Мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарибӣ 27-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар адабиёти сиёсию илмӣ ва муҳити давлатӣ ба унвони  “Иҷлосияи сарнавиштсоз”         муаррифӣ шудааст, таҷлил мекунад. Воқеан, ҷараёни Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сафаҳоти рангини таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва давлатдории тоҷикӣ маҳсуб меёбад.

   Агар ба ҳаводиси замони бесуботию дарҳамбарҳамӣ (воқеаҳои фоҷеабори ибтидои солҳои навадуми асри бист дар назар аст) бо дидаи ибрат бингарем, хоҳем дарёфт, ки доир гардидани Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ бар даргирию бесуботӣ ва ташаннуҷи низоъҳои хашини сиёсию мафкуравӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ нуқтаи тамат гузошта, роҳро барои бозсозию навсозии осори ҷанги ҳамватанӣ ва рушду тараққиёти минбаъдаи кишвар ҳамвор сохт. Муҳимтар аз ҳама, Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ шароити мусоиди сохтмони давлатдории навини тоҷикиро фароҳам овард. Аммо дар пеш мушкилоти зиёде давлати навин ва ҷомеаи азҳамрехтаи вақти тоҷикро дунболагир буд.

   Мусаллам аст, ки ибтидои солҳои навадуми садаи бист бар асари барномарезиҳои махсуси доираҳои манфиатхоҳи минтақавию хориҷӣ қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳнаи низоъҳои шадиди идеологию сиёсӣ ва динию мазҳабӣ табдил ёфт. Дар он ҳангом аксари намояндагони қишрҳои сиёсӣ, зиёӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷикӣ дар робита бо вазъи мавҷуда ё бетарафию бетафовутиро ихтиёр карданд ва ё ин ки ба ин ё он гурӯҳи даргир ҳамроҳ шуда, боиси ташаннуҷи авзои куллӣ дар минтақа гаштанд. Дар ниҳоят, табақаҳои осебпазири иҷтимоӣ, ки аз вазъи сиёсӣ ва бозиҳои пасипардагии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ комилан огоҳ набуд, ба таври сунъӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, муқобили якдигар сангар гирифтанд. Кишвар ба доми даргириҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Азбаски элитаи сиёсии замон мустақилияти роҳбарӣ, ва муҳимтар аз ин, собиқаи зарурии мудирияти равандҳои сиёсиро надошт, дар ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва бебандубориҳои иҷтимоӣ оҷиз монд. Илова бар ин, коргардонони бозиҳои сиёсии минтақавӣ аллакай даст ба кор шуда, бо ҳар роҳу васила дар фазои ҷумҳурӣ, ки бо суқути давлати Шӯравӣ ҳолати карахтиро аз сар мегузаронид, сенарияи бесарусомонӣ ва ҳарҷумарҷ (хаос)-ро дар шакли намоишномаҳои театронидашудаи сиёсӣ тарҳрезӣ мекарданд, то минтақаро дар қолаби бесуботӣ ва даргирии амиқ нигаҳ доранд. Ба ин тарз, дар минтақаҳои ҳассоси қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тухми кинаву адоват кошта шуд ва дар ин замина даргириҳо ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа вазъ торафт мураккабтар гардида, бовару эътиқодоти мардум ба ояндаи неки ҷумҳурӣ тадриҷан аз байн рафта, халои сиёсӣ, мафкуравӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ дар манотиқи даргир ва баъдтар дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ тасаллут пайдо кард. Ин буд. ки низоми сиёсию идорӣ ва блоки иқтисодии давлатӣ побанди буҳронҳои амиқ гардида, оқибат тамоман фалаҷ шуд.

   Дар он вазъияти ҳассос, қатъи назар аз он, ки вусъат ва шиддати буҳронҳои пайиҳам вазъи иҷтимоӣ, сиёсӣ, маърифатӣ ва фарҳангиро дар ҷомеаи пасошӯравӣ заиф мекарданд, хушбахтона, сиёсатмадорону фарҳангиёни баномус ва сарафроз, дар манотиқи гуногуни кишвар ёфт мешуданд, ки ҷиҳати коҳиш додани сатҳи вусъати вазъи буҳронӣ ва танзими муносибати муътадили иҷтимоӣ, ҳамбастагии миллӣ ва ҳамзистии мусолиматомези мардум, саъю талоши фаровон ба харҷ медоданд. Маҳз хидмати беѓаразонаи шахсиятҳои фидоӣ вазъро дар манотиқи буҳронӣ тадриҷан муътадил сохта, ба эҷоди давлатдории миллӣ, тафоҳуми фарҳангӣ ва сиёсӣ сабаб гардид. Бузургтарин шахсиятро, ки солҳои тӯлонӣ бевосита дар самти сиёсати давлатӣ, сохтмон, таҳким ва рушди давлатдории миллӣ хидмати бедареѓ кардааст, яқинан дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон дид.

   Зеро дар он замон ба вуҷуд овардани фазои амну субот ва ҳамдигарфаҳмию ҳамбастагӣ кори саҳлу осон набуд. Мушкили асосӣ — сарҷамъ овардани вакилони мардумӣ аз гӯшаву канори мамлакат ва дар ин замина, баррасӣ намудани масъалаҳои сохтмони давлатдории навини миллӣ, ва бо ин роҳ, ҳаллу фасл кардани мушкилоти мавҷуда — барқарории давлат, оромиши иҷтимоӣ, муътадил гардонидани вазъи сиёсӣ, қатъ кардани муноқишаҳои дохилӣ миёни гурӯҳҳои даргир ва таъмини фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ буд. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 даъват карда шуд.

   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана ба ифтихори 20-умин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 ноябри соли 2012 вазъи сиёсӣ ва лаҳзаҳои ҳассоси он замонро ба ёд оварда, таъкид карда буданд: «Ман дар ёд дорам, ки дар он рӯзҳои душвор, яъне рӯзҳое, ки Ҳукумати мусолиҳаи миллиро касе эътироф намекард ва Президенти бо роҳи қонунӣ интихобшудаи кишварро дар фурудгоҳи пойтахт ба истеъфо маҷбур карданд, қисме аз вакилони мардумӣ, зери фишори қувваҳои алоҳида ва аз тарсу ҳароси ҷон, наметавонистанд мавқеи худро барои иштирок дар кори иҷлосия равшан изҳор намоянд. Бо вуҷуди ин, аксарияти вакилони мардумӣ ба иҷлосия ҳозир шуданд, зеро ҳама ба хубӣ дарк мекарданд, ки ягона роҳи хотима гузоштан ба бесарусомонӣ дар мамлакат, баргузории иҷлосия мебошад. Ҳамин буд, ки дар иҷлосия аз 230 нафар вакилони халқ, 193 нафар иштирок доштанд».

   Ба ин тартиб, дар он вазъияти ҳассоси сиёсию иҷтимоӣ, ноябри соли 1992 дар қасри «Арбоб»-и шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, бо ҳадафи баҳамоӣ ва оғози музокирот бо ҷонибҳои даргир ва мухолифон ба кори худ оѓоз кард. Тавре ки медонем, Иҷлосияи мазкур дар вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар баргузор мегардид ва Тоҷикистон ба гирдоби балои ҷанги шаҳрвандӣ печ хӯрда, дар тангнои ҳаводиси даҳшатбор нафасгир мешуд. Дар ин Иҷлосияи таърихӣ, дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла — 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуд, ки ҳамагӣ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳои душвор, ҳамчунин таҳким бахшидани низоми давлатдории навини миллӣ дар марҳилаи гузариш пешбинӣ шуда буданд. Бо ибтикори Раиси Шӯрои Олии интихобгардида — Эмомалӣ Раҳмон, 20 ноябри соли 1992 ду ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ – «Муроҷиатнома ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо ва созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ» ва «Изҳороти Иҷлосияи Шӯрои Олӣ» ба тасвиб расид, ки мазмуну муҳтавои онҳоро даъвати табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва созмонҳои сиёсӣ ба сулҳу салоҳ ва ҳамзистию ҳамбастагӣ, ҳамчунин бозгашти фирориёни иҷборӣ ба ватанташкил медод.

   Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи раҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард ва ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо рӯҳи қавии миллӣ, на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд, балки дар эъмори давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузошт.

   Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари ҳокимият омад, ки тамоми сохтор ва дастгоҳи давлатӣ ва ҳукуматӣ бар асари даргириҳои бемаънӣ, ноҷӯрию дарҳам барҳамиҳои сиёсӣ билкул фалаҷ шуда, кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ афтода буд. Манзараи даҳшатовар ва хунини ҷанги шаҳрвандӣ ҳатто имрӯз ҳам, бо гузашти беш аз бисту панҷ сол, хобу хаёли мардуми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк накардааст ва чун кобуси ваҳшатзо, олами руъёи мардумро таҳти таъсир қарор медиҳад. Дар чунин вазъи фоҷеабор Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ва давлатдории миллӣ ворид гардид ва ҷасурона дар ин масири мушкилписанди сиёсӣ гомҳои устувор бардошт. Паймудани масири хатарнок ва печидаи сиёсат дар он замон кори саҳлу осон набуд ва ҳар кӣ дар замону макони мазкур дар ҳавзаҳои сиёсӣ ва идорӣ кору фаъолият кардааст, ҳолат ва вазъи куллии минтақавиро хуб дар ёд дорад: нобоварӣ аз ҳамдигар; тарсу ҳароси ҳамешагӣ; камтаҷрибагӣ дар бархӯрд бо шароит; хиёнату бадбинӣ миёни мардуми маҳаллу минтақаҳои гуногун; ноустувории муносиботи тарафҳо; афзоиши қатлу куштор дар манотиқи даргир; беназмию бесуботии сиёсию иҷтимоӣ; авҷи нуфузи гуруҳҳои ҷинояткор дар ҳаёти рӯзмарра; дахолати бевоситаи роҳзанону дуздон ва созмонҳои ҷиноятӣ дар фаъолияти мақомоти расмӣ — идорӣ ва давлатӣ; дуздии саросарии амволи давлатӣ аз ҷониби гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ; ба сифр баробар шудани касри буҷети давлатӣ дар маҳалҳои даргир ва пойтахти кишвар; камбуди одитарин шароити корӣ; ривоҷи маҳалгаройиву кӯтоҳандешӣ дар фазои мамлакат; суст шудан ва ба ҳошия рафтани фаъолияти маданӣ — равшаннамоӣ; боло гирифтани яъсу ноумедӣ бар фазои сиёсӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ ва амсоли инҳо барин силсилаи нобасомониҳо, як навъ дилсардию бетафовутиро дар миёни ниҳодҳои гуногуни иҷтимоию давлатӣ ба вуҷуд оварда буд. Дар чунин шароити мудҳиш ба сари кор омадан ва ба таври таъҷилӣ, сару сомон додани ибтикороту тадбироти мушаххас ҷуръат ва худкифоиятии вежаеро тақозо менамуд.

   Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз бо шӯру шавқи миллӣ ва номуси ватандорӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ пазируфта шуда, аз рӯзҳои нахустини ҳукуматдорӣ, бо такя бар виҷдону имони яқин, фазои муносиби зист ва муҳити бози сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳайё сохт. Илова ба сифатҳои волои шахсӣ ва ахлоқи миллию мардумӣ – маҳорат, матонат, ҳиммат, ҷасорат, садоқат, фазилат, шарофат, масъулият, адолат, самимият ва муҳаббат ба миллат ва марзу буми аҷдодӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгари он буд, имкон дод, ки дар як муддатзамони кӯтоҳи таърихӣ муҳимтарин дастоварди башарӣ — сулҳу субот, амнияту ҳамбастагӣ, ваҳдат ва оромиши миллию мардумӣ дар минтақа фароҳам оварда шавад. Нақши Иҷлосияи тақдирсозро дар баҳамойии мардумӣ, созиши тарафҳои даргир, тақвияти Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории навини миллӣ муҳим арзёбӣ карда, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 апрели соли 2012) ироа доштанд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

   Дарвоқеъ, дастовардҳое, ки имрӯз ба сифати арзишҳои миллию давлатдорӣ эътироф шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ месозанд, дар заминаи татбиқи ѓояҳои олии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба даст омадаанд.

   Истиқлолияти сиёсӣ ва давлатӣ, ки арзиши олии башарӣ ба шумор рафта, тайи зиёда аз бисту ҳашт сол боз ҳамқадами мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад, дар натиҷаи роҳандозӣ гардидани барнома ва стратегияҳои ин иҷлосияи таърихӣ побарҷо мондааст. Дар ин замина Сарвари давлат таъкид кардаанд: «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гавҳора будаи Истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи онро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд». Аз ин ҷост, ки ба таври бояду шояд омӯхтан, шинохтан ва қадр намудани арзишҳои сиёсӣ, маданӣ ва давлатдории миллӣ, ки натиҷаи барномарезиҳои ҳамон Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олӣ маҳсуб ёфтааст, вазифаи ҳар фарди солимақли ҷомеа мебошад. Ба сухани дигар, маҳз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ масири сохтмони давлатдории миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ таъйин кардааст.

                                   Н. Нуров,

                                   устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода