Дар Театри таълимии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» 2-юми феврали соли 2021 ба ифтихори ҷашни Сада бо унвони “Сада-ҷашни бостонии тоҷикон” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Ба чорабинӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Низомӣ Муҳриддин Зайниддин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони ҷашнвораро ба муносибати ин ҷашни миллӣ самимона табрик гуфта, барояшон рӯҳи болидаю рӯзгори осуда  таманно  намуд. Мавсуф зикр сохт, ки ҷашни миллии мо — Сада дар тӯли таърих борҳо ба мухолифати мутаассибон дучор шуда, нисбат ба Наврӯзу Меҳргон як андоза камранг гардида бошад ҳам, бо касби Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардааст.

Муҳриддин Низомӣ тазаккур дод, ки ҷашни Сада ҷанбаи табиӣ дошта, мобайни зимистон — вақте сардии ҳаво паст шуда, имкони бо замин сари кор гирифтан муҳайё мешавад, фаро мерасад. Дар рӯзҳои баргузории ҷашни Сада намоиши ниҳолҳо, меваю сабзавот, навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, ки маҳсули заҳмати деҳқонону ҳунармандон мебошанд, ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Оину таомулҳои ин ҷашни фархундаи миллӣ мардумро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек ҳидоят мекунанд.

Ректори донишкада таъриху суннатҳои ҷашни Садаро бо такя ба маълумоти асарҳои таҳқиқотӣ мавриди таҳлил қарор дода, аз ҷумла зикр намуд, ки Сада аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёӣ буда, оғози он ба давраи подшоҳии Пешдодиён мерасад. Агар Наврӯзро мувофиқи фарҳанги тақвими миллии худ сари сол бишиносем ва аввалин ҷашни сол бидонем, пас Меҳргон ҷашни дувуми сол ва Сада ҷашни савуми соли тақвими миллӣ аст, ки ҳамзамон муқаддима ва заминасозие барои ҷашни Наврӯз — сари соли оянда мебошад. Аммо, ҳамчунин, бояд дар назар гирифт, ки ин ҷашн аз рӯйи тартиби замонӣ нахустин ҷашн аст, чун бунёнгузори он Ҳушанг — дувумин шоҳ аз Пешдодиён мебошад ва қабл аз он аз ҳеч гуна ҷашне ёдоварӣ нашудааст.

  Сипас, магистрони шуъбаи режиссура ва продюсерии факултаи режиссура, кино ва телевизион прологи «Зуҳури Сада» — ро иҷро намуданд, ки ифодагари мазмун ва муҳтавои ҷашни Сада ба шумор меравад. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷумахон Сафаров, устодону донишҷӯён Сафизода Моҳрухсор, Хушбахт Ниёзов, Ҷумабой Шарипов, Акрам Мирзоев, Анжела Давлатшоева, Рустам Олимов, ансамблҳои “Шашмақом”  ва “Бунафша” бо рақсу суруду оҳангҳои марғуб хотири иштирокдорони ҷашнвораро шод гардонданд. Дар интиҳои барнома дар саҳни “Наврӯзгоҳ”- и донишкада ҳамчун рамзи асосии ҷашни Сада маросими оташафрӯзӣ баргузор гардид.

    

Дар ҷолибу хотирмон баргузор гардидани барномаи фарҳангӣ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Фарҳод Мирахмедов (роҳбари бадеӣ), номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Баҳрулло Нарзуллоев (роҳбари мусиқӣ), Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Рустам Воҳидов (басаҳнагузоранда),  муаллими калон Наргис Султонова (коргардон)  ва дигар устодону донишҷӯён  саҳми арзанда гузоштанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