Дар таърихи башарият ҳеҷ касе ба андозаи омӯзгор ба тарбияти инсоният саҳм нагузоштааст. Ҳар як дониш, ҳар як ахлоқи нек ва ҳар як дастоварди илмӣ аз меҳри омӯзгор сарчашма мегирад. Омӯзгорон сутуни маънавии ҷомеаанд, ки бо заҳмату иродаи худ наслҳоро ба роҳи рост, донишандӯзӣ ва ватандӯстӣ раҳнамоӣ мекунанд.

30-юми август соли 2025, ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ маҳз ба ин рисолати муқаддаси омӯзгор таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.Љаноби Олӣ таъкид карданд: «Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” нишонаи олии эҳтирому қадршиносӣ ба заҳмати омӯзгорон мебошад. Омӯзгорон ҳамчун тарбиятгарони инсоният ва раҳнамоёни илму дониш яке аз рукнҳои асосии рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд.Ин суханон далолат мекунанд, ки омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза на танҳо омӯзандаи фанҳои илмӣ, балки меъмори маънавият, ҳидоятгари арзишҳои миллӣ ва тарбиятгари инсони комил мебошад.

Пешвои миллат иброз намуданд, ки дониш «қутбнамои зиндагӣ», «чароғи равшан» ва «устоди беминнат» мебошад. Ин матн барои омӯзгорон як ёдрасӣ аст, ки вазифаи мо на танҳо интиқоли дониш, балки ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ватандӯстона ба насли наврас мебошад.

Аз нуқтаи назари ман ҳамчун омӯзгор, ин суханрониҳо як дастури амал барои ҳамаи кормандони соҳаи маориф мебошанд, ки ҳар рӯз барои баланд бардоштани сифати таълим кӯшиш кунем, дар ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии донишҷӯён ва хонандагон нақши фаъол дошта бошем ва дар ҳама ҳолат насли ҷавонро ба қадри сулҳ, ваҳдат ва дастовардҳои миллӣ расонем. Ҳамчунин, аз нигоҳи педагогӣ, муҳим аст, ки мо омӯзгорон бо ҷалби таҷрибаҳои байналмилалӣ ва навгониҳои педагогӣ, методҳои интерактивӣ ва рақамӣ, таълимро ҷолиб, самарабахш ва ҳадафманд созем.

Пешвои миллат  таъкид карданд, ки тамоми ислоҳот ва дастовардҳои соҳаи маориф, аз ҷумла сохтмони мактабҳо ва марказҳои таълимӣ, ба хотири боло бурдани мақоми омӯзгор равона гардидааст. Ба андешаи Сарвари давлат, омӯзгор сутуни давлат ва кафили пешрафти миллат аст. Имрӯз, дар шароити ҷаҳони муосир, ки дониш қувваи асосии рушд аст, ҷойгоҳи омӯзгор беш аз пеш боло меравад. Арҷгузорӣ ба омӯзгор, ба таъбири Пешвои миллат, маънои арҷгузорӣ ба ояндаи миллатро дорад.

Суханрониҳои Пешвои миллат барои омӯзгор на фақат ҳидоят аст, балки як рӯҳбаландӣ ва илҳоми кор барои иҷрои вазифаи муқаддас дар роҳи таълиму тарбияи наслҳои оянда мебошад. Ин суханронӣ моро водор мекунад, ки ҳамчун омӯзгорон ҳамеша донишҷӯёнро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, муҳаббат ба илму дониш ва эҳтироми арзишҳои миллии фарҳанг тарбия намоем. Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи устод Мирзо Турсунзода бо ифтихор аз ҳидоятҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгориро ҳамчун муқаддастарин вазифа дар ҷомеа эҳтиром мекунад ва дар роҳи тарбияи аҳли фарҳанг ва санъати ватандӯсту донишманд саъю талош менамояд.

Пешвои миллат дар анҷоми суханрониашон махсус ба ҷавонон муроҷиат намуда, чунин таъкид карданд: «Мо бояд бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ сарҷамъу муттаҳид бошем ва тамоми нерӯву тавони худро барои ободии Тоҷикистони маҳбуб равона созем.»

Ин суханон, ки ба сифати дастури зиндагӣ садо медиҳанд, мақоми омӯзгорро боз ҳам устувор месозанд, зеро маҳз омӯзгорон ҷавононро ба ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва созандагӣ раҳнамоӣ мекунанд.

                                                             

Муқаддас Умарова

омўзгори кафедраи журналистикаи

телевизион ва радиошунавонӣ