Осорхонаҳо амсоли дигар муассисаҳои фарҳангӣ дар тарбияи мардум, хоса дар тарбияи насли наврас ва ҷавони кишвар, дар шинохти таъриху фарҳанги гузашта, дар бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ, гиромидошти арзишҳои милию умумибашарӣ нақши калидӣ дошта, месазад, ки дар он тамоми экспонатҳое, ки аз ҳунару ҳунармандӣ, аз дастовардҳои ин миллати соҳибтамаддун аз замони пеш то имрӯз қиса менамояд, мавҷуд бошанд. Хушбахтона имрӯз вориди бархе аз осорхонаҳо шуда аз тамошои он ба ваҷд меоему ба кормандони ин даргоҳи бисёр муқаддас, хазинаи бозёфтҳои гаронарзиши халқ аҳсан мегӯем, чунки он лаҳза эҳсос менамоем, ки дар ин даргоҳ мутахассис фаъолият дораду он нафар ба моҳияти касби хеш хуб сарфаҳм меравад. Вале боз ҳастанд осорхонаҳое, ки дар он кормандон нисбати экспонатҳои нодир беэътиноӣ зоҳир намуда, вазифаи худро дар ин даргоҳи бисёр муқаддас кушодану маҳкам кардани дар медонанду бас.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари баромадҳояшон бобати дирӯзу имрӯзи ибратомӯзи ин миллати тамаддунсоз бо меҳру муҳаббати хоса ҳарф зада, таъкид менамоянд, ки ҳар касе, ки бо боварӣву эътиқод вазифаеро лоиқаш дидаанд, бояд дар иҷрои он рисолати хуб нишон диҳанд. Бо наврасону ҷавонон ки будану дар кадом дудмон сабзидани ин мардуми воқеан ҳунарманд, меҳнатдӯст ва пеш аз ҳама бонангу номусро муаррифӣ карда тавонанд. Бахусус кормандони осорхонаҳо, ки ин вазифаро бар душ доранду бою ғанӣ гардидани осорхона аз экспонатҳои фарҳангию таърихӣ ба донишу масъулияти эшон вобастагӣ дорад.
Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ то ҷойи имкон кушиш ба харҷ дода истодааст, ки дар бунёди биноҳои махсуси осорхона ва таъмиру тармими он ҳиссаи худро гузошта, барои мутахассисон шароити дурусти корӣ фароҳам биёрад. Ин махзанро, ки эъҷози ҳунари дастони тиллои мардуми тоҷик маҳсуб меёбад, пайваста ҷойи тамошои мардуми дохил ва меҳмонони хориҷ қарор бидиҳанд. Ва танҳо ана ҳамин муассисаҳо метавонанд дар тарғиби ҳунару ҳунармандии мардуми бофарҳанги кишвар мусоидат намоянд.
Кормандони осорхонаҳо тибқи «Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.11.2017, №523 тасдиқ шудааст, феҳристи давлатии фонди осорхонаҳоро таҳия намуда истодаанд ва корҳо дар ин самт идома доранд.
Айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 98 адад осорхона амал мекунад, ки аз ин шумора 1 адад Осорхонаи миллӣ, 3 адад Осорхонаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг, 29 адад осорхонаҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, 22 адад дар вилояти Суғд, 20 адад дар вилояти Хатлон, 10 адад дар ВМКБ, 13 адад дар НТҶ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва умумӣ) мебошад. Фонди умумии осорхонаҳо 283092 адад мебошад.
Теъдоди кормандони Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”- и шаҳри Панҷакент мувофиқи ҷадвали корбаст 33 нафар буда, айни замон 33 нафар кормандон фаъолият менамоянд. Аз ин миқдор роҳбар, сармуҳосиб, 13 нафар кормандони илмӣ ва 18 нафар кормандони ҳайати хизматрасонӣ мебошанд. Аз ҷумла 9 нафар соҳиби маълумоти олии умумӣ ва 10 нафар соҳиби маълумоти тахассусӣ буда, аз 18 нафар кормандоне, ки дар ҳайати хизматрасонӣ фаъолият доранд 5 нафар соҳиби маълумоти олӣ ва 13 нафар соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Ҳисоботи солона муян намуд,ки дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 32 номгӯи силсилачорабиниҳо аз қабили вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, сӯҳбатҳо, ташкили намоишгоҳҳои сайёр ва ғайра бахшида ба ҷашнҳои фархунда баргузор гардидаанд.
Аз санаи 14.09.2018 то 26.09.2018 дар толори осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд даҳаи намоиши ашёи осорхонавии Фонди осорхонаи ба номи Рӯдакӣ ташкил карда шуд ва зиёда аз 120 адад ашёи осорхонавӣ дар осорхонаи мазкур ба маъраз гузошта шуданд.
Инчунин 37 адад ашёи арзиши таърихию фарҳангидошта, аз қабили зарфҳои мисӣ ва сафолӣ, дастхатҳо, сӯзанӣ, ороишоти нуқрагии занона, ҷома ва ғайра аз ҷониби комиссияи харид ба Хазинаи осорхона ворид гардиданд. Инчунин 1 адад чароғи сиёҳ, 1 адад ҷомаи занона ва 65 адад аксхо оид ба 25 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ройгон ба Осорхона тӯҳфа гардида, дар маҷмӯъ 4462 нафар тамошобинон, аз ҷумла 1677 нафар ба тариқи ройгон ташриф оварданд.
Дар осорхонаҳои дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ бо мақсади рушди сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ “1300 рӯзи ободонӣ” чорабиниҳои гуногун доир шуда истодаанд.
Илова бар ин бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо санаи 17 май дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конференсияи илмӣ таҳти унвони “Осорхонаҳо — макони таъриху тамаддун” баргузор гардид. Ҳамчунин, бо иштироки меҳмонони ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Қирғизистон дар осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар ба муносибати 110 — солагии мавлуди ин олими барҷаста гузаронида шуд.
Дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” намоиши сайёр аз фонди Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносии ҷумҳуриявии ба номи Абӯабдулло Рӯдакии шаҳри Панҷакент баргузор гардид. Намоиши сайёр ба ҷашни 27 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори Рӯзи шаҳри Хуҷанд, 60 — солагии таъсисёбии Осорхонаи мазкур ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуд.
Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бошад тибқи нишондоди ҷадвли корбаст 5 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 2 нафар олии тахассусӣ. 1 нафар олии умумӣ. 1 нафар бо маълумоти миёна ва 1 нафар корманди техникӣ мебошад. Дар Осорхона 17 чорабинии фарҳангӣ — маърифатӣ, аз қабили мизи мудаввар, семинар, экскурсия, муаррифии мавзӯҳои муҳими рӯзмарра, сӯҳбат, таҷлили ҷашнҳои умумиҷумҳуриявӣ ва дигар намуди маҳфилҳо гузаронида шуда, дар онҳо 816 нафар аҳолии касбу кори гуногун аз қаламрави кишвар ва берун аз он иштирок карданд.
Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб низ мисли осорхонаҳои дигари дар ҷумҳурӣ фаъолияти босамар дошта аз иҷрои кори худ бо сарбаландӣ баромада истодааст. Тибқи нишондоди ҷадвали корбаст дар муассисаи мазкур айни замон 53 воҳиди корӣ мавҷуд аст, ки дар соли сипаригардида ба ҳама воҳидҳои корӣ кормандони тахасусӣ ҷалб гардидаанд.
Дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кормандони Муассиса беш аз 30 намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуданд. Дар осорхонаҳои шомили Муҷтамаъ бошад, беш аз 28 чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор карда шуд, ки дар он беш аз 1560 нафар меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мақбараи Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд. Ҳамчунин, 76 нафар сайёҳони хориҷӣ тавассути нигораҳои осорхонаҳои Муассиса бо гузаштаву имрӯзаи мардуми тоҷик шинос шуданд. Дар маҷмӯъ дар соли 2018 шумораи тамошобинон дар ин муассиса 32891 нафарро ташкил дод.
Баробари бозёфти экспонатҳо аз ҷамоату маҳал аз тарафи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ низ барои харидорӣ ҳамасола маблағ ҷудо карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки дар давоми соли равон аз ҳисоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории нигораҳо 48500 сомонӣ ҷудо гардида, ба ин маблағ 135 адад нигораҳои пурарзиши таърихию фарҳангӣ вориди фонд карда шуд. Дар ин давра феҳристи пурраи нигораҳои осорхонаҳои Муассиса тартиб дода шуд, ки дар маҷмуъ 10953 нигора ба тариқи харид ва тӯҳфа ворид гардидааст. Аз шумораи умумии нигораҳои зикргардида 3038 ададаш дар толорҳои намоишии Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700 — солагии Кӯлоб, 520 адад дар Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Ҳамадонӣ ва 209 адад дар Хона — музейи ба номи Шоир ва Ҳофизи халқ С. Вализода манзури тамошобинон гардидааст. То имрӯз 7186 адад нигора дар фонд маҳфузанд.
Дар вилояти Суғд низ ба рафти кори осорхонаҳо диққати махсус дода мешавад ва аксари осорхонаҳо ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ мебошанд.
Осорхонаи вилоятии Вилояти Мухори Куҳистони Бадахшон бошад дар давоми сол бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ — сипари боэътмоди давлат» акси афсарон ва аскаронро ба намоиш гузошт. Бахшида ба «Рӯзи Модар» аксҳои занони барӯманди вилоятро таҳти унвони «Зан чароғи хонадон» ба намоиш гузошт. Инчунин, роҳбарияти осорхона дар моҳи май намоиши нигораҳоро дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба роҳ монданд. Бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва Ваҳдати миллӣ дар осорхона ҳафтаи «Дарҳои кушод» ташкил гардида, намоиши нигораҳо ба роҳ монда шуд. Бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи марказии шаҳр намоиши ҳунарҳои мардумӣ пешкаши сокинон гардонида шуд.
Инчунин, Хона — осорхонаи Шириншоҳ Шоҳтемур низ дар қатори дигар муассисаҳои фарҳангӣ вохӯрӣ бо кормандони комиссариати ҳарбӣ ва хонандагони МТМУ №13 ба номи Зинатшоев А. доир намуда, бахшида ба Рӯзи Модар лавҳа бо 20 адад аксҳои занони барӯманди ноҳия ва дар ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Шуғнон нигораҳои осорхона ба намоиш гузошта шуданд. Илова бар ин бахшида ба Рӯзи Ғалаба вохӯрӣ бо афсарони қисми низомӣ дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон ва хонандагони МТМУ №12 ташкил ва гузаронида шуд.
Ба осорхонаи вилоятии “Авасто” 532 адад, Бибихонум 11 адад, Кӯлоб 4 адад, Норак 10 адад, Ховалинг 10 адад, Қубодиён 11 адад, Темурмалик 5 адад, Хуросон 3 адад, Шаҳритуз 29 адад, А.Ҷомӣ 8 адад, Фархор 36 адад, Ҷ.Балхӣ 35 адад, Носири Хусрав 76 адад ва Ҳамадонӣ 12 адад, ҷамъ 782 адад нигораҳо ройгон аз тарафи шаҳрвандон оварда шуданд.
Тавре, ки дар боло баён доштем, корҳои назаррас дар осорхонаҳо хеле зиёд ба чашм мерасанд ва атрофи бурду бохти ин самт аз тарафи мутахассисони соҳа, аз тарафи кормандони осорхонаҳо маводҳои зиёде ба табъ мерасанд, ки тавассути он муштариён аз тозатарин муждаҳо бохабар мешаванд, ки ин лаҳза метавон чанде аз онро ёдрас шуд. Аз ҷониби директори Осорхонаи марказии шаҳри Ҳисор 2 дастури методӣ таҳти унвони «Тарзи корбарӣ дар Осорхона» ва «Фаъолияти кории кормандони техникӣ» ва 5 мақолаи тадқиқотӣ дар мавзӯи «Табари мисин дар илми бостоншиносӣ» ба нашр расиданд. Инчунин мақолаҳои Забарова Марҳабо дар мавзӯи «Ҳунарҳои мардумӣ» ва 12 мақолаи публисистии дигар дар мавзӯҳои таърихию фарҳангӣ ва публисистӣ аз тарафи кормандон дар рӯзномаҳои «Ҳисори Шодмон», «Ҳисори зарнисор» ва «Самак» нашр гардиданд. Кормандони Осорхона 6 конфронси илмӣ-маърифатӣ, 4 мизи мудаввар вобаста ба санаҳои таърихӣ ташкил намуданд, ки аз ин чорабиниҳо зиёда аз 200 нафар иштирокчиён баҳравар гардиданд.
Дар шаҳри Ҳисор озмуни осорхонаҳо таҳти унвони «Осорхона — оинаи таърих» баргузор гардид, ки дар он 11 осорхонаҳои мактабӣ ширкат варзида, ғолибон бо диплому туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар ин давра 140 адад осори таърихию фарҳангӣ ба фонди асосии осорхона ворид гардида, 11 нафар ба курси такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд.
Аз ҷониби кормандони Осорхонаи санъати амалию халқии ба номи Мирзо Турсунзодаи деҳаи Қаратоғ низ 6 мақолаи илмӣ дар нашрияҳои маҳаллии «Диёри Турсунзода», «Ҳидоят» ва китобҳои «Ёдгориҳои археологии шаҳри Турсунзода», «Физикаи сайёҳӣ», «Об муъҷизаи бебаҳост», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028»ба табъ расида, дар ҳаҷми 400 саҳифа китоби «Сайёҳӣ дар Тоҷикистон» омода гардидааст.
Хулоса, кор дар ин самт чун дигар самтҳои фарҳанг бомаром рафта истодаасту кормандони осорхонаҳо пайи иҷрои дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат, хоса дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, дар талоши онанд, ки соли 2019 — ро ҳам мисли соли пешин бо дастоварҳои хуби меҳнатӣ сипарӣ намоянд. Паёми имсолаи роҳбари давлат, ки самти асосии он ба рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ равона гардидааст, эшонро водор намуда, ки дар ташкили намоишҳои махсуси вобаста нуктаҳои асосии Паём, дар гирдоварии экспонатҳо барои ҷавонони ташнаи илм ва ҳунар мусоидат намоянд.

Қурбон  ҒУЛОМЗОДА,
омӯзгори кафедраи китобхонашинос
ӣ
ва библиографишиносии ДДФСТ
ба номи Мирзо Турсунзода