Муҳриддин НИЗОМӢ,

 ректори МДТ “Донишкадаи давлатии

фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

ба номи Мирзо Турсунзода,

доктори илмҳои филологӣ, профессор

 

Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайни Хатибии Балхӣ ба ҳайси яке аз бузургмардони фарҳанги форсизабонон ва ҷаҳон беш аз ҳаштсад сол аст, ки мардумро шефтаи рафтору гуфтору осори безаволи хеш менамояд. Ин нукта мусаллам аст, ки ҳар кӣ ба ҷид осори Мавлоноро мутолиа намояд, ҳамоно бештар мабҳути ақволу афкори пурвусъати ӯ гардида, ошиқонаю содиқона дар паи такрору талқини ашъори зебои ӯ мешавад.Таъкиди ин нукта ба ҷост, ки Мавлоно шахсияти бузурги асрҳову давронҳост ва ҳам шахсиятсоз аст. Ғалат намекунем, агар гӯем, ки шӯҳрати Шамси Табрезӣ низ ба Мавлоно иртиботи қавӣ дорад. Ҳақ ба ҷониби Шайх Камоли Хуҷандист, ки мегӯяд:

Магӯ арбоби дил рафтанду шаҳри ишқ шуд холӣ,

Ҷаҳон пур Шамси Табрез асту марде ку чу Мавлоно.

Абадияти номи Салоҳиддини Заркӯбу Ҳисомиддини Чалабӣ ва… аз рӯи иродати эшон ба Мавлоност. Дар баробари муҳаққиқини ҳамзабон иддае аз донишмандони хориҷӣ умри хешро сарфи омӯзишу таҳқиқ ва нашри осори Мавлоно кардаанд, ки имрӯз ба шарофати ин иқдоми накӯ номи эшон дар радифи бузургтарин олимони ҷаҳон муаррифӣ мешавад. Амсоли Роналд Николсони инглис, ки матни комили интиқодии «Маснавӣ»-ро ба вуҷуд овард, ки муҳаққиқин ва мутолиакунандагони ин шоҳасар бар асоси нусхаи омодакардаи ӯ «Маснавӣ»-ро мехонанд. Ё Ани Мори Шиммели олмонӣ, ки ба хотири Мавлоно исми Ҷамилабоҷиро барои худ интихоб карда буд ва ба шарофати хидмати бедареғаш дар мавлавишиносӣ дар Қуния хиёбонеро ҳам ба исми ӯ гузоштаанд.

Бо ин ҳама ҷои тардид нест, ки дар камолоти маънавии Мавлоно шахсиятҳои бузурги адабию ирфонии гузаштаю муосири ӯ нақши муассире доранд, ки ҳам худи Мавлоно ва ҳам муаллифони сарчашмаҳои адабию ирфонӣ ин нуктаро таъкид кардаанд. Аз миёни адибону орифони пешин беш аз ҳама Ҳаким Саноӣ ва Аттори Нишопурӣ дар зиндагию афкори Мавлоно таъсири азим доранд.

Шайх Фаридуддин Аттори Нишопурӣ орифи номвари қарни 12 баъд аз Саноӣ хидмати бузурге дар адаби ирфонии форсу тоҷик намудааст. Робитаи Мавлоно бо Аттор бино ба ривояти сарчашмаҳо ҳанӯз аз замони хурдсолии ӯ оғоз ёфтааст. Аз рӯи ривояти Давлатшоҳи Самарқандӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳангоме ки Мавлоно шашсола буд ва ё ба ривояти дигар чаҳордаҳсола, бо падараш Султонулуламо Баҳоуддин Муҳаммад ва аҳли оилаву ҷамъи муридон бо баҳонаи зиёрати Каъба тарки Балх намуданд ва дар роҳи Бағдод ба Нишопур ворид шуда, ба мулоқоти Шайх Аттор мушарраф шуданд. Ба қавли Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Шайх Аттор худ ба дидани Мавлоно Баҳоуддин омад ва дар он вақт Мавлоно Ҷалолуддин кӯчак буд. Шайх Аттор китоби «Асрорнома»-ро ба ҳадя ба Мавлоно Ҷалолуддин дод ва Мавлоно Баҳоуддинро гуфт: «Зуд бошад, ки ин писари ту оташ дар сӯхтагони олам занад»(Фурӯзонфар.Шарҳи ҳоли Мавлоно, с.20). Гуфтаанд, ки «Асрорнома»-и Шайх Аттор умре нақди остини Мавлоно буда, пайваста онро мутолиа мекардааст ва ба муридон низ талқин менамудааст.

