ДУШАНБЕ, 21.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Бо Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид. Ҳамчунин бо Ҳалномаи мазкур 39 сомонаи интернетие, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Паймони миллии Тоҷикистон», «Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон» ва дигар созмонҳои тундрави алоқаманд ба амалҳои террористӣ ва экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шудаанд.
Тавре дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, тибқи хулосаи экпертизаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, ин сомонаҳо бо мақсади бадном кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби ғояҳои экстремистӣ-террористӣ, ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва барангехтани кинаву адовати динӣ ва миллӣ ташкил карда шудаанд.
Инчунин Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса кардааст, ки наворҳои видеоие, ки дар шабакаҳои «Паймони миллии Тоҷикистон», “Ютуб” ва “Фейсбук” ҷой дода шудаанд, аз ҷиҳати илми сиёсатшиносӣ тарғибу ташвиқи фаъолияти экстремистӣ ва зиддиконститутсионии ташкилоти аз ҷониби суд мамнӯъ эълоншударо инъикос менамоянд.
Дар Суди Олӣ ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар сомонаҳои марбут ба ташкилотҳои террористию эстремистӣ, ки масдуд карда шуданд, аломатҳои барангехтани кинаву адовати миллӣ, маҳалгароӣ, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ, даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва ноором кардани вазъи мамлакат мавҷуд мебошанд.
Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Рустам ҲАЙДАРОВ ҳамсуҳбат гардид.
АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо он навору видео ва маълумоте, ки дар сомонаҳои «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар созмонҳои террористӣ ва экстремистии ба он алоқаманд паҳн мешаванд, чӣ хусусият доранд? Баъзе давлатҳои хориҷии манфиатдор бо кадом мақсадҳо ин ташкилот ва алоқаҳои онҳоро истифода мебаранд?
Рустам Ҳайдаров: Ман фикр мекунам, ки маводи дар ин сомонаҳо нашршаванда хусусияти иғвогарона дошта, бо ҳадафи паҳн намудани кинаву адовати иҷтимоӣ-сиёсӣ, тафриқаандозӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик равона шудаанд. Иттилооти низоъангезӣ, ки дар ин сомонаҳо паҳн мешаванд, саросар аз туҳмату буҳтон нисбат ба миллати тоҷик ва Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аст.
Имрӯз ин сомонаҳо аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон гардиданд. Ин сомонаҳо дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ ҷойгир шудаанд ва бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки фаъолияти тахрибкоронаи онҳо бар зидди Тоҷикистон аз ҷониби хадамоти махсуси доираҳои хориҷӣ дастгирӣ шуда истодаанд. Ташкилоти террористӣ-экстремистии «Паймони миллии Тоҷикистон», ки имрӯз баъзе шаҳрвандони тоҷик ба он шомил гаштаанд, дар замони муосир бозичаи дасти баъзе кишварҳои манфиатдори хориҷӣ гашта, аз ҷониби онҳо барои расидан ба ҳадафҳои геополитикӣ дар минтақа истифода бурда мешаванд.
АМИТ «Ховар»: «Паймони миллии Тоҷикистон» чӣ ҳадафҳо дорад ва фаъолияти сомонаҳои ин ташкилот ба амнияти мамлакат чӣ гуна таҳдид мекунад?
Рустам Ҳайдаров: Фаъолияти сомонаҳои ин ташкилот мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон аз тарғиби идеологияи террористӣ-экстремистӣ иборат аст. Мо бояд фазои иттилоотии мамлакатамонро аз чунин таҳдидҳои иттилоотӣ ба амнияти давлат дифоъ намоем. Имрӯз дар фазои маҷозӣ ин гуна сомонаҳои «Паймони миллии Тоҷикистон» фақат ба паҳн намудани идеологияи тахрибкорона ва низоъангези ин ташкилот машғул ҳастанд.
«Паймони миллии Тоҷикистон» дар навбати худ чунин ҳадафҳоро дорад:
а) бо зурӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва халалдор кардани тамомияти арзии Тоҷикистон;
б) вайрон кардани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) бо роҳи зӯрӣ ба даст гирифтани ваколатҳои ҳукуматӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) ташкили созмону ташкилотҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
д) амалӣ намудани фаъолияти террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
е) дар ҷомеа барангехтани ихтилофи нажодӣ, миллӣ, динӣ, инчунин зиддиятҳои иҷтимоии марбут ба зӯроварӣ ё даъват ба зӯроварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ж) паст задани шаъну шарафи миллии тоҷикон;
з) роҳандозӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ, амалҳои ҷиноятӣ дар асоси душмании ақидавӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ё дар асоси бадбинӣ ё душманӣ нисбат ба ягон гурӯҳи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд таъкид намуд, ки ҳамаи ин амалҳо ба амнияти миллии давлати мо таҳдиди ҷиддӣ мебошанд.
АМИТ «Ховар»: Ба фарҳанги сиёсии роҳбарони «Паймони миллии Тоҷикистон» чӣ гуна баҳо медиҳед?
Рустам Ҳайдаров: Роҳбарони «Паймони миллии Тоҷикистон» ҳарчанд дар қалби тамаддуни демократияи ҷаҳонӣ, яъне дар Иттиҳоди Аврупо ҷойгир шуда бошанд ҳам, аммо фарҳанги сиёсии онҳо дигар нашудааст. Хусусан риторикаи ҷангҷуёнаи роҳбарони ин гурӯҳҳои ҷинояткор боз ҳам густариш ёфта, ба мисли солҳои пеш онҳо аз ҳадафи халалдор намудани сулҳу суботи Тоҷикистон даст накашида, бараъкс ҳадафмандона барои сарнагун кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон даъватҳо ба амал оварда истодаанд. Қисми зиёди намояндагони «Паймони миллии Тоҷикистон» чандин сол пеш Тоҷикистонро тарк намуда, аз ҳолати воқеии ватани мо хабар ва иттилоъ надоранд. Иттилооти бардурӯғе, ки онҳо ба воситаи сомонаҳои худ паҳн мекунанд, ягон далелу аснод надошта, аз манбаъҳои носанҷида гирифта шудаанд.
Мо имрӯз мушоҳида менамоем, ки дар риторикаи сиёсии гурӯҳҳои террористӣ-экстремистии тоҷик истифодаи калима ва ё лексикаи ғайримеъёрӣ хеле зиёд шуда истодааст. Ин худ шаҳодати надоштани ягон далелу санад ва иттилооти муътамад аст, ки онро онҳо зидди миллати тоҷик, Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат истифода бурда тавонанд. Муваффақиятҳои пайдарпаи миллати тоҷик дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ ҳамаи туҳматҳо, дасиса ва иғвогариҳои гурӯҳҳои террористӣ-экстремистии тоҷикро ботил месозанд.
Дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо фаъолияти ғайриқонунии худро идома дода истодаанд, ки ба забони нафрат ва таблиғи ғояҳои терроризм, идеологияи ифротгароии зӯроварӣ, радикализми динӣ асос ёфтаанд. Онҳо бо истифода аз он, ки мақоми гурезаро дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дарёфт кардаанд, ба таҳрики адовати иҷтимоӣ-сиёсӣ ва адовати мазҳабӣ дар сегменти тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет идома медиҳанд.
Риторикаи ҷангҷӯёнаи гурӯҳҳои террористӣ-экстремистии тоҷик чанде пеш боиси он шуд, ки баъзе ҷонибдорони онҳо дар Интернет ошкоро баромад намуда, барои сарнагун кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон ва муқаррар кардани қоидаҳои шариат тарғиб доранд. Чунин амалҳои харобиовари гурӯҳҳои террористии тоҷик, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ, ба назари мо, бояд ҳамчун таҳдиди кушоду мустақим ба амнияти аҳолии Тоҷикистон арзёбӣ карда шаванд. Дар давраи ҷангҳои иттилоотӣ, ки яке аз воситаҳои муосири барҳамдиҳии сохти конститутсионӣ дар бисёр кишварҳои дунё ҳастанд, мо бояд ба чунин таҳдидҳо вокуниши ҷиддӣ нишон диҳем.
Ба ин хотир, мақомоти дахлдор барои эҷоди монеа ба чунин чолишҳо ва таҳдид мувофиқи ваколати худ амал намуда, бар зидди ин тамоюлҳои манфӣ муқовимати ҷиддӣ нишон хоҳанд дод.
Мавриди зикр аст, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ аз Тоҷикистон, бо муттаҳид сохтани ба ном ташкилотҳое, чун «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», «Ассотсиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ» ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ таъсис ёфтааст.
Аксари коршиносони масоили сиёсӣ ва амниятӣ бар ин назаранд, ки ТТЭ ҲНИ бо иқдоми ташкили паймони нав ба мисли найрангҳои солҳои навадум азм дорад амалҳои тахрибкорона ва террористиву эстремистияшро зери ниқоби ин паймон амалӣ созад. Вале, мусаллам аст, ки «Паймони миллии Тоҷикистон»- ин ҳамон ТТЭ ҲНИ бо номи дигар аст.
Суди Олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро дар Тоҷикистон мамнуъ ва онро ташкилоти террористӣ-эстремистӣ (ТТЭ) эълон намуд.