5-уми октябри соли равон бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар толори “Арғунун”-и МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо унвони “Забони миллат-ҳастии миллат” бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, ташкилоту муассисаҳо, зерсохторҳои ноҳия, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, устодону донишҷӯёни донишкада ҳузур доштанд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ашурбӣ Каримова ҳусни оғоз бахшида, паёми табрикии раиси ноҳия Нусратулло Салимзодаро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ироа намуд. Зикр кард, ки забони миллӣ ва ҳамзамон ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи Истиқлолияти давлатию сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Ғамхорӣ нисбат ба забон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат мебошад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи қонуни забон ва вусъати бештар пайдо кардани доираи нуфузи забони давлатӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи он мусоидат хоҳанд кард. Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон далели равшани сиёсати давлат дар самти забони миллӣ мебошад.

Муовини ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоӣ Дилором Наимзода перомуни нақши Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ табодули назар намуда, зикр сохт, ки дар тӯли таърих фарзандони фарзонаи миллат ҳамеша пайи нигоҳ доштани забони миллӣ, ҳувияту худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддун талош варзида, аз давлату миллати худ дифоъ кардаанд. Ҳамакнун ин рисолатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифтаанд.

 Дар радифи ҳифзи дигар арзишҳои миллиамон, дар поянда ва бегазанд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки як рукни шинохти миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуда буданд, ки  забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ неруи тоза гирифта, имрӯз аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад.

Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино Гулнисо Раҷабализода дар бораи таърихи забони тоҷикӣ ва ташаккули он сухан гуфта, иброз дошт, ки донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш  огоҳӣ дошта бошанд.

Дилбар Худойназарова-директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54- и ноҳия дар бораи вижагиҳои забони давлатӣ, рушди он дар даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаҳои ҷолиб баён намуда, зикр кард, ки забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад. Зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихию фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи устодону донишҷӯёни МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” барномаи ҷолиби консертӣ бо фарогирии шеъру ғазалҳои “Ба дидор”, “Муаллим”, “Душанбе”, “Устоди муҳаббат”, “Ангехтан”, “Ӯ ҷони миллат аст” ва рақси “Кабӯтар” пешкаши иштирокдорони  чорабинӣ гардонда шуд.

Раиси Шӯрои бадеии чорабинӣ Арбоби ҳунари Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонов буда, роҳбарии бадеии барномаи фарҳангиро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Баҳрулло Хайруллозода ва роҳбарии мусиқиро Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент  Шодмон Муҳиддинов ба зимма доштанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