Дар сиҳҳати ин ривоят баъзе олимон шак кардаанд, вале Бадеуззамони Фурӯзонфар дар ин боб мулоҳизаи ҷолибе баён намудааст: «ин мулоқот мумкин аст иттифоқ афтода бошад. Барои он, ки вақте Баҳоуддин Валад аз Хуросон сафар кард, ҳанӯз Аттор дар қайди ҳаёт буд ва аз русуми сӯфиён аст, ки дар сафар ҳар ҷо мардеро нишон диҳанд, ба зиёраташ мешитобанд, алалхусус, ки Аттор яке аз мардони баном ва шуарои бузург буд ва қатъан Баҳоуддин Валад иштиёқи дидори ӯ дошт ва фурсатро ғанимат шумурд»(Фурӯзонфар. Шарҳи ҳоли Аттор, с.68-69) ва дар ҷои дигар қайд мекунад, ки «ҳарчанд мумкин аст иқтибоси ҳамон ҳикоёт(аз «Асрорнома») сабаби вазъи ин ривоят ва тамҳиди муқаддима барои исботи каромати Аттор ва назари машоих ба Мавлоно шуда бошад».

Сарфи назар аз ин ривоят иртиботи маънавии Мавлоно ва Аттор ҷои тардид надорад ва худи Мавлоно дар чанд ғазал ва ҳам «Маснавӣ» аз Аттор бо муҳаббат ва икроми зиёд ёд кардааст. Чунончи:

Аттор рӯҳ буду Саноӣ ду чашми ӯ,

Мо аз паи Саноию Аттор омадем.

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,

Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.

Ҷоне, ки рӯ ин сӯ кунад, бо Боязид ӯ хӯ кунад,

Ё дар Саноӣ рӯ кунад, ё бӯ диҳад Атторро.

Агар Аттор ошиқ буд, Саноӣ шоҳу фоиқ буд,

На инам ман, на онам ман, ки гум кардам сару поро.

         Аз миёни абёти ба Аттор бахшидаи Мавлоно яке аз онҳо ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад:

Гирди Аттор гашт Мавлоно,

Шарбат аз дасти Шамс будаш нӯш.

         Дар ин байт ба муносибати муршиду мурид ишора меравад, яъне то ин ки Шамси Табрезӣ шарбати ишқи Ҳақро ба Мавлоно нӯшонид, Мавлоно асрори ирфонро то андозае аз осори Аттор ва Саноӣ омӯхта буд ва дар мактаби ирфон Аттор ба Мавлоно ҳаққи устодӣ дорад.

         Дар баробари гуфтор ва эътирофи худи Мавлоно муаллифони сарчашмаҳо, минҷумла муаллифони асримиёнагии зиндагиномаи Мавлоно (Шамсиддин Аҳмади Афлокӣ ва Фаридуни Сипаҳсолор) ҳикоёти ҷолибе роҷеъ ба иртиботи маънавии ин ду бузургвор овардаанд, ки дархӯри таваҷҷӯҳи зиёданд. Чунончи, Шамсиддин Аҳмади Афлокӣ, ки аз муосирони Мавлоно буда, китоби «Маноқиб-ул-орифин»-ро ба Мавлоно ва авлоди ӯ бахшидааст, навиштааст:

«Рӯзе ҳазрати Мавлоно давоту қаламе хоста ва бархосту бар дари боғчаи мадраса ин абётро набиштан фармуд:

Хитоби Ҳаққу банда ҳар ду бишнос,

Ки ту «ҳу» гӯиву Ҳақ «айюҳаннос».

