Фикр мекунам, ки ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, агарчи мушкил аст, аммо нигоҳдорӣ ва ноил шудан ба дастовардҳо дар замони истиқлол аз он ҳам душвортар мебошад. Ин ҳақиқатро ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бори дигар собит сохт. Дар ҳамон давраи душвор хавфи аз миён рафтани истиқлоли кишвари мо ва давлатдории миллӣ вуҷуд дошт. Дар чунин шароити ҳассос масъулияти роҳбарӣ ва хомӯш намудани алангаи ҷангро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо матонат, далерӣ ва эҳсоси баланди масъулият ба уҳдаи худ гирифтанд.
Чӣ рӯзҳои мушкил пушти сар шуданд! Бо дилу забон шукр мегӯям, шукри ҳастии миллат, давлат ва сарвари муаззаму хирадманди он — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро. Дар зери осмони софу ором зиндагӣ кардан ва аз неъматҳои озодӣ, истиқлол, сулҳу субот ва амният бархӯрдор будан давлати бузург аст.
Чӣ гуна метавон фаромӯш кард, ки Пешвои миллат дар солҳои ниҳоят вазнин барои рушди бесобиқаи фарҳанг ғамхории ҳамаҷониба зоҳир намуданд ва тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ сохтанд. Мо дарк кардем, ки Сарвари давлат ояндаи дурахшони миллатро на танҳо мебинанд, балки онро бо фаъолияти пурсамар ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ месозанд.
Ташаббусу иқдомҳои Пешвои миллат, тавре зикр гардид, воқеан бесобиқа ва ғамхорона мебошанд. Ҳамаи онҳо ба рушди фарҳанги миллӣ равона шудаанд. Пешвои миллат фарҳангро ҳастии миллат номида, ҳар як шаҳрванди кишварро ба саҳмгузорӣ дар ҳифзу рушди он ҳидоят намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдорӣ ва рушди фарҳанги миллӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам оварданд. Зимни суханрониву мулоқотҳояшон моҳияти фарҳанг ва нақши онро дар пешрафти ҷомеа равшан ва возеҳ баён намудаанд. Илова бар ин, онҳо ҳамеша аҳли фарҳангро дастгирӣ кардаанд. Аз ҷумла, барои таъмири толори Арғунуни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон маблағҳои заруриро ҷудо намуданд. Дар ҷараёни корҳои таъмирӣ бевосита назорат мебурданд, то он ба талаботи муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад.
Консерваторияи миллӣ низ маҳз дар ҳамин давра бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат таъсис ёфт, то дар оянда мутахассисони баландихтисоси соҳаи мусиқии касбиро омода намояд. Рӯзи «Шашмақом» (12 май) ва Рӯзи «Фалак» (10 октябр) низ бо пешниҳоди Сарвари давлат эълон гардиданд, ки ин иқдом ба рушду тавсеаи ин санъати асили миллӣ мусоидат намуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» низ бо пешниҳоду дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, чандин сол боз баргузор мешавад. Ҳадафи асосии он рушди мусиқии миллӣ, кашфи истеъдодҳои нав ва такмили санъати касбӣ мебошад. Барои баргузории ин озмун ҳамасола маблағҳои назаррас ҷудо карда мешаванд.
Сарвари давлат зимни сафарҳои корӣ ва мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамеша ба ҷавонони соҳибистеъдод таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онҳоро барои таҳсил, такмили дониш ва фаъолияти эҷодӣ дастгирӣ мекунанд.
Ҳамчунин, барои таҳсили ҷавонони соҳибистеъдод дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда, пайваста таъкид менамоянд, ки нисбат ба ҷавонони боистеъдод ғамхорӣ ва дастгирӣ зоҳир карда шавад.
Ҳар як мутахассис ва ҳар фарди дӯстдори ин Ватан ва сарзамини аҷдодӣ бо доштани чунин Пешвои муаззами миллат ифтихор мекунад ва ба рушди боз ҳам бештари фарҳанги миллӣ бо дилгармӣ ва эътимоди комил умед мебандад.
