Аҳмият  ва  нақши  китоб  аз  қадим  маълум  буд  Зеро  таърихи  рушди  ҷомеаи  инсонӣ  исбот  сохтааст , ки  бе  китобу  китобдорӣ  дар  ҳамаи  давру  замон  пешрафти  давлатдорӣ  ғайри  имкон  аст . Дар  марҳилаҳои  мухталифи  таърихӣ  шахсонеро, ки  ба  китобу  китобдорӣ  машғул  будаанд , ашхоси  босаводу  бофарҳанг  ҳисоб  мекарданд. Онҳое , ки  ба  масъалаҳои  омӯзиши  фаъолияти  китобдорӣ, таҳлил  ва  дурнамои  масъалаҳои  ин  соҳа  сару  кор  доранд, китобхонашинос    меноманд . Яке  аз  чунин  шахсон , ки  тамоми  фаъолияти   меҳнатии хешро  баҳри  рушду  нумӯи  илми  китобхонашиносӣ   тоҷик  ва  тайёр  намудани  мутахассисони   баландихтисос  бахшидааст, Ҷелмат Шерматзода мебошад.   Ҷелмат Шерматзода 9-августи соли 1954 дар деҳаи  Дар-дари ноҳияи Айнӣ вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1976 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо дипломи аъло хатм намуда, соли 1976 дар  кафедраи китобхонашиносии Донишкадаи мазкур ба ҳайси омӯзгор  ба кор шурӯъ менамояд.
   Солҳои 1978-1979 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ фаъолияти худро ба хайси директори маҷмӯи китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Айнӣ идома медиҳад. Бо ташаббуси ӯ нақшаи ҷорӣ ва дурнамои фаъолияти китобхона тарҳрезӣ шуданд. Тамоми маводи коргузорӣ ба забони тоҷикӣ таҳия гашта, низоми хадамоти китобдорӣ дар китобхонаи марказӣ ва филиалҳои он сифатан беҳтар шуд.
   Ӯ бо истифида аз имконоти мавҷуда, дониши назариявӣ ва таҷрибаи омӯзгории худро дар амалияи кори китобхонаҳо санҷид. Бо ҳамин восита ӯ ба вазъи кори китобхонаҳои деҳот, пуррагию камбудии захираи китоб, раванди ташрифи хонандагон ба китобхона, гуногунии рағбатҳои хонандагон, сатҳи дониши касбии китобдорон, заминаи моддию техникии китобхонаҳо ва мушкилоти мавҷудаи онҳо аз наздик ошно гардид. Ҷелмат Шерматзода ба ҳайси роҳбар ва муҳаққиқи ҷавон вазъи китобхонаҳои ноҳия, бахусус деҳотро мавриди омӯзиш қарор дод ва шояд ҳамин омӯзиш роҳи минъбадаи фаъолияти илмии ӯро муайян ва барои интихоби мавзӯи рисолаи номзадии эшон таҳкурсӣ гузошт.
   Соли 1980  Ҷелмат Шерматзода фаъолияти худро дар кафедраи китобхонашиносии Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода идома медиҳад.
   Соли 1982 вай ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишкадаи давлатии маданияти Москва дохил мешавад. Таҳсил дар ин боргоҳи илму ҳунар ба ӯ имконият дод, ки дар муддати начандон тӯлонӣ нақшаҳои илмии хешро амалӣ созад. Ӯ рисолаи номзадиро доир ба мавзӯи «Китобхонаи деҳот ҳамчун субъекти тарбияи ҳуқуқии ҷавонон» дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи номзадии илмҳои педагогӣ мушарраф гардад.
    Қобилияти кордониву масъулитшиносии Ҷелмат Шерматзодаро ба эътибор гирифта, ӯро декани факултаи китобдории Динишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъин намуданд. Дар ин вазифа ӯ аз соли 1991 то соли 1997 фаъолият намуд.
   Дар сохтори нақшаи таълимӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд. Масалан, мувофиқи нақшаи таълимии соли 1984 факультаи китобдорӣ мутахассисонро аз руи 3 тахассус: «Китобхонашиносӣ ва библиографияи адабиёти бадеӣ ва адабиёт оид ба санъат», «Китобхонашиносӣ ва библиографияи адабиёти ҷамъияти сиёсӣ», «Китобхонашиносӣ ва библиографияи адабиёти бачагона» тайёр мекард. Ӯ дар нақшаи нави таълимии соли 1991 ба ин тахассусҳо тағйирот ворид намуда, ба ҷои се тахассуси пешина тахассусҳои нав: «китобдори китобхонаҳои илмию оммавӣ», «китобдори китобхонаҳои техникию кишоварзӣ» ва «китобдори китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ»-ро дохил намуд.
   Соли 2005 Ҷелмат Шерматзодаро Директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд. Таҳти сарварии ӯ    Пажуишгоҳ чун муассисаи илмию таҳқиқотӣ ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардид. Мазмуну мундариҷаи фаъолияти бахшҳои он ба талаботи воқеии илм ва ақоиди асосии рушди фарҳанги мамлакат мувофиқу созгор карда шуданд.
   Дар радифи дигар корҳои Пажуишгоҳ, ки бештари онҳо бо ташаббуси Ҷелмат Шерматзода ба сомон расиданд, таъсиси маҷаллаи илмию оммавии «Фарҳанг ва ҳунар» муҳимтарин дастовард дар соҳаи фарҳанг маҳсуб меёбад.
   Теъдоди асарҳое, ки Ҷелмат Шерматзода дар таҳияю таҳрири онҳо саҳм гузоштааст қариб ба 30 номгӯй расида, 125 ҷузъи чопиро ташкил медиҳанд. Устод Ҷелмат Шерматзода дар ҷодаи каломи бадеъ низ қувваозмоӣ кардааст. Аввалин ҳикояву шеърҳои ӯ ҳануз айёми наврасиаш дар саҳифаҳои рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» чоп шудаанд.
   Шодравон дар тартибу таҳияи чандин лоиҳаҳои асноди қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг бевосита ширкат варзида, дар рушду такомули сиёсати фарҳангии мамлакат саҳми арзанда гузоштааст.
   Хизмати Ҷелмат Шерматзода дар рушду такомули илми китобдории тоҷик, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа хеле калон аст. Гурӯҳе аз шогирдони ӯ номзад, доктори илм, дотсент ва профессор мебошанд.
   Ҷелмат Шерматзода аз зумраи шахсони бофарҳангу накӯгуфтор, ҳалиму хоксор, масъулиятшиносу ҳалолкор ростқавлу покизаниҳод буд.
   Осори гаронбаҳои ин марди фозил ки саршор аз нукоти омӯзанда аст, барои баланд бардоштани сатҳи дониши касбии донишҷӯён ва мутахассисони соҳа мусоидат хоҳанд кард.
   Дар  ин  мақолаи  кӯтоҳ  шояд  ман  аз  ӯҳдаи  ифшои  тамоми  хислатҳои наҷиб  ва  таҳлили  бисёр ҷанбаҳои  муҳимми  эҷодии  устоди  азиз  Ҷелмат Шерматзода баромада  натавонистам , вале  яқин  аст , ки  дигар шогирдон , дӯстону  ҳаммаслакон  ин  фосиларо  бо  ихлосу  самимияти  хеш  тай хоҳанд  кард.
   Солҳои донишҷӯйи сипарӣ шуду соҳиби номаи камол шудем ва эҳсос менамоем, ки ҳар яке қарздорем пеши Ватан, пеши фарзандони халқи азиз. Кушиш менамоем, ки амсоли устодони хеш дар тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар, тарғиби китоб ва ҷалби хонанда ба китобхона ҳиссаи арзандаи хешро гузорем, чунки танҳо ва танҳо китоб метавонад роҳи ояндамонро рушан созад.
Зафари  Шариф,
мудири кафедраи китобхонашиносӣ
ва  библиографишиносии
ДДФСТ ба  номи  Мирзо Турсунзода.