Хушо «Ҳой»-е зи Ҳақ в-аз банда «ҳу»-е,

Миёни бандаву Ҳақ ҳоюҳуе.

         Ва ин абёт аз «Асрорнома»-и Шайх Аттор аст». Ин нишонаи алоқа ва муҳаббати хоси Мавлоно ба Аттор ва «Асрорнома»-и ӯст. Ба ривояти Афлокӣ ва Фаридуни Сипаҳсолор Мавлоно ва муридонаш осори Атторро бисёр мехондаанд.Чунонки Афлокӣ нақл кардааст: «Рӯзе ҳазрати Мавлоно суханони Фаридуддини Аттор алайҳирраҳмаро мутолиа мефармуд…, ёрон ва асҳоби вай низ «Мантиқуттайр» ва «Мусибатнома»-ро ба ҷид мехонданд ва Ҳисомиддини Чалабӣ бар баъзе ёрон иттилоъ ёфт, ки ба рағбати тамом ва ишқи азим «Илоҳинома»-и Ҳаким Саноӣ ва «Мантиқуттайр»-и Фаридуддини Аттор ва «Мусибатнома»-и ӯро ба ҷид мутолиа мекунанд ва аз он асрор муталаззиз мешаванд ва он шеваи маонии ғариб эшонро аҷиб менамуд».

                  Матолиб ва ҳикоёти зиёде, ки Мавлоно аз осори Аттор дар «Маснавӣ», «Фиҳи мо фиҳи» ва ғазалиёташ иқтибос овардааст, далели равшани ишқу алоқаи хоси Мавлоно ба Аттор ва осори ӯст. Бино ба таҳқиқи донишманди шаҳири эронӣ Бадеуззамони Фурӯзонфар маъхази 35 ҳикояи «Маснавӣ» ба эҳтимоли қавӣ осори Шайх Аттор аст. Аз миёни маснавиҳои Аттор «Асрорнома» бештар мавриди таваҷҷӯҳи Мавлоно будааст. Наздики 10 ҳикоёту тамсилоти Мавлоно аз ин асар ахз шудааст.

         Дар баъзе маворид Мавлоно қайд мекунад, ки маъхази ҳикояти ӯ гуфтаи Аттор аст. Чунончи, дар ҳикояти «Бар тахт нишондани Султон Маҳмуд ғуломи ҳиндуро ва гиристани ғулом» Мавлоно мефармояд:

Он чӣ гуфтам, аз ғалатҳост, эй азиз,

Ҳам бар ин бишнидам аз Аттор низ.

Раҳматуллоҳи алайҳи гуфтааст,

Зикри шаҳ Маҳмуди ғозӣ суфтааст.

Дар баробари маснавиҳои «Илоҳинома», «Мусибатнома», «Мантиқуттайр», «Асрорнома» ягона асари насрии Аттор – «Тазкиратулавлиё» низ таъсири зиёде ба «Маснавӣ»-и Мавлоно дорад.Мавлоно достонҳои ҷолибе аз рӯзгори орифоне, чун Ҳасани Басрӣ, Ҷунайди Бағдодӣ, Зуннуни Мисрӣ, Иброҳими Адҳам, Робиаи Адавия ва дигарон овардааст, ки аксаран аз «Тазкиратулавлиё» гирифта шудаанд. Теъдоди ҳикоёти марбут ба «Тазкиратулавлиё», ки дар «Маснавӣ» омадаанд, ба 28 мерасад.

