Таҳкими ҳамкориҳои неку судманд, дӯстиву бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз саъю талош ва ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифтаанд. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, 9 марти соли 2018 ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 17 августи соли 2018, ба таҳкими равобити ҳасана ва ҳамкории ду кишвари дӯсту бародар такони ҷиддӣ бахшиданд.
Имзои як қатор созишномаҳои нав, бавижа санади калидӣ ва заминавӣ — Созишнома оид ба шарикии стратегӣ дар равобити гуногунҷанбаи ҳарду кишвар заминаи боэътимод гузоштанд. Танҳо дар доираи форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории ҷонибҳо, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон доир гардид, ҳабдаҳ санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз шашсад миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид. Ин санадҳо заминаи пешбурди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳ ва шакли сифатан нав муайян мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пазироии самимии меҳмони олиқадр — Шавкат Мирзиёев дар Қасри Миллат зикр сохтанд, ки “нахустин сафари давлатии Шуморо ба Тоҷикистон ба ҳайси Сарвари давлати Ӯзбекистони бародар ҳамчун сафари таърихӣ дар муносибатҳои мутақобилаи дӯстонаи халқҳоямон арзёбӣ мукунем”. Ҳамзамон, таъкид карданд, ки рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад.
Сарвари давлат саҳми бузурги халқҳои тоҷику ӯзбекро дар рушди фарҳанги миллии якдигар мусбат маънидод намуда, иброз доштанд, ки «мо ба «Шашмақом» ҳаёти дубора бахшидем ва бо қарори ЮНЕСКО ин намуди санъати аҷдодони мо мероси маънавию фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек эълон гардид. Устодони бузурги мақом Ҳоҷӣ Абдулазиз Самарқандӣ, Бобоқул Файзуллоев ва Фазлиддин Шаҳобов дар тарбияи садҳо нафар ходимони санъати халқҳои мо нақши муҳим бозиданд. Мактаби иҷрои мақоми онҳо то ҳол дар Тошканду Бухоро, Самарқанд, Хеваву Фарғона, Душанбеву Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент ва Исфара фаъолият мекунад ва далели равшани робитаҳои дӯстона ва ҳамкории самараноки ходимони фарҳангии халқҳоямон мебошад».
Ёдрас мешавем, ки баъд аз сафари таърихии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар равобити дӯстонаи байни халқҳои ҳарду кишвар ва пешрафти соҳаҳои гуногун, бавижа фарҳангу санъат саҳифаи тоза боз гардид. Дар ин замина, байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва муассисаҳои таълимии соҳаҳои фарҳанг ва санъати ҳамсоякишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Аз ҷумла, дар доираи баргузории Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии ИДМ”, 28 октябри соли 2019 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маросими баимзорасии Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон” ва Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” баргузор гардид. Ҳадафи асосии созишнома таъмини мубодилаи иттилоот дар соҳаи санъати мусиқӣ, мусиқишиносӣ ва таҳсилоти мусиқӣ, гузарондани таҳқиқоти илмии муштарак дар самти масоили мусиқӣ ва омӯзгорӣ (“устод-шогирд”) ва нашри натоиҷи таҳқиқот ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ, ифтитоҳи филиалҳои марказ дар ҳарду муассиса барои ҳамкориҳои муштараки самаранок ҷиҳати рушди санъати мусиқии миллии классикии Шашмақом мебошад.
Тибқи санади мазкур ташкил ва роҳандозии тарҳҳои муштараки эҷодӣ, сафарҳои ҳунарӣ, фестивалҳои байналмилалӣ, форуму симпозиумҳо, озмуну консертҳо; гузарондани дарсҳои маҳорат, семинарҳои илмӣ-амалӣ ва шабҳои эҷодӣ бо мусиқинавозони маъруф, сарояндаҳо, композиторони шакли анъанавии ҳарду тараф; гузарондани табодули таҷриба байни устодони санъат ва бастакорон; ташкили консертҳои алоҳида ва муштарак бахшида ба мусиқии классикии анъанавии Шашмақом бо иштироки машшоқони бомаҳорат ва вокалистони шакли анъанавӣ, ансамблҳои мақомхонҳо, устодони маъруфи санъати мақом ва композиторони шакли анъанавии ҳарду ҷониб дар саҳнаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон; иштироки ҷонибҳо дар конфронсҳои илмӣ-назариявӣ, симпозиумҳо, семинарҳои илмӣ, мизҳои мудаввар ва машваратҳо; нашри муштараки матолиби илмӣ ва методӣ, инчунин табодули таҷрибаи илмӣ ва адабиёти таълимӣ-методӣ; ҳамкорӣ оид ба иштирок дар барномаҳои байналмилалии бадеӣ, илмӣ таҳсилот ва ғайра ба роҳ монда мешаванд.
Дар доираи ин фестивали байналмилалӣ ба иштирокчиёни фаъоли барномаи илмӣ — амалии фестивал, аз ҷумла ба Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Замира Суюнова, профессор Соҳибҷон Бегматов, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Гузал Халиқулова, Ходими хизматнишондодаи Ӯзбекистон Тухтасин Ғафурбеков, Ҳунарманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдураҳмон Холтоҷиев, профессори Донишкадаи миллии санъати тасвирӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзоди Академияи рассомии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Усмон Карабоев, ки бо омӯзгорону донишҷӯён дарсҳои маҳорат гузаронданд, дипломҳо тақдим гардиданд.
Дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии илмӣ — назариявӣ ва амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои санъат ва фарҳанг дар осори мероси таърихии мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ», ки моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Тошканд баргузор гашта буд, байни МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар доираи Конференсияи байналмилалии «Саҳми сарварони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар таҳкими дӯстӣ, некуҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносибатҳои шарикии стратегии миёни ӯзбекон ва тоҷикон», ки 14 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон ба имзо расид.
Ҳамзамон, 26-уми апрели соли 2021 Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ва Академияи мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо шуд, ки дар рушди жанрҳои суннатӣ, хусусан “Шашмақом” такони ҷиддӣ мебахшад.
Хотирнишон месозем, ки дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон олимону мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон саҳми назаррас доранд. Масалан, Ходими хизматнишондодаи Ӯзбекистон, устод Тӯхтасин Ғафурбеков дар давоми солҳои зиёд раисии комиссияи имтиҳонҳои давлатии донишкадаро ба зимма доштанд. Бо тавсия ва пешниҳоди он кас аксари олимони машҳури соҳаи санъатшиносии тоҷик ба аспирантураи Консерваторияи Ӯзбекистон, ки дар Осиёи Миёна ягона буд, дохил шуда, рисолаҳои илмии худро дифоъ карданд.
Айни замон дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” 83 нафар донишҷӯ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бояд зикр намуд, ки шумораи довталабон ва хоҳишмандон барои таҳсил дар донишкада аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон сол ба сол рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст.
Таҳкими равобити самарабахши ду давлати ҳамсоя — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар арсаҳои гуногун на танҳо ба манфиати ду мамлакат, балки барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа низ нақши калидӣ мебозад. Зеро тоҷикон ва ӯзбекон ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрӯз нигоҳ доштаанд. Бошад, ки ин анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ, мисли муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ то абад ҷовидон бимонанд.
Муҳриддин НИЗОМӢ,
ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати
Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”,
доктори илмҳои филологӣ, профессор