Нарзуллоев Баҳрулло Хайруллоевич:  муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва эҷодӣ
Барои тамос: индекс, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а , Бинои 1, Тел: (+992 37) 231-06-47; (+992)93.504.0990
E-mail: nbakhrullo@mail.ru

 

 

 


Нарзуллоев Баҳрулло Хайруллоевич — номзади илмҳои педагогӣ, дотсент 9- уми  июли  соли 1960  таваллуд шудааст. Соли 1977  ба шуъбаи суруд ва мусиқии  факултети корҳои маданӣ — маърифатии  ДДСТ  ба номи Мирзо Турсунзода (ҳоло ДДФСТ  ба номи Мирзо Турсунзода) дохил шуда, онро соли 1981 бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 1981 то ҳол дар вазифаҳои омӯзгори кафедраи тарбияи мусиқӣ, омӯзгори калони кафедраи санъати сарояндагӣ, мудири кафедраи тарбияи мусиқӣ, декани факултети мусиқӣ — омӯзгорӣ, ноиби ректор оид ба корҳои хоҷагӣ  ва аз  2 феврали  соли 2016 дар вазифаи ноиби ректори оид ба корҳои тарбиявӣ ва эҷодии ДДФСТ ба номи Мирзо Тусунзода кору фаъолият карда истодааст. Номзади илмҳои  педагогика, Аълочии маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қисми тарбиявӣ ва эҷодии   Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзод кори худро дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3-юми марти соли 2006, бо фармони №94  қабул шудааст, ба роҳ монда, мақсад аз он:
— дар амал татбиқ намудани амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тарбияи насли наврас равона карда шудаанд;
— тарбияи мутахассисони варзидаи дорои илму маърифати баланди фарҳангиву сиёсӣ;

— зери назорати доимӣ қарор додан ва  ба роҳ мондани кори тарбиявӣ дар факултетҳои донишкада ва роҳбарӣ намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии донишкада;

— татбиқи Қонуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳамкорӣ бо волидайн;
— ҷалб намудани ҷавонписарон ва духтарон ба иштироки фаъол дар чорабиниҳои оммавӣ — сиёсии донишкада ва берун аз он;
— ҷалби ҷавонон ба иштироки  фаъол  дар  чорабиниҳои варзишӣ ва тарбияи ҳаёти солим дар байни ҷавонписарон ва ҷавондухтарон;

— мунтазам ташкил намудани беҳтарин гулчини консертҳо дар толори консертии донишкада;

— ҷустуҷӯи роҳҳои нави пешниҳоди фаъолияти ҳунарӣ-эҷодии донишҷӯён;

— дар театри таълимӣ гирд овардани донишҷӯёни лаёқатманд ва таҳияи барномаҳои гуногуни эҷодӣ тавассути онҳо.

Дар қисми тарбияи донишкада Шӯрои ҳамоҳангсоз амал менамояд, ки дар ҳайати он инҳо фаъолият менамоянд:

 Бахшҳои корҳои тарбиявӣ;

 Иттифоқи касабаи донишкада;

 Шӯрои бонувони донишкада;

— Созмони ҷавонони донишкада;

— Шӯрои кураторон:—  Шӯрои бадеӣ;

— Дастаҳои ҳунарии донишкада.