         Дар радифи «Маснавӣ» Мавлоно дар «Фиҳи мо фиҳи» низ ба ҳикоёти осори Аттор такя кардааст. Чунончи, Дар ин асар Мавлоно дар мавриди ҳадиси «Ё ласта рабба Муҳаммадин лам яхлуқ Муҳаммадан» баёне муфассал дорад, ки ҳарф ба ҳарф аз «Мусибатнома»-и Аттор иқтибос шудааст.

         Ҳамчунин Мавлоно дар ғазалиёти худ баъзе ҳикоёти достонҳои Атторро истифода бурдааст. Чунончи, маъхази ғазале бо матлаи зайл:

Бонги Шуайбу нолааш в-он ашки ҳамчун жолааш,

Чун шуд зи ҳад, аз осмон омад саҳаргоҳаш нидо,

аз «Илоҳинома» ва маъхази ин ду байти поён «Арорнома-и Аттор аст:

Рӯзе яке ҳамроҳ шуд бо Боязид андар раҳе,

Пас Боязидаш гуфт-Чӣ пеша гузидӣ, эй дағо.

Гуфто, ки ман харбандаам, пас Боязидаш гуфт-Рав!

Ё Раб, харашро марг дех, то ӯ шавад бандай Худо.

         Мавлоно дар баъзе ғазалиёти худ низ ба Аттор пайравӣ намуда, дар ин ҷода худро ғуломи Шайх Аттор гуфтааст:

 Ман он Муллои Румиям, ки аз нутқам шакар резад,

Валекин дар сухан гуфтан ғуломи Шайх Атторам.

         Мавлоно дар чанд ғазал бар вазну қофияи ғазалҳои Аттор пайравӣ намуда, дар баъзе маворид таркиботу алфози шеъри ӯро истифода кардааст.Чунончи, дар ин ду ғазали мустазод умумияти зиёде дида мешавад. Аз Аттор:

Нақди қидам аз махзани асрор баромад, чун ганҷ аён шуд,

Худ буд, ки худ бар сари бозор баромад, бар худ нигарон шуд.

Дар кисвати абрешиму пашм омаду пунба, то халқ бипӯшанд,

Худ бар сифати ҷуббаю дастор баромад, лаббас ҳама сон шуд.

Аз Мавлоно:

Ҳар лаҳза ба шакли бути айёр баромад, дил бурда ниҳон шуд,

Ҳар дам ба либоси дигар он ёр баромад, гаҳпиру ҷавон шуд.

Гаҳ Нӯҳ шуду кард ҷаҳонро ба дуо ғарқ, аз чашм бишуд дур,

Гаҳ гашт Халилу ба дили нор баромад, оташ гул аз он шуд.

Дар баъзе ғазалҳо Мавлоно на танҳо таркибот, балки мисраю байтҳои комилро иқтибос ё тазмин кардааст. Масалан, дар пайравии як ғазали Аттор Мавлоно ду ғазал суруда, ҳам таркибот ва ҳам мисраи комилро айнан такрор кардааст.

Аз Аттор:

 Ошиқию бенавоӣ кори мост,

Кор кори мост, чун ӯ ёри мост.

Аз Мавлоно: Ғазали 1:

Ошиқиву бевафоӣ кори мост,

Кор кори мост, чун ӯ ёри мост.

 Ғазали 2:

Дилбарию бедилӣ асрори мост,

Кор кори мост, чун ӯ ёри мост.

Ё дар ғазали дигар:

Аз Аттор:

Кам шудан дар кам шудан дини ман аст,

Нестӣ дар ҳастӣ оини ман аст.

То пиёда меравам дар кӯи дӯст,

Сабзхинги чарх дар зини ман аст.

Чун ба як дам сад ҷаҳон вопас кунам,

Бингарам, гоми нахустини ман аст.

         Аз Мавлоно:

Гум шудан дар гум шудан дини ман аст,

Нестӣ дар ҳастӣ оини ман аст.

