ДУШАНБЕ, 09.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 15 декабри соли 2020 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифатӣ доир шуд. Озмуни мазкурро метавон мактаби худшиносӣ унвон кард. Зеро он имрӯз миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳаводорони зиёд пайдо намудааст. Дар озмун гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа – хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омӯзгорон, ходимони муассисаҳои фарҳангӣ ва ғайра хеле фаъол буданд. Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии…