Боварӣ дорам, вақте  мерасад, ки  Падару  Модарон  дар  ҷиҳоздони  фарзандон  ба ҷуз аз  қолину яхдон, чойнику  пиёла, китобҳои  нодиру муқаддасро  мегузорад. Китоб чун  падару модар насиҳатгар, чун  муаллим  сабақомӯз аст. Сабақомӯзи беғаразу рӯшноинамои  мо умри ҷовидон  дорад.

   Мардуми фарҳангпарвар ва ҳунардӯсти тоҷик дар эҷоди китобу китобхона  миёни миллатҳо пешрафта ба шумор меравад. Ин миллат дар ҳама давру замон рӯи дасташ китоб буд. Кору рӯзгорашро бо мутолиаи китоб  рангу бори маънавӣ мебахшид. Аҳамияти китоб, бахусус дар тарбияву ҳидоят ва ташаккули шахсияти насли наврасу ҷавон бениҳоят бузург аст.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумӯи соҳаи китобу китобдорӣ  таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.  Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат  Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ин анъанаи варзида — эҳтироми китобу китобхонӣ корҳои шоёне анҷом дода шудааст, ки бузургтарини онҳо бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ мебошад.

   Шоиста ба зикр аст, ки ҳар як иқдоме, ки аз олами афкору  андешаҳои  сабзу созандаи Сарвари давлат арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, наврасону ҷавонон мегардад.  Бо Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави  суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» доир мегардад.   Тавре аз Низомномаи озмун бармеояд, номинатсияи озмун аз рӯи ҳифз намудан ва хондани осори адибони классику муосири тоҷик, адабиёти бачагона, афсонаҳо ва ривоятҳои халқӣ ва адабиёти ҷаҳон миёни тамоми қишрҳои ҷомеа баргузор мегардад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бори дигар аҳли ҷомеа ба осори ниёгони худ рӯй биёваранд, зеро мутолиаи осори гузаштагон, андешмандон ва фарзонагони ин миллат барои умуми мардум, ба вижа насли ҷавони ояндасоз ва фарҳангдӯсти тоҷик зарур ва саривақтӣ мебошад.

   Мо бояд пайваста кӯшиш кунем, ки насли имрӯзи кишвар, наврасону ҷавонон ба китобхонаву китобхонӣ  бештар рӯ биёранд. Давраи тиллоии умри худ-наврасиву ҷавониро сарфи роҳи мутолиаву омӯзиш кунанд. Албатта,  сарфи роҳи  мутолиаву омӯзиши китобҳои хуб, китобҳое, ки арзиши баланди маънавию ахлоқӣ доранд.   Мардуми  мо аз қадим ба  китоб ихлос доранд. Девони  Ҳофизу  Бедилро ба таги  болини кӯдакон мегузоштанд, агарчи бисёриҳо онро хонда наметавонистанд, мақсадашон оқилу доно  шавад, зеро чӣ  тавре, ки  халқ мегӯяд. «ақл пешбарандаи давлат  аст»…

   Беҳтарин  ганҷе, ки одамизод  дар ҳаёташ  гирд овардааст, китоб аст…

   Воқеан, мутолиаву омӯзиши  китоби хуб ба хонандаи худ  як ҷаҳон ғизои маънавию маслиҳати зиндагӣ медиҳад, аз таҷрибаҳои беназир ва андешаҳои бузургу босамари мутафаккирон баҳравар мегардонад, завқашро қонеъу ташнагиашро мешиканад ва дасташро гирифта, то қуллаҳои баланди хушбахтию  саодат мебарад.

Зафари ШАРИФ, 
омӯзгори ДДФСТ ба
номи Мирзо Турсунзода