тартиб дод. Баъдан, намоиши китобӣ дар мавриди озмун ташкил карда шуд. Комиссия 29.04.2019 бо иштироки декани факултетҳо, мудирият ва омӯзгорони кафедраҳои «Филология» ва «Забонҳои хориҷӣ» ҷаласа баргузор намуд. Омӯзгорони кафедраҳои номбурда тасмим гирифтанд, ки дар интихоб ва баргузории озмунҳои факултетҳо ширкат варзида, аз онҳо натиҷагирӣ намоянд.

   Тибқи муқаррарот озмун дар факултетҳои театр, кино ва телевизион, фарҳангшиносӣ, мусиқӣ-омӯзгорӣ, китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ ва санъати мусиқии мардумӣ баргузор гардид, 15 нафар беҳтаринҳо барои иштирок  ба озмуни ноҳиявӣ тавсия дода шуданд.

   15- уми июни соли ҷорӣ донишҷӯёни интихобгардида дар озмуни ноҳиявӣ ширкат варзиданд. Дар натиҷа донишҷӯи курси 4 — уми шӯъбаи рӯзноманигорӣ Олимова Сайёҳат Тағоймуродовна дар номинатсияи адабиёти ҷаҳонӣ   ба озмуни шаҳрӣ роҳхат гирифт.