Суханронии муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»

Устодон ва донишҷӯёни арҷманд!

     Бо арзи эҳтиром, шумоёнро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти Вазорати фарханги Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош менамоям.

     Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола 5-уми октябр дар кишвари мо ба таври расмӣ ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин санаи таърихӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 иртибот дорад ва дар асоси ҳамин санади муҳим ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст.

     Бояд гуфт, ки дар тӯли таърихи дурударози халқамон забони мо дар ҳастӣ ва шинохти миллати фарҳангдӯст ва тамаддунсозамон нақши сарнавиштсоз доштааст, ки инро осори арзишманди гузаштагонамон бо чандин анвои хат ба хубӣ собит менамояд.

     Ҳамчунон ки ниёгонамон ин забони нобро то ба рӯзгори мо бо як ифтихор ва хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд, мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рӯи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оѓози истиқлолият барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овардаанд. Яъне, дар бисту нуҳ соли истиқлолият забони мо дар мақоми забони давлатӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин лиҳоз, Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз табрикоти хеш бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чунин иброз намуда буданд: «Забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад».

     Бешак, забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад. Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин, устувории он дар умури сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ забони давлатӣ накши муҳим дорад.

     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ ва пок нигоҳ доштани он, инчунин дар баробари ин донистани забонҳои хориҷӣ пайваста дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Чумхурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2010 ба ҷавонон муроҷиат карда, гуфта буданд: «Тамоми неруи худро барои азбар кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунари интихобкарда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созед».

     Барои татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди забони тоҷикӣ Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Бояд зикр намуд, ки ин сохтори давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ татбиқи ин санадро дар тамоми идораву муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъмин менамояд.

      Забони тоҷикӣ аз нав эҳё гардид ва дар умури давлатдорӣ мавқеъ ва манзалати хоси худро пайдо намуд. Имрӯз давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон бо забони давлатӣ санадҳои ҳуқуқии байналмилаливу байнидавлатӣ, аз ҷумла созишномаҳо ва қарордодҳои муҳимро ба имзо мерасонад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки забони тоҷикӣ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ соҳиби мақоми байналмилалӣ гардидааст.

     Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки азхуд намудани забони давлатӣ вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад: «Ҳар як шахси таҳсилкарда, бахусус роҳбарон ва кормандону мутахассисони ташкилоту муассисаҳо бояд забони давлатиро хуб донанд ва бо забони адабӣ ба таври озод суҳбат карда тавонанд. Дар таъйини онҳо ба вазифаи роҳбарӣ дар кадом сатҳ донистани забони давлатӣ ба инобат гирифта шавад».

      Тадбиру чорабиниҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба он равона шуда истодааст, ки забони тоҷикӣ дар мақоми забони илм карор дода шавад.

     Муассисахои таҳсилоти касбӣ ва илмии кишвар, мутобики талаботи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» уҳдадор карда мешаванд, ки барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва рушду танзими истилоҳоти илмӣ тадбирҳои муассир андешанд. Пеш аз хама, навиштан ва нашри китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён, фарҳангҳои русӣ- тоҷикӣ, англисӣ-тоҷикии истилоҳоти бахшҳои гуногуни илмӣ бояд ба раванди доимӣ табдил ёбад.

      Боло бурдани сатҳи фарҳанги забондонӣ вазифаи асосии муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба таълими он бояд дар ин муассисаҳо бо истифода аз усулу имкониятҳои замони ҳозираи илму техника ва технологияи нав бештар диққат дода шавад ва барои ташкили муҳити забони илм шароит фароҳам оварда шавад.

      Дар замони пуртазоду пурихтилофи ҷаҳонишавӣ устувор ва мустаҳкам намудани робитаи фарҳангию забонӣ, омӯхтану азхуд намудани адабиёт, таъриху фарҳанги ниёгон ба манфиати миллат ва рушди забони тоҷикӣ мебошанд.

     Бо дарназардошти ин, вазифаи муқаддаси аҳли фарҳангу ҳунар, махсусан Шумо — устодону омӯзгорон дар баробари даъват ба омӯзиши амиқи забони тоҷикӣ, инчунин, таблиѓу ташвиқи он чун забони умумимиллӣ дар тафаккур ва зеҳни хар як шаҳрванди кишвар мебошад, ки ин ҳадафи худро мо марҳала ба марҳала амалӣ хоҳем кард.

      Бори дигар ҷашни фархундаи Рӯзи забони давлатиро ба Шумо устодони арҷманд ва донишҷӯёни гиромӣ таҳният гуфта, барои ҳама саломатӣ ва дар самти таълиму тадрис муваффақияту комёбиҳо таманно менамоям.