 По пиёда меравам дар кӯи дӯст,

Сабзхинги чарх дар зини ман аст,

Чун ба як дам сад ҷаҳон вопас кунам,

Бингарам, гоми нахустини ман аст.

Ба ҳамин тариқ ғазалҳои зиёде аз Девони кабир метавон ёфт, ки бо таъсири ғазалҳои Аттор суруда шудаанд.

Бо он ҳама ихлосу алоқае, ки Мавлоно ба Аттор ва ҳам Саноӣ доштааст, гоҳе худро бо эшон муқоиса ҳам мекардааст. Тавре ки Афлокӣ аз забони Мавлоно овардааст: «Фармуд, ки Ҳакими Илоҳӣ ва хидмати Фаридуддини Аттор қудусаллоҳу сирруҳумо бас бузургони дин буданд, валекин ағлаб сухан аз фироқ гуфтанд, аммо мо ҳама аз висол гуфтем». Дар ин ҷо воқеан қиёси дурустест, зеро ҳолати сармастии Мавлоно бар асари самоъ ҳолати басти шайх Абӯсаидро ба хотир меорад, ки бунёдгузори самоъи сӯфиёна дар паҳнои адабу ирфони форсӣ тоҷикист ва ин андешаро оғози «Маснавӣ» низ таъйид мекунад. Яъне агар Аттор дар осори хеш, бахусус дар «Мантиқуттайр» кӯшиши расидан ба висолро дорад ва барои расидан ба он тайи ҳафт водӣ лозим меояд, Мавлоно дар ғазалиёт ва «Маснавӣ» дар мақоми ҳузур қарор дорад ва дам аз висол мезанад.

Дар мавриди маќом ва сулуки маънавии Шайх Аттор ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ муаллифи тазкираи «Ҳафт иќлим» — Амин Аҳмади Розӣ аз забони яке аз орифон ташбеҳи латифе овардааст: «Аз бузурге, ки орифи тариќат ва воќифи водии ҳаќиќат буд, пурсиданд, ки дар шеваи муҷоҳидат ва муомилат фарќ миёни Шайх Аттор ва Мавлоно чист? Фармуд : «Мавлоно чун шаҳбозе буд, ки ба як турфат-ул-айн худро аз тахти тариќат ба ќиблаи ҳаќиќат расонида ва Шайх Аттор монанди мўрест, ки ба оҳистагӣ он тариќро паймуда ва бар ҷузв-ҷузви ҳаќиќати он расида ва роҳ бурида». Дар ин ҷо ташбеҳи Мавлоно ба шаҳбоз, ки дар муддати кўтоҳе ба маќоми ҳаќќуляќин расид ва монанд кардани Шайх Аттор ба мўри заҳматкаш, ки тадриҷан бо риёзат ва муҷоҳидати зиёд ба маќсуд наздик шуд, бисёр ҷолиб аст.

Мавлоно ҳатто дар охирин соатҳои умр низ аз Аттор ёд мекард ва муридонро бо зикри аҳволу ақволи ӯ тасаллӣ медод. Чунончи, бино ба ривояти Афлокӣ ҳангоме ки Мавлоно аз таб месӯхт ва муридон гиря мекарданд, ба онҳо хитоб мекунад: «Аз рафтани ман ғамгин машавед, ки рӯҳи Мансури Ҳаллоҷ баъд аз саду панҷоҳ сол дар Аттор таҷаллӣ кард». Ва ҳамин сухани Мавлоноро дар боби таҷаллии рӯҳи Мансури Ҳаллоҷ дар Аттор маллифони баъди асри 13 такрор кардаанд.

Он чӣ дар ин мухтасар омад, гувоҳи он аст, ки нақши Шайх Аттори Нишопурӣ дар олами маънавии Мавлоно хеле бузург аст ва барои камолоти ин орифи бузург дар паҳнаи ирфону адаби форсизабон таъсири азим расонидааст.