Имрӯз саросари дунёро бемории каронавирус фаро гирифтааст. Хушбахтона ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беморӣ расман ба қайд гирифта нашудааст. Аммо овозаҳои бардурӯғеро душманони миллати тоҷик барои руҳияи мардумро ноором сохтан дар торномаҳои интернетӣ паҳн мекунанд. Мусаллам аст, ки ин овозаҳоро аъзоёни собиқ ҲНИТ ва тарафдорони онҳо, ки пешрафти Тоҷикистон боиси аланга задани оташи рашку ҳасадашон мегардад, паҳн мекунанд.
Баррасиҳои ҷомеашиносон нишон медиҳанд, ки ҲНИТ бо наздикшавии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ пайи пиёда намудани ҳадафҳои гуногуни нопоки хеш бо ҳар васила талош меварзад, ки ҷомеаро ноором намояд. Махсусан, роҳбарияти ҲНИТ ба вижа М. Кабирӣ кӯшиши бештаре ба харҷ медиҳад, ки мақомоти давлатиро сиёҳ намояд. Аъзои ҲНИТ хидмати холисонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки пайваста дар роҳи таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор, рушди бемайлони соҳаи маорифу тандурустӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, бахусус озодиҳои эътиқодии мардуми мусалмон, талош меварзад, нодида мегиранд.
Овозаҳои бардурӯғе ки аҳли ҳизб ва тарфдоронашон паҳн мекунанд, ин идомаи мантиқии корҳои ифротгароёнаи онҳо мебошад. Хушбахтона бо шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи комил таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар бахшҳо амнияти кишвар хеле қавӣ гардидааст ва сиҳативу саломатии сокинони кишвар пурра таҳти назорат қарор дорад.
Аз воқеаҳои нангин бармеояд, ки ифротгароиву хурофотпарастӣ оқибати ногувор дорад. Аммо солҳои охир дар байни насли ҷавон ифротгароӣ ба як бемории сирояткунандае табдил ёфтааст. Дар табобати ин беморӣ ба қавли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро ба қавли мутафаккири бузурги форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ:
Мунағғас бувад айши он тандуруст,
Ки бошад ба паҳлӯи бемори суст.
Аз ишораи Саъдии Шерозӣ бармеояд, ки айши он инсони тандурусте, ки дар паҳлӯи ӯ бемори сусту заиф, нола мекунад, ҳамеша хираву ногувор аст. Ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ин худаш як бемориест, ки ба айши ҷавонони тандурусту лаёқатманди кишвари озоду ободамон халали ҷиддӣ ворид менамояд ва чунон ки дидем оқибатҳои ногуворро рӯйи кор оварда, рифоҳу осудагии мардумро барҳам мезанад.
Дар ин сурат ҷомеаро лозим меояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи чаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.
Мо шаҳрвандони кишвари офтобиамонро зарур аст, ки ба ҷиноят ва хархашаҳое, ки аз ҷониби тангназарони миллати тоҷик содир мегардад бетарафӣ зоҳир нанамоем. Зеро андешамандони тоҷик сокинони кишварро хотирнишон месозанд, ки фирефтаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ нашаванд, чун ки намояндагони ин ҳаракатҳо мақсади ниҳоиашон ин аст, ки дар зери ниқоби дини мубини ислом ғаразҳои нопоки хешро амалӣ намуда вазъи ҷомеаро ноором намоянд.
Таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ таъсири манфии худро на ин ки ба як давлат ё минтақа, балки ба тамоми гӯшаву канори дунё мерасонанд. Мушкилоти асосии даҳсолаҳои охиринро ҳамин таҳдидҳои навини олам ташкил медиҳанд. Ба қатори чунин таҳдидҳо‚ пеш аз ҳама‚ терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, СПИД, қашшоқӣ, масоили экологӣ, фурӯши ғайриқонунии одамон ва дигар масъалаҳо дохил мешаванд. Ҳарчанд ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри аз байн бурдани ин хатарҳо кӯшишҳо намуда истодааст, вале пурра аз байн бурдани чунин хатарҳо ғайриимкон аст. Ба замми ин‚ таҳдидҳо дар ҷаҳон сол то сол афзоиш ёфта, амнияту оромии ҷаҳонро халалдор месозанд. Бинобар ин, сокинони кишварро лозим аст, ки аз имконияту шароити фароҳами имрӯза пурра истифода бурда, саҳми арзандаи хешро дар ҷомеаи навини тоҷик гузоранд. Қабл аз ҳама зиракиву ҳушёрии сиёсиашонро аз даст надиҳанд ва пеш аз ҳар як корро пеша кардан бо тааммул андеша намоянд, зеро таҷрибаи бойи ниёгони мо нишон додааст, ки инсонҳои тааммулпазир ба ҳадафҳояшон мерасанд. Аз ин рӯ ба андешаи мо яке аз роҳҳои асосии миллату давлатро аз аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ эмин нигоҳ доштан насли наврасро дар рӯҳияи худшиносӣ, худогохӣ ва хуввияти миллӣ тарбия намудану ба кору амалҳои нек ҷалб кардан аст.
Чурғосиев М.- омӯзгори МДТ
«Донишкадаи давлатии фарҳанг ва
санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода »