Вазъи ноороми ҷомеа, ки рӯз ба рӯз дар пайи зуҳурёбии бемории коронавирус ба амал омада истодааст, инсони комилро бетараф гузошта наметавонад. Вазъи доман паҳн кардани ин беморӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла Амрико, Аврупо ва кишварҳои узви ИДМ тавассути шабакаҳои интернетӣ ва дигар ВАО ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонда мешавад. Шабакаҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иттилорасонию маълумотгирӣ, бо истифода аз техникаю технологияи муосир, дар сафи давлатҳои тарақикарда қарор доранд ва мавқеи онҳо дар ҷомеа ба таври мусбат назаррас аст.
Имрӯз мо дар ҷомеае зиндагӣ мекунем, ки баробар донистани тамоми халқу миллатҳо ифодакунандаи принсипи инсондӯстиамон дониста мешавад. Ин принсип моро водор месозад, ки ба ҳамаи ҳодисаҳо воқеъбинона назар андозем ва вобаста ба вазъи қарордошта ҳақиқати воқеиро баён намоем. Дар ҷаҳони пуртазод сар задани ҳар гуна падидаҳои хуб, бешубҳа, ба муваффакияту пешрафт ва зуҳуроти номатлуб ба ташвишу изтироб ва нооромиҳо оварда мерасонад. Аз ин рӯ, мо тоҷиконро лозим меояд, ки таъкиди ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — зиракии сиёсиро аз даст надиҳедро дар ҳар ҳолат ба манфиати Ватану халқу миллат ба кор барем.
Маъмулан атрофи паҳн шудани ҳар гуна ҳодиса дар ҷомеаи ҷаҳонӣ фарзияҳо пайдо мешаванд, вале то чӣ андоза онҳо таҳқиқ шудаанд ва ё тахминианд нуқтаи назарҳо мухталифанд. Дар ин замина баъзан чунин нуқтаи назар миёни мардум паҳн мешавад ва боиси барангехтани ҳар гуна низоъҳо, тарсу ҳарос аз воқеа ва ё ҳодисаи баамаломада мегардад. Бархостани овозаҳои беасос ва суханбофиҳо аз ғаразҳои бади ашхосе дарак медиҳад, ки дар роҳи таъсир расондан ба ҳолати рӯҳии ҷомеа таҷрибаи беш дошта, чӣ тавр тавассути дурӯғ дар ниҳоди онҳо таъсир расондан ва назари онҳоро бо чӣ тарз тағйир доданро, омӯхтаанд.
Бояд иқрор шуд, ки атрофи бемории коронавирус дар ҷумҳурии мо ҳам аз ҷониби ин гуна ашхос овозаҳо бисёранд. Гарчанде журналистон- ҳақиқатнигорони телевизиону радио ва матбуот аз вазъияти кунунии ҷомеаи мо иттилоотро бо роҳҳои мусоҳиба, суҳбат ва барномаҳои телевизионӣ бо кормандону соҳаи тандурустӣ анҷом дода, манзури хонандагон, шунавандагон ва тамошобинон мегардонанд, бо вуҷуди ин овозаҳои бардурӯғ бо роҳҳои шифоҳӣ паҳн мегарданд.
Аз ин рӯ, мо бояд ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ, ки ба манфиати ашхоси бадкин аст, бовар накунем, зеро ин зудбоварӣ метавонад оқибатҳои нохуб дошта бошад. Бо ин мақсад мо, пеш аз ҳама, ҳимояи рӯҳию равонии худро тақвият дода, насли наврасу ҷавон ва онҳое, ки дониши кифоятӣ дар нигоҳ доштани саломатӣ надоранд, маслиҳатҳо диҳем ва шояд ба саволи он ки «агар ин беморӣ дар мо набошад, пас барои чӣ ҳама гуна чорабиниҳо манъ, масҷидҳо ва муассисаҳои таълимӣ мувақатан баста шудаанду мо бояд бо ниқоб мегардем?», чунин аст: Ҳадафи мо пешгирӣ, пешгирӣ ва боз ҳам пешгирӣ!
Бобоҷон РАҲИМОВ,
омӯзгори кафедраи
журналистикаи телевизиони
МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва
санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода »