Тероризму экстремизм аз ҷумлаи зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, ин вабои аср ба ҳаёти ҷамъиятӣ хатари ҷиддӣ дорад. Маънои аслии “ экстремизм”, “терроризм” чист ва онҳо чӣ гуна намоён мешаванд? “Терроризм аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш “тарс ва ваҳм”, даҳшатафканӣ мебошад. “Экстремизм”бошад, аз калимаи фаронсавии “extremizme” гирифта шуда, маънояш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳои тундравона ва як маънои дигараш аз ҳад гузаштан аст. Дар асл гирем, терроризм ва экстремизм ду мафҳуми ба ҳам пайваст мебошанд. Экстремистон ва террористон кӯшиш менамоянд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ки ҷавонон бо зудбоварӣ ба осонӣ ба онҳо пайравӣ менамоянд. Барои ба ҳадафи сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстриместӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонда, шаҳрвандони гуногунро, махсусан ҷавононро ба доми фиреби худ мекашанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди терроризму экстремизм тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Ин аст, ки Пешвои миллат 21 — уми апрели соли 1997 Фармон “Оид ба чораҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм”-ро қабул намуд. Баъдан аз ҷониби Маҷлиси Олӣ низ барои пешгирӣ ва мубоиза бо терроризм як қатор қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи амният”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташакилона” қабул гардиданд.
Инчунин, 23 декабри соли 2023 Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ зикр намуданд, ки “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ба таъкиди Сарвари давлат, ҳалокати ҳазорон мардуми осиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа — занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад. Созмону ҳаракат ва гурӯҳҳои гуногун , ба монанди “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “ Толибон”, “ Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Толибон”, “Боко-Ҳарам” ва амсоли инҳо аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдорҳои ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад. Ба ин ҳолату вазъият ҳамсоякишвари мо — Афғонистон мисол шуда метавонад. Соли 2021 дар ин кишвар гурӯҳи террористии “Толибон” ба сари қудрат омад ва зиндагии мардуми ин сарзамини ҷангзада бадтар гардид. Ҳарчанд толибон ба мардуми Афғонистон ваъдаи тинҷиву амониро дода бошанд ҳам, аммо гурӯҳи Давлати исломӣ ва дигар гурӯҳҳои терористие, ки дар ин сарзамин лона гузоштаанд мардумро зери таҳдиду хатар қарор медиҳанд.
Ба ақидаи олимону муҳаққиқон, экстремизм бештар дар дин хусусияти ҷалбнамоиро созгор мебошад ва он дар тамоми гӯшаву канори олам ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо онҳо аз номи дин ҳарф мезананд ва амалҳои худро аҳкоми динӣ меҳисобанд, ки ин танҳо ба хотири суиистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ба дину мазҳаб рабте надорад.
Чуноне ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат рабте надорад, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди солимфикри ҷомеа, бахусус ҷавонон, бояд ба ҳар гуна иттилои бардурӯғу ваъдаҳои пучи созмону гурӯҳҳои ифротӣ дода нашуда, танҳо аз шууру маърифати худ истифода баранд. Зиракии сиёсиро аз даст надода, дастовардҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи кишварро ҳифз намоянд ва ҳамеша барои гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми худро гузоранд. Шукронаи сулҳу суботи кишвар намуда, ҳамеша парчамбардори давлату миллати хеш бошанд, чунки ояндаи ҳар як давлату миллат аз ҷавонон вобастагии зиёд дорад.
Арзанда ЗАНҶИРБЕКОВА,
кафедраи технологияи ВАО-и МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»