Декани факултети

китобдорӣ ва иттилоотшиносии

МДТ «ДДФСТ ба номи

 Мирзо Турсунзода»

Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонд. Сиёсати «Дарҳои кушода» ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Истиқлолияти давлатӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонист дар афкору андешаи ҷомеа тағйироти куллӣ ворид намояд. Дар ин замина, самтҳои гуногуни фарҳанг, махсусан фарҳанги китобу китобдорӣ дар даҳсолаи охир хеле рушду равнақ ёфтанд.

Таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба китобу китобдорӣ тадриҷан ба яке аз омилҳои муҳимтарини ва кафолати боэътимоди рушди соҳа гардид. Бо шарофати ин дар замони истиқлолият китобу китобдории тоҷик ҳамчун соҳаи мустақил бемайлон рушд намуда истодааст.

Агар аз як тараф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва такмили пояҳои ҳуқуқии соҳаи мазкур имконоти васеъро фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар, муҳаққиқону мутахассисони соҳа дар таҳқиқу баррасии асосҳои назариявӣ, илмӣ — методӣ ва амалии он саҳми бузург гузошта тавонистанд.

Зеро сатҳу сифати хизматрасонии китобдорӣ — иттиллотӣ ба истифодабарандагони тамоми намудҳои китобхонаҳо аз дуруст ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои илмӣ — таҳқиқотӣ ва илмӣ — методӣ вобаста аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи маркази асосии илмӣ — методиро барои тамоми китобхонаҳои мамлакат новобаста аз тобеияти идоравии онҳо Китобхонаи миллии Тоҷикистон иҷро мекунад. Аммо барои он, ки мо фаъолияти методиро ҳамчун низоми мукаммал тасаввур карда тавонем, таъкиди ҳамин нукта муҳим аст, ки имрӯз ҳар як вазорату идорае, ки дар ихтиёри худ китобхона дорад, фаъолияти илмӣ — методӣ ва инноватсионӣ — методиро ба зиммаи яке аз китобхонаҳои калонтарини соҳа вогузор мекунад.

Мутаассифона, имрӯз муассисаи калонтарини соҳаи китобдорӣ — Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар натиҷаи тағйир додани сохтор аз шӯъбаи илмӣ — методӣ маҳрум гардид ва аз нигоҳи назариявӣ ин функсия гӯё ба зиммаи шуъбаи илмӣ — таҳқиқотӣ вогузор карда шудааст. Бо ибораи дигар имрӯз дар мамлакат барои 6050 китобхонаҳои тамоми вазароту идораҳо [3] маркази ягонаи ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ — методӣ ва инноватсионӣ — методӣ вуҷуд надорад.

Аммо соли 2008 зимни ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар боари фаъолияти китобдорӣ» ба моддаи 18 — уми он — «Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» як сархати алоҳида ба мазмуни зерин ворид карда шуд: «ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳидгардонии фаъолияти ҳама намудҳои китобхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» [6]. Бо ибораи дигар, бо ворид гардидани тағйироти мазкур ба зиммаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон функсияи нав — ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳидгардонии фаъолияти ҳамаи намудҳои китобхонаҳои мамлакат вогузор карда шуд. Агарчи дар зербанди мазкур намуди фаъолияти мавриди ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳидгардонӣ ба таври мушаххас зикр нагардидааст, вале аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба таври ғайримустақим фаъолияти илмӣ — методӣ ва инноватсионӣ — методӣ низ дар назар аст.

Аз таҳлили фаъолияти имрӯзаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бармеояд, ки айни замон функсияи илмӣ — методӣ ва инноватсионӣ — методиро якбора якчанд сохтор — шуъбаҳои илмӣ — таҳқиқотӣ, библиографияи миллӣ, хизматрасонии библиографӣ, шуъбаи адабиёт оид ба фарҳанг ва ҳунар ва адабиёти хориҷӣ иҷро мекунанд, чунки шуъбаҳои номбурда дар баробари фаъолияти мустақими хеш инчунин оид ба равияи фаъолияти хеш дастурҳои гуногуни илмӣ — методӣ низ таҳия ва чоп мекунанд. Ин хуб аст, вале дар баробар ин, Китобхонаи миллии Тоҷикистон бояд тибқи нишодонди сархати номбурдаи банди 18 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» тавассути нашрияҳои илмӣ ва илмӣ — методии худ самтҳои фаъолият, аз ҷумла фаъолияти илмӣ — методӣ ва инноватсионӣ — методии китобхонаҳои тамоми вазорату идораҳоро на танҳо ҳамоҳанг созад, балки туфайли фаъолияти илмӣ — таҳқиқотӣ ва илмӣ — методии хеш ба сатҳу сифати хизматрасонии китобдорӣ — иттилоотӣ ва маълумотдиҳӣ — библиографии китобхонаҳо таъсир расонад. Ин дар мавриде муяссар мегардад, ки дар сохтори Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбаи илмӣ — методӣ аз нав барқарор карда шавад.

Дар мавриди муттаҳид кардани шуъбаи илмӣ — методӣ бо шуъбаи илмӣ — таҳқиқотӣ мо бояд сатҳи пешрафти фаъолияти китобдории кишварро бо мамолики аз лиҳози китобдорӣ мутараққии олам муқоиса намоем. Зеро муттаҳидсозии шуъбаҳои номбурда дар даврае сурат гирифт, ки дар собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ раванди мазкур идома дошт ва масъулон баъзе китобхонаҳои мо дар пайравӣ ба амвоҷи барҳамдиҳии шуъбаҳои илмӣ — методӣ як сохтори барои китобхонаҳои ҷумҳурӣ заруриро барҳам доданд. Бо назардошти он мушкилоти тарғибу мутолиаи китоб дар мамлакат, ки Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии аз онҳо ёдовар шуданд, мо бояд шуъбаи илмӣ — методии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро аз нав эҳё кунем. Зеро сатҳи маълумотнокии ҳайати имрӯзаи кадрии китобхонаҳои давлатӣ — оммавӣ, ки дар он ҳиссаи кормандони дорои маълумоти миёнаи умумӣ бартарӣ дорад, моро водор месозад, ки ин корро ҳарчи зудтар анҷом диҳем. Чунки кормандони бе маълумоти махсуси китобдорӣ одатан аз дастовардҳо ва навгониҳои соҳаи китобдорӣ камтар огоҳӣ доранд, ҳамзамон аз байни онҳо ташаббускорон камтар ба назар мерасанд. Ҳамаи ин ба сатҳу сифати хизматрасонии китобдорӣ — иттилоотӣ, ҷалби хонандагони нав ба китобхона ва раванди тарғиби китоб таъсири манфӣ мерасонад. Дар мавриди мавҷуд будани марказҳои дорои неруи кофии илмиву эҷодӣ, аз ҷумла мутахассисони дар бахши илмӣ — методӣ босалоҳият онҳо метавонанд нерӯ ва фаъолияти шумораи бузурги кормандони китобхонаҳои кишварро ба самти барои ҷомеа матлуб равона созанд, ба дарки дурусти моҳияти сиёсати китобдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни китобдорон мусоидат намоянд ва ба ин васила самаранокии фаъолияти китобдориро дар мамлакат баланд бардоранд. Аммо фаъолияти илмӣ — методии китобхонаҳо бояд дар заминаи инноватсияҳои китобдорӣ ва тозатарин дастовардҳои илму амалияи китобдорӣ роҳандозӣ гардад.

Барои анҷоми чунин кори барои ҷомеа судманд, имрӯз дар мамлакат тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, 4 сентябри соли 2007 иброз доштанд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти китобдорӣ дар мамлакат минбаъд низ тадбирҳои судманд меандешад» [4]. Сарвари давлат дар ҳамин маросим эълон намуда буданд, ки минбаъд ҳар сол 4 сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» таҷлил карда шавад. Инак, соли 12 — ум аст, ки Рӯзи китоб дар кишвари мо бо тантана таҷлил мегардад ва дар доираи ин ҷашнвора Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе низ доир мешавад.

Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 ба масъалаи китобу китобдорӣ, мутолиаи китоб, бавижа китобҳои бадеӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид карданд, ки «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад» [4].

Дар ин росто, Пешвои миллат ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот дастур доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ҳамзамон, Президенти мамлакат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар солҳои 2014 — 2019 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм қариб 6 миллион нусха ва аз ҳисоби Вазорати фарҳанг беш аз 2 миллион нусха китобҳои бадеӣ ба нашр расида бошанд ҳам, вале як қисми онҳо ба гардиш ворид нагардида, то ҳол дар анборҳо нигоҳдорӣ мешаванд [4].

Ба андешаи мо, барои ташаккули фарҳанги мутолиаи китоб, вусъати ҷараёни китобхонӣ дар ҷомеа ду корро бояд анҷом дод: нахуст, бояд оид ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон таҳқиқоти густурда, ҷомеъ ва амиқи илмӣ гузаронида шавад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шаванд; дуввум, баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бояд бо ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ барномаи вижаи тавсеаи фарҳанги китобхонӣ ё Консепсияи ташаккули фарҳанги мутолиаи китоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои татбиқи он шароитҳои мусоид фароҳам оварда шаванд. Вазорату идораҳои дахлдор бояд барои тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ корҳои амалию таъсирбахшро анҷом диҳанд. Роҷеъ ба ин масъала дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд барои мутолиаи китоб ҳафтае як соат ҷудо карда шавад, то наврасону ҷавонон бо фарҳанги китобхонӣ ошно шаванд.

Илова бар ин, расонаҳо, бавижа телевизион, махсусан шабакаҳои давлатӣ ва дигар ВАО тавассути муаррифии шахсиятҳои барӯманди миллат, ки китобу дониш дар зиндагии онҳо мавқеи хеле барҷаста дорад ва китобхонаи шахсиро ҳамчун баёнгари фарҳанги баланди хонаводаҳо ҳаматарафа таблиғ намоянд. Зеро дар мутолиа ва рушди фарҳанги китобхонӣ нақши хонавода омили бисёр таъсирбахш аст. Аз ҷониби дигар, хонавода беҳтарин муҳит барои тарбияи насли наврас буда, иртибот байни наврасон ва волидайн нерумандтарин иртибот ба ҳисоб меравад. Муҳит ва шароити хонавода, роҳҳои тарбия, тарзи андешаронӣ ва муносибати волидайн дар баланд бардоштани ҷаҳонбинии ҷавонон нақши бориз дорад, алоқамандӣ бо китобу мутолиа, мавҷудияти китоб дар хона ва дасрасӣ ба он дар раванди ташаккули одату малака ва рушди фарҳанги мутолиаи китоб нақши бузург мебозад. Нақши мактаб ва низоми таҳсилот низ дар ташаккул ва рушди фарҳанги мутолиаи китоб беандоза аст. Аз ин рӯ, пас аз хонавода, мураккабтарин вазифа дар самти ривоҷу равнақи китобхонии афроди ҷомеа ба зиммаи ниҳодҳои масъули таълиму тарбия, махсусан, Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст. Агар донишомӯзии хонанда дар мактаб бо китоб оғоз ёфта, бо ёрии хониш ва худомӯзӣ идома ёбад, ӯ дар тамоми даврони зиндагӣ аз мутолиаи китоб даст намекашад.

Омили дигари равнақи фарҳанги китобхонӣ ин савияи дониш, маҳорату малакаҳои касбии китобдорон ва таҷрибаи китобхонаҳо дар ин раванд ба шумор меравад. Агар кормандони китобхонаҳо аз илми китобдорӣ бархӯрдор бошанд, бешубҳа ҳамчун устод дар раванди ташаккул ва рушду такомули зеҳн ва маърифати хонандагон саҳми муносиб мегузоранд, аз ҷониби дигар, дар сурати мавҷуд будани китобҳои муносиб ва китобдорони соҳибкасб китобхонаҳо бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳо метавонанд ба омили муассири ҷараёни ташвиқи қишрҳои мухталифи аҳолӣ ба мутолиаи китоб табдил ёбанд. Азбаски мо аз зумраи халқҳои мутамаддину соҳибкитоб ҳастем, мақому манзалати илму ҳунар дар байни мардум волост. Имрӯз ҳама, махсусан ҷавонону наврасон кӯшиши беандозаи илмомӯзӣ доранд, ҳунарҳои наву замонавиро аз бар менамоянд, омодаанд ба халқи хеш аз сидқи дил хизмат кунанд. Ҳамин сифатҳои воло — ватандӯстиву меҳанпарварӣ, ки аз донишомӯзӣ, ҳунармандӣ сарчашма мегиранд, маҳз дар китобхона парвариш меёбанд.

Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа мавҷудияти дониши нав ва иттилооти фаровон аст. Ин иттилооту донишҳо танҳо бо роҳи мутолиаи китоб ва дигар воситаҳои илмию адабӣ ба даст меояд. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки баҳри мукаммалгардонии фонди китобии китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.

Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан тарғиб ва ташвиқ намоем. Пешвои миллат дар Паём иброз намуданд, ки бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Дар ҷараёни ироаи Паём Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» — ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд. Сарвари давлат вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳоро вазифадор намуданд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд [4].

