Устод Мирзо Турсунзода ҳамчун шоир ва донишманд, арбоби ҷамъиятӣ ва публитсист ва вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузарондааст. Агар мо ҷараёни зиндагии ин марди бузургро аз ибтидо то охир аз назар гузаронем, равшан мебинем, ки он намунаи олии пайванди фаъолияти шоир бо ҳаёти халқ мебошад. Шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода аз ғояҳои олии ватанпарастӣ ва инсондӯстӣ саршоранд. Дар эҷодиёти ӯ мавзӯи Ватан бо тамоми бузургӣ ва зебоияш тасвир шуда, мақоми асосӣ дорад. Силсилаи шеърҳои ба табиати диёр, манзараҳои нотакрор ва рӯду обшорон бахшидаи шоир самимияту садоқати ӯро ба сарзамини азизаш ифода месозанд.
Аз рӯи достонҳои ӯ филмномаву намоишномаҳои театрӣ ва асарҳои зиёди симфониву операвӣ таҳия шудаанд. Ба шеъру сурудҳои устод бастакорон оҳанг бастаанду ҳофизон сароидаанд. Силсилаи сурудҳое, ки Артисти халқии Иттиҳоди шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов аз эҷодиёти ин мунодии сулҳу дӯстӣ сурудааст, моҳияти фалсафӣ ва шаҳрвандии суруди муосири тоҷикро ифода мекунанд. Аз суруди «Оҳанрабо», ки нахустин оҳанги Ҷӯрабек Муродов ба шеъри устод буд, то «Замин», «Ватан», «Ганҷинаи сурудҳо», «Ҳамин кофист», «Нонреза», «Дараи арӯсон», «Дили модар» ва ғайра омезиши шеъри баланд ва оҳанги марғубро нисбат ба замон таҷассум мекунанд. Бахусус, сурудҳои «Ватан» ва «Замин», ки маромномаи шоир ва сароянда мебошанд.
Вақте ки Ҷӯрабек Муродов суруди «Ватан» — ро бори аввал дар фурудгоҳи Монреал барои устод Мирзо Турсунзода ҳамчун бозёфти эҷодӣ ва барои гузаштан аз имтиҳони эшон мехонад, муаллими бузургвор бо самимият ва ризоият ин оҳангро меписандад ва сарояндаи мумтозро муборакбод менамояд. Ва баъд, вақте ки ӯ ин сурудро бори дувум дар саҳнаи Монреал барои тамошобинон месарояд, аз миёни толор гиряи дардолуди касе ба гӯш мерасад. Баъдтар маълум мешавад, ки дар як маҳаллаи шаҳри Ню — Йорк наздик ба ҳаштод оилаи форсзабонон, аз ҷумла тоҷикон зиндагӣ мекардаанд ва аз ҷумлаи онҳо ҳашт нафар ба мошинҳо савор шуда, масофаи 1400 километрро тай намуда, худро аз Ню-Йорк ба Монреал расондаанд, то садои ҳамзабонони худро бишнаванду ёде аз Ватан кунанд.
Шоир таъкид месозад, ки Ватан, обу ҳавои он, садои рӯдҳои хурӯшонаш барои ҳар як соҳибватан азизу гиромианд. Ин сарватҳои бебаҳо дар ҳар куҷо, ки бошем, ҳамроҳу ҳамнафаси моянд ва моро ба сӯи Ватан мехонанд. Фарзандони бовафои Ватан, ки дар канори он зиста, аз обу ҳавои форами он нафас гирифта, садои дилнавози рӯдҳояшро шунида, ба камол расидаанд, ҳар ҷо, ки бошанд, ёди Ватан мекунанд.
