Боиси  шодмонӣ  ва  шукургузорист, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз ба рӯз рушд намуда истодааст.

   Дар такя ба ин андеша, месазад зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Далели равшани гуфтаҳои боло ин дар иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” мебошад. Шоиста ба зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавон ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.

   Ин буд, ки Амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  9 -уми феврали соли ҷорӣ оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” содир гардид, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар мебошад.

   Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” аз чор давр иборат буда, аз моҳи январ то декабри соли 2019 идома меёбад. Имрӯзҳо ҷамбасти даври сеюми озмун ҷараён дорад. Боиси ифтихор аст, ки дар ин давр 3 нафар донишҷӯ иштирок менамоянд. Яке аз онҳо донишҷӯи курси 1-уми шуъбаи рӯзноманигори телевизион Мадина Зоирова мебошад. Мавсуф дар номинатсияҳои “Адабиёти муосири тоҷик” ва “Адабиёти ҷаҳон” ширкат варзида, ғолиб омад.

-Ман дар баробари таҳсил, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” иштирок карда истодаам. Пайваста талош дорам, ки барои ғолиб омадан дар ин озмун адабиёти зиёдеро аз эҷодиёти адибони классику муосири тоҷик ва ҷаҳон мутолиа намоям. То имрӯз дар бисёре аз озмунҳо иштирок намуда, то ҷое дастболо низ гаштаам ва умед дорам, ки дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” низ муваффақ мешавам.

   Иштирокчии дигари озмун донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи рӯзноманигори телевизион Сайёҳат Олимова мебошад.

   Номбурда зимни суҳбат иброз дошт, ки маҳз ба шарофати иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари соҳибистиқлоли мо рӯз ба рӯз зебою шукуфон ва сатҳи худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа боло рафта истодааст.

   Ба шарофати Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо дар саросари мамлакат китобхонаҳои замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки танҳо ва танҳо барои дурахшон сохтани фардои мо — насли наврасу ҷавон мебошад. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” низ аз ҷумлаи чунин иқдомҳои созанда аст, ки бо мақсади афзун гаштани дониши мо — ҷавонон эълон гардидааст. Мо бояд аз ин озмун барои мутолиа ва азбар намудани осори ниёгон ва муосирон самаранок истифода барем.

   Умедҷон Юнусалив, донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи рӯзноманигори телевизион, андешаи худро нисбат ба китобу китобхонӣ чунин баён дошт:

   -Ман бо иштирок дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…”  ба худ як ҷаҳон маъниву таасурот гирифтам ва бовар дорам, ки дар ин озмун ғолибият ба даст меорам. Ба андешаи ман, тарғибу ташвиқи фарҳанги мутолиаи китоб тавассути васоити ахбори омма аҳамияти муҳим дорад, вале намунаи зинда дар мисоли падару модар ва ёру бародар таъсири бештарро дорост. Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…”, ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, маҳз ба ҳамин мақсад, яъне ба оммавигардонии мутолиаи китоб равона гардидааст.

Сайзароб НАДИРОВ,

Зафари ШАРИФ,

омӯзгорони кафедраи Китобхонашиносӣ

 ва библиографишиносии ДДФСТ

ба номи Мирзо Турсунзода