Мардуми Тоҷикистон ин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд. Ин иқдоми Пешвои муаззами миллат имкон медиҳад, ки ҳар як сокини кишвар аз таърихи пурифтихори миллати тоҷик ба хубӣ воқиф гардида, дар рушду пешрафти кишвар саҳми фаъол гузоранд.

Дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Шоистаи зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санаде, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавони имрӯза ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.

Дар радифи андешаҳои пурқиммат нисбат ба китобу китобдорӣ Сарвари давлат инчунин пешниҳод намуданд, ки ҳар сол озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» миёни таълимгирандагони муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои ибтидоӣ ва миёна, муассисаҳои олӣ ва ба ин восита ҷалб намудани ҷомеа ба китобу китобхонӣ доир карда шаванд. Дар баробар ин масъулонро муваззаф сохтанд, ки минбаъд фаъолияти хуби китобхонаҳоро дар мақомот, ташкилотҳо, муассисаю корхонаҳо ва ҷамоатҳои деҳот таҳти назорат гирифта, китобхона бунёд намуда, онҳоро бо китобҳои бадеву тарҷумашудаи осори адибони ватанию ҷаҳонӣ таъмин намоянд.

Тавре аз мушоҳидаҳо ва суҳбату вохӯриҳо бо наврасону ҷавонон, устодон ва донишҷӯён бармеояд, онҳо иқдоми фарҳангии Сарвари давлатро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мекунанд. Зеро китоб яке аз беҳтарин офаридаҳои инсон буда, тавассути он насли имрӯза аз таҷрибаи ниёгони хеш баҳраманд гардида, афкору андешаи худро сайқал дода, барои ояндагон ба мерос мегузорад, зеро китоб яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ маҳсуб меёбад.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ва ба роҳ мондани хизматрасонии босифати китобхонавӣ — иттилоотӣ ба қишрҳои гуногуни ҷомеа пешниҳодҳои зеринро манзур менамоем:

 — барқарор намудани шуъбаи илмӣ — методии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба сифати сохтори мустақил;

 — ба роҳ мондани чопи васеи дастурҳои гуногуни илмӣ — методӣ ба ёрии тамоми кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз тобеияти идоравӣ;

 — ба талаботи рӯз мувофиқ гардондани намуди берунӣ ва дохилии ҳамаи китобхонаҳои давлатию оммавӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои кору фаъолияти кормандон ва хониши истифодабарандагон;

 — тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи бартарияти китоб дар баландбардории маънавиёти мардум, такмили донишу маҳорат, малакаҳо, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ;

 — бо мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ таъмин намудани китобхонаҳо;

 — дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил намудани намоиши адабиёти нодир;

— ташкили овезаи китоби «Тоҷикон» — и Бобоҷон Ғафуров дар ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бавижа дар китобхонаи мактабӣ;

— барои ҷалби бештари хонандагон ба мутолиаи китоб дар китобхонаҳои давлатию оммавӣ ҳамасола ташкил намудани озмуни «Хонандаи беҳтарин»;

— баҳри таъмини пурраи китобхонаҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ таҳия намудани «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025»;

— бо мақсади таъмини дастрасии озодона ва пурраи гурӯҳҳои имконияташон маҳдуд ва осебпазири аҳолӣ нисбат ба китоб ва дигар маводи иттилоотӣ эҳё намудани анъанаҳои китобдории даврони шӯравӣ — китобхонаҳои сайёр, нуқтаҳои китобдиҳӣ ва китобкашонӣ;

— пайваста ғанӣ гардондани фонди китобхонаҳои давлатию оммавӣ бо адабиёти гуногунмазмуни тозанашр.

Рӯйхати адабиёт

  1. Бӯриев, Қ. Пешгуфтор [Матн] / Қ. Бӯриев // Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе: Аржанг, 2018. –Ҷ.7. – С.3 — 9.
  2. Ғаффорӣ, Н. Сипари ҳастии миллат [Матн] / Н.Ғаффорӣ // Китобхона — олами афсона. — Душанбе: Меъроҷ, 2016. — С. 3 — 6.
  3. Дар бораи фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо дар соли 2020 [Маводи электронӣ]: https://www.vfarhang.tj/index.php/tj/.
  4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 декабри соли 2019 // Ҷумҳурият. — 2019. — 26декабр.
  5. Сӯфизода, Ш. Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан [Матн] / Ш. Сӯфизода // Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе: Аржанг, 2018. –Ҷ.7. – С.71 — 85.
  6. Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» [Маводи электронӣ]: info@mmk.tj/.