Модарон ва бонувони покгуҳари тоҷик, ки шоир дар васфи онҳо бо камоли муҳаббат ва эҳтироми хосса шеъру тарона эҷод намудааст, дар матонат ва зебоӣ камназиранд. Модарномаҳои Мирзо Турсунзода, ки дар тамоми марҳилаҳои фаъолияти эҷодиаш идома ёфтаанд, аз лиҳози иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дар назми муосири тоҷик як равияи тозаро ташаккул додаанд. Ба шеърҳои дар васфи модар эҷодкардаи устод, аз ҷумла «Модарам», «Дасти модар», «Дили модар», «Бигзор зан бошад мудом», «Зан агар оташ намешуд» ва ғайраҳо композиторони тоҷик оҳангҳои дилчаспу гуворо баста, пешкаши тамошобинон гардондаанд, ки ҳанӯз ҳам дар қалбҳо маҳкам ҷой доранд.
Хизматҳои Мирзо Турсунзода дар рушд ва ташаккули намудҳои гуногуни драматургияи тоҷик (инсенировка, пйеса, драмаи мусиқӣ, либреттои опера ва балет, киноповест) ва ғайра низ хеле назаррас аст. Драмаи мусиқии Исёни Восеъ (соли 1938, якҷо бо А. Деҳотӣ) ба репертуари миллии театрҳои драмавии Тоҷикистон ворид гардидааст. Либреттои операи «Шӯриши Восеъ» (соли 1940, якҷо бо А. Деҳотӣ, мусиқии Сергей Баласанян), либреттоҳои операи «Тоҳир ва Зуҳро» (соли 1943) ва операи лирикию мазҳакавии «Арӯс» (соли 1945, оҳанги А. Ленский), либреттои балети «Писари Ватан» (соли 1967, якҷо бо бастакор О. Тер-Осипов) репертуари Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айниро ғанӣ гардониданд.
Назми ҳазорсолаи мо ҳамеша бо мусиқӣ сахт пайванд буда, суханварон ҳамеша ба мусиқӣ дилбастагии зиёд доштанд ва дар бисёр мавридҳо навозандагию сарояндагӣ ҳам мекарданд. Мирзо Турсунзода низ аз қабили онҳое ба шумор мерафт, ки мусиқии классикиро, махсусан «Шашмақом»-ро бо тамоми банду басташ, ҷузъиёти шохаҳояш аз худ карда буд. Ӯ ҳанӯз дар овони ҷавонӣ шашмақомхонии мардумро шунида, аз ҳунар ва санъати халқ лаззат мегирифт ва ба ин фарҳанги ноб дилбастагии бепоён пайдо карда буд.
Дар натиҷаи шиносоии наздик бо аҳли санъат ва ҳунар, таваҷҷуҳи доимӣ ба эҷодиёти онҳо, мутолиаи пайваста дар заминаи таърихи санъат ва дӯстӣ бо санъаткорони халқӣ, устод чунин донише пайдо кард, ки дар байни устодони бузурги «Шашмақом» ҳамчун ҳаками босалиқа обрӯ ва эътибори комил пайдо намуд.
Эҷодиёти арбоби ҷамъиятӣ, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо, Қаҳрамони меҳнат, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва осори лирикии ӯ олами эҳсосу афкореанд, ки бо гуногунрангии худ ба мардум рӯҳу тавони тоза мебахшанд.
Композитори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ дар китоби «Васлгари дилҳо» лаҳзаеро аз эҷодиёти шоири хушсухан ёдовар шудааст, ки дар бораи эҷоди суруди «Офарин» шаҳодат медиҳад. Суханони зерини Зиёдулло Шаҳидӣ алоқаи хеле қарини шеъру сухан ва оҳангро таҷассум менамояд, ки он дар симои шоири тавонои тоҷик инъикос гардидааст. Ин лаҳзаро Шаҳидӣ чунин тасвир намудааст:
— Ашъори диловези Мирзо Турсунзода мавқеи сазоворе дорад. Тобистони соли 1945 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира — ш. Ваҳдат) нахустин мисраҳои шеъре, ки имрӯз ба ҳама ҳамчун суруд маълум аст, ба забони Турсунзода омад:
Офарин бодо шуморо, паҳлавонон офарин,
Марду занҳои далери Тоҷикистон офарин.
