Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар нимсолаи аввали соли 2026 бо ҳузури рӯзноманигорони телевизион, радио ва дигар матбуоти даврӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Нахуст ректори донишкада, профессор Назарзода Маҳмуд Мирзо намояндагони ВАО-ро ба донишкада, ки боргоҳи бунёдии фарҳанг ва санъати ҷумҳурӣ мебошад, хайрамақдам гуфта, нишасти матбуотиро ҳусни оғоз бахшид. Ректори донишкада оид ба натиҷаҳои фаъолияти МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар нимсолаи аввали соли 2026 ба намояндагони ВАО маълумоти дақиқ ва ҳамаҷониба дод.
Аз ҷумла масъалаҳои муҳим оид ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва вазъи шароити моддию техникии донишкада мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастовардҳои асосии муассиса дар ин давра муаррифӣ карда шуданд. Роҳбари муассиса оид ба нишондиҳандаҳои қабули донишҷӯён, хатми донишҷӯён, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, нашри асарҳои илмӣ, баргузории конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди инфрасохтори донишкада ва дигар самтҳои муҳими фаъолияти муассиса маълумоти мушаххасро ироа намуд.
Сипас, намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти донишкада, аз ҷумла ҷараёни қабули донишҷӯён, сатҳу сифати таълим, ҳамкориҳои байналмилалӣ, омода намудани кадрҳои соҳаи фарҳанг ва санъат, фаъолияти илмӣ, рушди пойгоҳи моддию техникӣ ва дигар масъалаҳои мубрам саволҳои худро пешниҳод намуданд. Ба ҳамаи саволҳои пешниҳодгардида аз ҷониби ректори донишкада ва масъулини дахлдор ҷавобҳои муфассал, асоснок ва қаноатбахш дода шуданд.
Дар маҷмуъ, нишасти матбуотӣ дар фазои созандаи ҳамкорӣ, ошкорбаёнӣ ва муколамаи судманд баргузор гардида, барои инъикоси воқеии фаъолияти донишкада дар воситаҳои ахбори омма, таҳкими ҳамкориҳои муассиса бо намояндагони расонаҳо ва дастрасии ҷомеа ба иттилооти расмӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар фарҷоми нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма аз роҳбарияти донишкада барои ҳамкории судманд ва пешниҳоди маълумоти муфассал изҳори сипос намуданд.