Суханронии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ба ифтихори Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 октябри соли 2020

Устодони азиз, меҳмонони гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навинамон ба ҳисоб рафта, ҳамасола 5 октябр дар саросари мамлакат таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.

Дар тӯли таърих фарзандони фарзонаи миллат миллати тоҷик ҳамеша пайи нигоҳ доштани забони миллӣ, арзишҳои миллӣ, асолати миллӣ, ҳувияту худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддун талош намуда, аз давлату миллати худ дифоъ кардаанд. Ҳамакнун ин рисолатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифтаанд. Дар радифи ҳифзи дигар арзишҳои миллиамон, дар поянда ва бегазанд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки як рукни шинохти миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст. Дар натиҷа ин санаи муборак дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои Ватани азизамон қарор дошта, онро ҳар кадоми мову шумо мисли дигар муқаддасоти миллиамон гиромӣ ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

Забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ неруи тоза гирифта, имрӯз аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва нуфузу шуҳрати Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад.

Хотирнишон месозем, ки забони модарии мо — забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне, миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Ёдовар мешавем, ки забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист.

Ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд. Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд».

Воқеан, бо ин забони шевою шоирона садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад. Ин, албатта, мояи ифтихору сарфарозии мо-ворисони ин мероси бузурги маънавӣ мебошад.

Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.

22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардида буд. Вале баъди бист соли амали он бо мақсади қонеъ гардондани талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеа зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад. Бо ин мақсад, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар замони истиқлоли давлатӣ — дар шароити дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба танзим медарорад. Яъне тавассути ин қонун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид.

Дар ин давра қабул гардидани Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи босуботи забони миллиамон заминаи боэътимод фароҳам оварда, дар таҳкими пояҳои асосии рушди забони давлатӣ ҳамчун омили муҳимми пойдории миллат ва давлатдории миллӣ, инчунин устувор намудани меъёрҳои таърихиву адабии он мусоидат намуд. Дар ду даҳсолаи охир дар мамлакат як қатор донишномаҳо, луғатномаҳо ва фарҳангҳои дузабонаву сезабона интишор шуданд, ки онҳо бо забони меъёр ва риояи қоидаҳои таркиби дохилии забони адабии тоҷикӣ чоп шуда, барои боз ҳам васеъ тарғиб кардани забони давлатӣ замина фароҳам оварданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар харитаи сиёси иТогҷикистон дигарбора номҳои куҳани Суғд, Хатлон, Бохтар, Рӯдакӣ, Истаравшан, Рашт, Сайҳуну Ҷайҳун ва садҳо номи дигар, ки гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзро ба фардо пайванд медиҳанд, арзи ҳастӣ карданд ва барои эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва тавсеаи доираи худогоҳиву худшиносии миллии мардуми мо нақши муассир гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз дошта буданд, ки: «қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем».

Ин ҳидояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд сармашқи фаъолиятиҳаррўзаи мову шумо-устодону донишҷўёни гиромиқадр қарор дошта бошад.

Бо ифтихору садоқат ба забони модарӣ, бори дигар ҳамаи шумо-ҳозирини гиромиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрику муборакбод намуда, бароятон барору комёбиҳо, хонаободиву сарбаландӣ таманно менамоям.