Имрӯз дар толори “Арғунун”-и МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рўзи Устод Рӯдакӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид кард, ки аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 22 сентябр бо номи Рӯзи Рӯдакӣ маъмулан бо баргузории конфронсҳо, суҳбату ҳамоиш ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Аҳли илми тоҷик чунин тадбирро имконе барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно медонанд. Пешвои миллат чунин таъкид намудаанд: “Устод Рӯдакӣ нахустин шоири дар ҳақиқат миллии тоҷик буда, бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ ва корбасти калимаву таркибҳои содаву равони тоҷикӣ шеъри моро ба маснади шоҳӣ бардошт ва кохи пурҷалолу бегазанди адабиёти тоҷику форсро бунёд гузошт”.
Роҳбари муассиса тазаккур дод, ки ҳанўз аз замони зиндагиаш миёни њамасрон чун ќофиасолори шеъри форсӣ эътироф гардидааст. Устод Рӯдакӣ ҳамчун тараннумгари накукорию адолат, дӯстию рафоқат, сулҳу субот ва муҳаббати миёни одамон шуҳрат ёфта, бо унвонҳои волои Одамушшуаро, Султони мулки сухан, Соҳибқирони шоирон, Сардафтари шеъри ноби тоҷику форс ёд мешавад. Устод дар асрњои минбаъда аз љониби тазкиранависону адибон бо беш аз 50 унвони ифтихорї ёд шудаву бо сифатњои зиёде васф шудааст. Ректори донишкада аз ҷашни 1150-солагии устод Рӯдакӣ, ки бо қарори ЮНЕСКО соли 2008 баргузор гардида буд, ёдовар шуд, ки марҳилаи тозаеро дар Рӯдакишиносӣ боз намуд. Ба он муносибат дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳамоишҳои гуногуни илмӣ ташкил гардида, осори зиёди илмӣ ба табъ расида буданд.
Қайд гардид, ки устод Рӯдакӣ бо шеърҳои худ асоси сабки хуросониро гузошт, мактабе ба вуҷуд овард, ки адабиёти тоҷик аз он сарчашма гирифт. Баъд аз даргузашти Рӯдакӣ бисёр шоирон ба эҷодиёти Рӯдакӣ пайравӣ намуданд, зеро забони содаю оммафаҳм ва тарзи баёни равони каломи Рӯдакӣ барои шоирон намунаи ибрат буд. Рӯдакӣ бо лафзи ҳакимонаи хеш одамонро ба омӯзиши илму дониш ва рӯ овардан ба маърифат даъват намуда, илму донишро равшании дил, чароғи ақлу хирад номидааст. Дар замони имрӯз баҳра бардоштан аз панду ҳикматҳои Рӯдакӣ ва онро дар зиндагӣ мавриди истифода қарор додан аҳамияти бештар пайдо кардааст. Онҳо роҳнамои омӯзиши ҳаёт ва одамият мебошанд, ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, биниши тоза, ватандӯстию худшиносӣ, некию фазилат, дӯстию бародарӣ ва накӯкорӣ раҳнамоӣ намуда, паёми ахлоқии миллатро тавассути забони ноби тоҷикӣ аз насл ба насл интиқол медиҳанд.
Баъдан, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устоди донишкада Синои Абуалӣ андеша ва назари худро оид ба осори устод Рўдакї дар мавзуи “Ватан, ҳувият ва андешаи ахлоқӣ дар ашъори Устод Рӯдакӣ” баён намуд.
Масуф аз ҷумла зикр намуд, ки ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хазинаи гаронмояи адабиёт аст, шеър барои Рӯдакӣ василае буд, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии худро аз дидгоҳи ғайримуқаррарӣ ифода мекард. Бузургтарин ҳунари Рӯдакӣ он аст, ки бо эҷоди асарҳои худ ба қудрату ғановатмандии забони тоҷику форс вусъат бахшид. Забони шеъри ӯ зебову ғанӣ ва оммафаҳм мебошад. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун шоири соҳибмактаб шуҳрати комил дошт ва дар байни мардум ва доираҳои адабӣ соҳибэҳтиром буд.
Инчунин, Синои Абуалӣ ба васфи устод Рӯдакӣ шеър гуфта, бо забони шеър дар бораи мақом ва манзалати устод Рӯдакӣ андешаҳояшро иброз намуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи устодону донишҷўён барномаи ҷолиби консертӣ аз эҷодиёти устод Рӯдакӣ пешкаши иштирокдорони маҳфил гардонида шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.
ҚУДРАТОВ СИНО