Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои неки китобхонӣ, китобу китобдорӣ, бунёди китобхонаҳои нав, нашри силсилаи асарҳои бадеӣ, илмӣ, таърихӣ, таълимӣ ва анвои дигари китобҳо вусъати ҳамаҷониба ёфт ва соҳаи китобдорӣ дар мамлакат беш аз пеш рӯ ба инкишоф ниҳод.
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои наврасону ҷавонон дар китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ шароити мусоиди китобхонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, солҳои охир дар ин самт тағйироти ҷиддӣ ба вуқуъ пайваста, таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди китобхонаҳо, маблағгузории чопи осори гузаштагони соҳибкитоби мо, муҳайё намудани шароити мусоид барои зиёиёни эҷодкор ва тарғиби китобхонӣ дар суханрониҳояшон қобили зикри алоҳида мебошад. Ҳар шахси соҳибфарҳанг, хусусан ҷавонон бояд аз ин имкониятҳо истифода намуда, баҳри донишандӯзӣ ва хештаншиносӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд ва ҳамзамон дар тарғиби китобхониву китобдӯстӣ дар ҷомеа саҳм гузоранд.
Маврид ба таъкид аст, ки эълони Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» , «Шоҳномахонӣ» ва «Илм-фурӯғи маърифат», ки барои тамоми қишрҳои ҷомеа нигаронида шудаанд, бозгӯи таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба тарғиби китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати китобхонӣ мебошад.
Дар ин замина метавон даҳҳо иқдомҳои Пешвои муаззами миллатро номбар кард, ки ба маънавиёти ҷомеа равона шудаанд. Аз ҷумла, 30-юми июни соли 2026 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он қабули Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2031 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба назари мо ин иқдом дар баробари дигар иқдомҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар боло зикр кардем, боз як ташаббуси наҷиб дар соҳаи китобдорӣ ба шумор меравад. Зеро мақсади асосии барномаи мазкур «Мусоидат намудан ба рушди китобхонаҳои деҳот, ташаккули низоми такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисон, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ кардани фаъолияти онҳо мебошад». Тавре аз гузоришҳо бар меояд, «Ҳадафи барнома аз таъмини китобхонаҳои деҳот бо таҷҳизоти компютерӣ, пайвастшавии онҳо ба шабакаи интернет, ташкили махзанҳои электронии китобҳо ва баланд бардоштани саводнокии кормандони китобхонаҳо ва ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, ба китобхонӣ иборат мебошад».
Воқеан дар шароити имрӯза яке аз омилҳои муҳими пешрафти фаъолияти китобхонаҳо истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ аст, ки ба рушди воситаҳои компютерӣ ва шабакаҳои телекоммуникатсия робитаи зич дорад. Зеро истифодаи мақсадноки технологияҳои номбурда барои рушд ва такмили низоми кор фазои сифатан нави иттилоотӣ фароҳам меорад.
Маврид ба зикр аст, ки китобхонаҳо бояд аз раванди босуръати тараққиёти технологияи муосири иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ дар канор набошанд, аз имкониятҳои нави ҷомеаи иттилоотӣ барои васеъ намудан ва боз ҳам беҳтар гардонидани сифати хадамоти китобдорӣ-иттилоотӣ самаранок истифода баранд, вагарна мавқеи иҷтимоии онҳо дар ҷомеаи мутамаддин ноустувор гардида, теъдоди истифодабарандагони онҳо коҳиш хоҳад ёфт. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуданд: «…ҳар қадар фарзандони миллат китобхон бошанд, ҳамон қадар миллат неруманд мешавад». Мақсад аз ин гуфтаҳо ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона ва фароҳам овардани шароити созгор баҳри онҳо мебошад. Муҳаббат ва эътиқод ба китоб, муҳаббат ва эътиқод ба дониш ва хирад аст. Наврасону ҷавонони мо ҳар қадар китобдӯсту китобхон бошанд, ҳамон қадар фаъол ва ба ҷомеа нафърасон хоҳанд шуд.
Хулоса, мо ворисони шахсиятҳое ҳастем, ки дар саҳифаи таърихи миллат ва тамаддуни ҷаҳон бо осори гаронарзишу пурғановати хеш мақоми шоиста касб кардаанд, аз ин рӯ, дарки масъулияти баланди ворисият моро водор месозад, ки сабақи китобхонӣ, китобдорӣ, китобнависӣ ва муҳимтар аз ҳама, баҳрабардории амиқу самарбахш аз мазмуну асрори китобро на танҳо ба фарзандони хеш, балки ба насли бани башар омӯзонем.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки қабули Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2031 як такони ҷиддие дар рушди соҳаи китобдорӣ мебахшад. Ҳамзамон, барои насли навраси деҳот, ки ташнаи донишу маърифат мебошанд ва зиёд мехоҳанд дар озмунҳои китобхонӣ ширкат варзанд, ин барнома шароити хубтару беҳтари китобхониро фароҳам меорад.
Зафари ШАРИФ,
доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