Моҷарои гӯшношуниде, ки аз ҷониби Беҳруз Гулмурод  фарзанди хоини миллат Гулмурод Ҳалимов ва рафиқонаш дар маҳкамаи шаҳри Ваҳдат ба вуқӯъ пайваст ва боиси марги фоҷиавии нафарони зиёде гардид мардуми ватандӯсти тоҷикро ба тавшиш овард. Ин моҷаро мардуми тоҷикро бетараф гузошта наметавонад. Чунон ки дар мақоли халқӣ омадааст, «Гургзода оқибат гург шавад». Хушбахтона сохоторҳои қудратӣ саривақт пеши ин ҳодисаро гирифтанд ва нагузоштанд, ки ин гурӯҳи терористӣ ба ҳадафи хеш бирасанд. Ин амали хоинони миллат аз ғаразҳои нопок ва барномаҳои пасипардагии собиқ ҲНИТ сарчашма мегирад.  ҲНИТ дар симои роҳбарону намояндагони фаъоли худ ин аъмоли зиштро пай дар пай  идома медиҳад.

Баррасиҳои ҷомеашиносон нишон медиҳанд, ки ҲНИТ бо наздикшавии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ пайи пиёда намудани ҳадафҳои гуногуни нопоки хеш бо ҳар васила талош меварзад, ки ҷомеаро ноором намояд.  Махсусан, роҳбарияти ҲНИТ ба вижа М. Кабирӣ кӯшиши бештаре ба харҷ медиҳад, ки мақомоти давлатиро сиёҳ намояд. Аъзои ҲНИТ хидмати холисонаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки пайваста дар роҳи таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор, рушди бемайлони соҳаи маорифу тандурустӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, бахусус озодиҳои эътиқодии мардуми мусалмон, талош меварзад, нодида мегиранд.

Аъмоли зиште ки аз ҷониби намояндагони ҲНИТ Беҳруз Гулмурод,  Фахриддин Гулов, Маҳмадулло Шарипов ва Руҳулло Ҳасанов сурат гирифт ин идомаи мантиқии корҳои ифротгароёнаи аъзои собиқ ҲНИТ мебошад. Хушбахтона бо шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи комил таҳти сарварии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар бахшҳо амнияти кишвар хеле қавӣ гардидааст ва ин беадабонро кормандони қудратӣ зуд дастгир намуда, муҷозоташонро тибқи Қонун муайян намуданд.

Аз воқеаҳои нангин бармеояд, ки ифротгароиву хурофотпарастӣ оқибати ногувор дорад. Аммо солҳои охир дар байни насли ҷавон ифротгароӣ ба як бемории сирояткунандае  табдил ёфтааст. Дар табобати ин беморӣ ба қавли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд  тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро ба қавли мутафаккири бузурги форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ:

Мунағғас бувад айши он тандуруст,

Ки бошад ба паҳлӯи бемори суст.

Аз ишораи Саъдии Шерозӣ бармеояд, ки айши он инсони тандурусте, ки дар паҳлӯи ӯ бемори сусту заиф, нола мекунад, ҳамеша хираву ногувор аст. Ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ин худаш як бемориест, ки ба айши ҷавонони тандурусту лаёқатманди кишвари озоду ободамон халали ҷиддӣ ворид менамояд ва чунон ки дидем оқибатҳои ногуворро рӯйи кор меоварад.

Дар ин сурат ҷомеаро лозим меояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи чаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Мо шаҳрвандони кишвари офтобиамонро зарур аст, ки ба ҷиноят ва хархашаҳое, ки аз ҷониби тангназарони миллати тоҷик содир мегардад бетарафӣ зоҳир нанамоем. Зеро андешамандони тоҷик сокинони кишварро хотирнишон месозанд, ки фирефтаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ нашаванд,  чун ки намояндагони ин ҳаракатҳо мақсади ниҳоиашон ин аст, ки дар зери ниқоби дини мубини ислом ғаразҳои нопоки хешро амалӣ намуда вазъи ҷомеаро ноором намоянд. Таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ таъсири манфии худро на ин ки ба як давлат ё минтақа, балки ба тамоми гӯшаву канори дунё мерасонанд. Мушкилоти асосии даҳсолаҳои охиринро ҳамин таҳдидҳои навини олам ташкил медиҳанд. Ба қатори чунин таҳдидҳо‚ пеш аз ҳама‚ терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, СПИД, қашшоқӣ, масоили экологӣ, фурӯши ғайриқонунии одамон ва дигар масъалаҳо дохил мешаванд. Ҳарчанд ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри аз байн бурдани ин хатарҳо кӯшишҳо намуда истодааст, вале пурра аз байн бурдани чунин хатарҳо ғайриимкон аст. Ба замми ин‚ таҳдидҳо дар ҷаҳон сол то сол афзоиш ёфта, амнияту оромии ҷаҳонро халалдор месозанд. Бинобар ин,  сокинони кишварро  лозим аст, ки аз имконияту шароити фароҳами имрӯза пурра истифода бурда, саҳми арзандаи хешро дар ҷомеаи навини тоҷик гузоранд. Қабл аз ҳама зиракиву ҳушёрии сиёсиашонро аз даст надиҳанд ва пеш аз ҳар як корро пеша кардан бо тааммул андеша намоянд, зеро таҷрибаи бойи ниёгони мо нишон додааст, ки инсонҳои тааммулпазир ба ҳадафҳояшон мерасанд ва инсонҳои баде монанди Беҳруз Гулмурод,  Фахриддин Гулов, Маҳмадулло Шарипов ва Руҳулло Ҳасанов нокому номурод мешаванд. Онҳо боиси марги чанд тан аз кормандони қудратӣ гардидиданд. Маҳз онҳо боис гардиданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи хайру баракат ва анҷоми корҳои наку маҳсуб меёбанд фарзандони нафарони зиёд аз муҳаббати падаронашон маҳрум шаванд. Пас фикр кунед оё ҲНИТ тарафдори исломи воқеӣ ҳаст ё талошаш барои соҳиби курсӣ шудан? Аз ин рӯ ба андешаи мо яке аз роҳҳои асосии миллату давлатро  аз аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ эмин нигоҳ доштан насли наврасро дар рӯҳияи худшиносӣ, худогохӣ ва хуввияти миллӣ тарбия намудану ба кору амалҳои нек ҷалб кардан аст.

Чурғосиев М, Носиров Л.

омӯзгорони ДДФСТ

ба номи М. Турсунзода