Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз падидаҳои нохуш ва номатлубе, ки ҳама соҳаи фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст ин амалҳои коррупсионӣ мебошад. Пеш аз ҳама, мо, бояд ба моҳияти ин калима, ҳамчун таъсири манфӣ расонанда, вайронкунандаи ҷомеа, бо пурра ба худ тобеъ кардани шахс, сўистифода аз мансаб, ришваситонӣ инчунин ришвадиҳӣ, зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ мебошад сарфаҳм равем ва маънои луғавии онро донем, ки мо ба чигуна фасод даст зада истодаем.
Аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат бо коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро дар ҳар баромаду мулоқотҳои худ махсусан таъкид менамоянд. «Фаромўш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда дар мубориза тамоми аҳли ҷомеа, волидайн, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад».
Ҳукумати кишвар, дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ намуда истодааст.
Набояд фаромўш кард, ки инсон аз модар сиёсатмадор, олим, муаллим, ҳуқуқшинос, муҳандис ва ғайра ба дунё намеояд. Ҷомеа ва муҳити солим ба оилаи солим вобаста аст. Инсон сараввал дар оила тарбия гирифта, дар ҷомеа — дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногундошта ташаккул меёбад. Барои эъмори давлати рушдёфта баъд аз оила маҳз маориф пойдевори асосӣ ба ҳисоб меравад.
Нахустин ҳолати қонунвайронкунӣ аз риоя накардани интизом ва рафтор аз ҷониби волидайн барои пуштибонии фарзандаш дар оила ба вуҷуд омада, дар муассисаҳои томактабӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар донишгоҳ, донишкадаҳо ва дигар корхонаву ташкилотҳо тариқи хешовандон, шахси сеюм дар ҳалли масъала ба назар мерасад.
Оид ба тарбияи фарзанд Муҳаммад Ғаззолӣ барои волидайн чунин овардааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар, дили фарзанд нафис асту нақшпазир ва чун замин пок аст, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ба саодати дину дунё расад падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, ба ҳарчӣ хоҳад нишинад ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».
Барои расидан ба ҳадафе, ки волидайн барои фарзандашон пеши худ гузоштаанд, бо тамоми қувваю ғайраташон кӯшиш мекунанд. Зеро набояд фаромуш кард, мушкилот ва муаммоҳое, ки дар замони муосир ба вуҷуд меоянд аз ҷавонон танҳо дониш, талошу кӯшиш ва таҷрибаро тақозо дорад. Дар роҳи расидан ба ҳадаф аксар вақт хешутаборӣ, шиносоӣ, ришва ё тӯҳфаҳои арзишнокро пеша намуда, кӯшиш мекунанд бо роҳи осон ва дар мӯҳлати кутоҳ ҳалли масъаларо дарёбанд, аз ин рў ба коррупсия даст мезананд. Ин амалҳо ба тақдири баъзе шахсон дар ҷомеа метавонад таъсири манфӣ расонад.
Оқибатҳои манфии коррупсия ва сари вақт пеши роҳи ин ҳодисаҳои коррупсиониро нагирифтан албатта дар ҷомеа монеа, нобаробарӣ эҷод намудан дар фаъолияти онҳо, нобаробарии иҷтимоию иқтисодӣ ва паст шудани сатҳи зиндагии қисми бештари аҳолӣ, зарар ба рушди соҳаҳои фарҳанг, тандурустиву кишоварзӣ, маориф ва ғайра оварда мерасонад.
Дар бартарафкунии ин амали номатлуб дар ҷомеа ва барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви Созмони Милали Муттаҳид як қисми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, 25 сентябри соли 2006 ба ин Конвенсия оид ба мубориза бо коррупсия ҳамроҳ шуд.
Ҳамчунин, аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури «Мо бар зидди коррупсия дар соҳаи маориф», ки соли 2024 ба табъ расонида шудааст, дар он амалҳои даст задан ба коррупсияро шарҳ додаанд. Дастур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» (аз 7-уми августи соли 2020, №1714) ва дар моддаҳои он намудҳои даст задан ба коррупсияро дар соҳаи маориф бо роҳи тамаъҷуйӣ, мукофоти ғайриқонунӣ, додани пора тариқи миёнарав ва ғайра фаҳмида мешавад, бо ҷавобгариҳои он муфассал фаҳмонда дода, амалҳои номатлубро дар ҷомеа маҳкум менамояд.
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар кафедраи бойгонишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ доир ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани самаранокии тарғибу ташвиқи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ ҷаласаҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо волидайни шогирдон ва дар соатҳои тарбиявӣ дар гурӯҳҳо бо рӯнамоии мавзуи «Мо бар зидди коррупсия дар соҳаи маориф» гузаронида мешавад.
Хатарҳои коррупсия:
Коррупсия — яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди умумимиллӣ, пешрафти иқтисод, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳсуб меёбад;
Коррупсия — боварии шаҳрвандонро ба давлат ва ояндаи нек коста мегардонад;
Коррупсия — унсури ҷинояткории муташаккил;
Коррупсия — тарзи дилхоҳи қасдан вайрон кардани ваколатҳои хизматӣ аз ҷониби шахси мансабдор;
Коррупсия — суиистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои ба даст даровардани фоида бо мақсадҳои шахсӣ;
Коррупсия — ба сифати таълим таъсири манфӣ расонида маҳдудиятро дар андўхтани дониш ба миён оварда, адолатро аз байн мебарад;
Коррупсия ин на танҳо порагирӣ балки порадиҳӣ низ мебошад.
Бо дарназардошти эмин мондан аз хатарҳои дар боло зикршуда мо омўзгорон, волидайн ва ҷомеаи шаҳрвандиро мебояд, бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлуб дар ҷомеа муборизаи беамон барем. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор дода, барои зиндагии шоиста дар рушди ҷомеа камари ҳиммат бандем ва дар тарбияи ҷавонони ояндасози Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.
Мудири кафедраи бойгонишиносӣ,
номзади илмҳои таърих, дотсент
