Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи терроризм борҳо дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид, суханронӣ намуда, таъкид доштаанд, ки «терроризм ба ҳеҷ як дин, миллат ва кишвар маҳдуд нест». Дар асри XXI терроризм ва экстремизм ба як ҷинояти бесобиқа ва таҳдидҳои умумибашарӣ табдил ёфтаанд ва мубориза бо он бояд ҷаҳонӣ бошад. Давлатҳои осоишта низ аз терроризм эмин нестанд. Таҳдидҳои онҳо ҷиддӣ ва бисёрҷанба: амниятӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва киберӣ мебошанд.
Ин зуҳуроти номатлуб ба мушкилоти ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки ба амнияти давлатҳо, суботи ҷомеа ва ҳаёти инсонҳо таҳдиди ҷиддӣ мерасонад. Шакл ва усулҳои фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ бо пешрафти технология ва ҷаҳонишавӣ низ тағйир ёфта, мураккабтар гардидаанд. Аз ин рӯ, таҳлили амиқи ин падида ва муайян намудани роҳҳои самараноки муқобила бо он аҳамияти хоса дорад.
Дар асри XXI яке аз таҳдидҳои асосии терроризм истифодаи технологияҳои муосир мебошад. Гурӯҳҳои ифротӣ аз шабакаҳои интернетӣ ва воситаҳои иртиботӣ барои паҳн намудани идеология, ҷалби ҷавонон ва ҳамоҳангсозии амалиётҳо истифода мебаранд. Ин раванд имконият медиҳад, ки фаъолияти онҳо аз доираи як минтақа берун рафта, хусусияти байналмилалӣ гирад.
Омили дигар ин радикализатсияи ҷавонон аст. Дар шароити нобаробарии иҷтимоӣ, таҳаммулнопазирӣ ва паст будани сатҳи маърифат, баъзе ҷавонон ба таъсири ақидаҳои тундрав гирифтор мешаванд. Гурӯҳҳои террористӣ аз ин ҳолат истифода бурда, онҳоро ба сафи худ ҷалб мекунанд.
Инчунин, ноустувории сиёсӣ дар баъзе минтақаҳо ва мавҷудияти низоъҳои мусаллаҳона заминаи мусоид барои паҳншавии терроризм фароҳам меорад. Дар чунин шароит, назорати давлатӣ суст шуда, гурӯҳҳои ифротӣ озодона фаъолият мекунанд. Бо вуҷуди мураккаб будани сабабҳо ва шаклҳои он, роҳҳои самараноки муқобила бо терроризм низ вуҷуд доранд. Омӯзиши онҳо барои таҳкими амнияти миллӣ ва ҷаҳонӣ аҳамияти махсус дорад.
Барои муқобила бо ин таҳдидҳо, пеш аз ҳама, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва назорати фазои Интернет муҳим мебошад. Ҳар як давлат бояд барои пешгирии паҳншавии амали ифротӣ чораҳои муассир андешад. Яке аз роҳҳои самараноки муқобила бо терроризм баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ мебошад. Барномаҳои омӯзишӣ, маъракаҳои тарбиявӣ ва тарзи тарбияи насли нав дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва ҳурмати ҳуқуқи инсон метавонанд таъсири идеологияҳои тундравро коҳиш диҳанд. Дар ин баробар:
-Қонунҳои устувор ва самараноки давлат, ҳачунин мустаҳкам ва фаъолияти пурзӯр ва ҳамоҳангшудаи мақомоти амниятӣ нақши калидӣ дар пешгирӣ, ошкорсозӣ ва маҳв кардани фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ доранд, инчунин ба коҳиши имкониятҳои фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ низ мусоидат мекунад.
-Терроризм ҳудуди муайян надорад ва аксар вақт байналмилалӣ мешавад. Ҳамкории давлатҳо дар мубориза бо мубодилаи иттилоот, назорати сармоягузорӣ ва ҷустуҷӯи террористон сутуни асосии самаранокии чораҳои зидитеррористӣ мебошад.
-Истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн кардани идеологияи тундрав ва ҷалби ҷавонон як таҳдиди ҷиддӣ мебошад. Гурӯҳҳои террористӣ тавассути интернет ва шабакаҳои рақамӣ маълумоти муҳими давлатӣ, тиҷоратӣ ва шахсиро дуздида, ҳамлаҳои молиявӣ ё иттилоотиро анҷом медиҳанд. Назорати мазмуни интернетӣ, бознигарии маводҳои ифротӣ ва баланд бардоштани саводи рақамӣ дар ҷомеа роҳҳои муҳим барои муқобила бо ин падида мебошанд.
Дар хулоса бояд қайд кард, ки муқовимат бо терроризм бояд дастаҷамъӣ ва муттаҳидшуда бошад. Танҳо тавассути муттаҳид шудани давлатҳо, баланд бардоштани маърифат, таъмин намудани амният ва фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоӣ метавон таҳдиди терроризмро коҳиш дод.
Бобоҷон Раҳимов, омӯзгори
МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”