Шоир раҳораҳ ҳамин мисраъҳоро такрор намуда, ба ман рӯй овард: «Шаҳидӣ, то ба колхоз расидан шеърро ба охир мерасонам. Хуб мешуд, агар оҳанге фикр мекардед». Хулоса, то ба колхоз расидан шеъру оҳанг тайёр шуд ва дар консерт ин суруд садо дод.
Зиёдулло Шаҳидӣ, инчунин ба шеърҳои устод Мирзо Турсунзода «Шаҳри мо» ва «Ба дилбар» низ оҳангҳои марғуб бастааст.
Устод Мирзо Турсунзода солҳои 1934 — 1936 роҳбари адабии Театри мусиқиву драмавии ба номи А. С. Пушкин (ҳоло — Камоли Хуҷандӣ)-и шаҳри Хуҷанд буд. Солҳои 1943 — 1946 ба ҳайси сардори Раёсати санъати Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Аз соли 1946 то охири умр Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 1956 Мирзо Турсунзода матни филми «Ман бо духтаре вохӯрдам»-ро эҷод намуд. Ба сурудҳои ин филм — «Суруди Саид», «Суруди чойхоначӣ», «Суруди Меҳринисо», «Суруди Зулфия», «Суруди ҷавонон», «Дар субҳи тиллоӣ» оҳангсоз А. Бобоев оҳанг бастааст. Матни ин сурудҳо ба қалами устод тааллуқ доранд. Мирзо Турсунзода яке аз аввалин суханвароне буд, ки драмаи «Шӯриши Восеъ»-ро ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ офарид. Дар асоси ин асар нахустин операи миллӣ дар таърихи санъати тоҷик эҷод гардид, ки дар аввалин Даҳаи санъати Тоҷикистон дар шаҳри Москва намоиш дода шуд ва муваффақияти бузург ба даст овард.
Бастакорони тоҷик Ш.Сайфидинов, Ё. Сабзанов, С. Юдаков, Ф. Шаҳобов ва дигарон низ ба шеъру сурудҳои устод оҳанг бастаанд. Ҳунармандони маъруфи тоҷик, назири Акашариф Ҷӯраев, Шоҳназар Соҳибов, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Ҳанифа Мавлонова, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Кароматулло Қурбонов, Давлатманд Холов ва дигарон шеъру сурудҳои ӯро сароидаанду месароянд, ки тавассути барномаҳои телевизиониву радиоӣ пешкаши мардум гардонда мешаванд.
Суруд, ки яке аз жанрҳои оммавию мақбул ва пешоҳанги мусиқӣ ба шумор меравад, дар эҷодиёти ҳар як эҷодкор, бахусус шоир мақоми махсус дорад. Чунки тариқи суруд шеъри шоир боз ҳам хушнавотар гардида, дили шунавандаро зиёдтар ба ваҷд меорад, дар ниҳоди инсон шарора афрӯхта, одамиро ба ҷодаи умед ҳидоят мекунад ва ба дуриҳои дур паҳн гардида, қалби одамонро тасхир менамояд.
«Таронаи рӯд»-и Мирзо Турсунзода, оҳанги М. Атоев низ яке аз сурудҳоест, ки дар он ҳусни табиат ва инсон ба ҳам омехта гардида, обу ранги тозае касб намудааст. Аз ҳамин нигоҳ, «Таронаи рӯд» қобили таваҷҷуҳи хоса буда, дар он тавъамандии шеъри пурмазмуну оҳанги дилнишин бештар ба назар мерасад:
Рӯди кӯҳӣ, ту сароӣ ба ҳавои дили ман,
Ҷӯр созӣ нафасатро ба садои дили ман.
«Тӯйи пахтазор», оҳанги Хайрулло Абдуллоев, «Кокулат», оҳанги Фозил ва Аъзам Солиевҳо ва аксар сурудҳое, ки бар матнҳои устод Мирзо Турсунзода баста шудаанд, маҳсули эҷоди тафаккури композитори шуҳратманд Зиёдулло Шаҳидӣ мебошанд. Чунончи, дар сурудҳои «То ба кай», «Қадаҳи мо», «Қишлоқи шумо», «Хонаи мо он қадар ҳам дур нест», «Кокулат», ки дар онҳо омезиши сухан ва оҳанг бо фарогирии мавзӯъҳои лирикӣ бағоят мавзуни муҳаббату садоқати поки инсонӣ хеле ҷаззобу пуробуранг ба мушоҳида мерасад. Сурудҳои «Бадахшон», «Ҳамсоя бошам», «Ёдгори беназир», «Бӯстони оламоро» мусиқии Шарофиддин Сайфиддинов, «Оби Душанбе» оҳанги Хайрулло Абдуллоев, «Ҳусни Ватан» оҳанги Фаттоҳ Одина, асарҳои «Гули қиматбаҳо» ва «Дӯстӣ» оҳангҳои Карим Ҳалимов, ки ба қалами устод Мирзо Турсунзода тааллуқ доранд, дар лаҳзаҳои гуногуни зиндагии устод эҷод гардида, то имрӯз вирди забони хурду калон мебошанд.
Устод Турсунзода, ки худ қобилияти баланди дарки санъати мусиқиро доро буданд, ҳангоми эҷоди шеъру суруд, зарбу тақтеъи мусиқиро низ ба эътибор мегирифтанд. Аз ин рӯ, шеърҳои ӯ аз ҷиҳати лаҳну талаффуз равону дилнишин буда, ба онҳо оҳанги мувофиқ бастан заҳмати зиёд талаб намекунад. Содагию равонӣ, маънии баланд, тасвирҳои зиндаву табиӣ ашъори ин шоири бузургро дилкашу форам гардонида, таваҷҷуҳи эҷодкорону сарояндагонро зуд ба худ ҷалб месозанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ботантана ба ифтихори 90 — солагии устод Мирзо Турсунзода, 27 октябри соли 2001, аз шахсиятҳои таърихӣ, инсонҳои равшанзамир ва машъалдорони роҳи озодиву истиқлолият, бунёдгузорони Тоҷикистони нав, парчамбардорони матини илму адаб ва фарҳанги миллии тоҷикон бо сипосгузорӣ ёдовар шуда, тазаккур доданд, ки дар ин ҳалқа фарзанди шарафманди миллати тоҷик Мирзо Турсунзода, ки барои хизматҳои бузург дар инкишофи адабиёт ва тарғиби ғояҳои сулҳу дӯстии халқҳо ва густариши нуфузи байналмилалии Тоҷикистон дар радифи устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров сазовори унвони олӣ — Қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст, мақому мавқеи шоиста дорад. Ба таъкиди Пешвои миллат: «шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин — дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард».
Чун гиромидошту рамзи посдории хизматҳои шоистаи устод Мирзо Турсунзода ба номи ӯ шаҳр, донишгоҳу мактабҳо ва кӯчаву хиёбонҳо гузошта шудаанд ва муҳимтар аз ҳама, шеъри ӯ пайваста вирди забони мардуми тоҷик аст.
Ҳамин аст, ки оҳангсозони шинохта ва сарояндагони хушсалиқаи тоҷик ба шеърҳои ӯ оҳанг баста, сурудҳои гӯшнавозу ҷолиб эҷод намудаанд, ки тавассути Интернет ва васоити ахбори омма пахш гардида, инчунин дар ҷашнвораю ҳамоишҳои кишвар садо дода, аз тарафи шунавандагон бо муҳаббати зиёд қабул карда мешаванд.
Баҳрулло НАРЗУЛЛОЕВ,
муовини ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг
ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
оид ба корҳои эҷодӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент