Санаи 2-юми июли соли 2024 дар МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» барои кормандони китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касби ҷумҳурӣ ба итмом расид.

Курси такмили мазкур барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг, аз ҷумла соҳаи китобдорӣ, роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон–ватани азизи ман», «Илм–фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат», эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, саривақт дастрас намудани адабиёти лозима, истифодаи технологияи иттилоотӣ, рақамикунонии фонди китобхонаҳои мазкур, таҳияи дастурҳои библиографӣ равона гардида буд.
Дар анҷоми курси мазкур Ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки курси мазкур бо иштироки як гурӯҳ кормандони китобхонаҳои донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ оғоз гардида, тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагони курс машғулиятҳо вобаста ба масъалаҳои умдатарини соҳаи китобдорӣ ва библиографӣ аз ҷумла, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Роҳҳои мукаммалгардонии фонди китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», «Дурнамои рушди фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳо дар Тоҷикистон», «Равандҳои фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳои илмӣ», «Ташкили феҳристҳои анъанавӣ ва электронӣ дар китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», «Китобхонаи муосир: суннатҳо ва навгониҳо», «Нигоҳдорӣ ва ҳифзи фонди китобхонаҳо» ва «Санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии соҳаи китобдорӣ» омӯзонида шуд.
Дар интиҳои курси мазкур пас аз суҳбат-санҷиш ба шунавандагон шаҳодатномаи хатм супорида шуд.

Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо