— Дар тӯли таърих фарзандони фарзонаи миллат ҳамеша пайи нигоҳ доштани забони миллӣ, арзишҳои миллӣ, асолати миллӣ, ҳувияту худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддун талош намуда, аз давлату миллати худ дифоъ кардаанд. Ҳамакнун ин рисолатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифтаанд.        Ин нуктаро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ дар ҳамоише, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори “Арғунун”-и донишкада бо ширкати доктори илмҳои филологӣ,  профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Давлатбек Хоҷазода, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён баргузор гардид, ироа намуд. Мавсуф аз таърихи ташаккули забони миллӣ ёдовар шуда, аз ҷумла зикр сохт, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб меравад ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудааст. Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд.     Ректори донишкада зикр кард, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомоти пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат забони тоҷикӣ неруи тоза гирифта, ба забони расмӣ — коргузорӣ табдил ёфт. Дар ду даҳсолаи охир як қатор донишномаҳо, луғатномаҳо ва фарҳангҳои дузабонаву сезабона интишор шуданд, ки онҳо бо забони меъёр ва риояи қоидаҳои таркиби дохилии забони адабии тоҷикӣ чоп шуда, барои боз ҳам васеъ тарғиб кардани забони давлатӣ замина фароҳам оварданд. Имрӯз ин забони ноб аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад ва шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад.

   Муҳриддин Низомӣ андешаҳояшро перомуни ба пояи баланди забони илм расонидани забони тоҷикӣ баён намуда,  аз суханронии Сарвари давлат дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, 27-уми сентябри соли равон, ки ба ин нуктаи муҳим ишора менамуд, иқтибос оварда, аз ҷумла чунин иброз дошт: “Донишмандони тоҷик гузоштани асосҳои забони илмии тоҷикиро ҳанӯз дар замони давлатдории Сомониён дар сатҳи баланд анҷом дода буданд, ки хизмати таърихии онҳо дар ин самт аз ҷониби олимони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Бузургтарин донишмандони ҷаҳоншумули мо — Абуалӣ ибни Сино бо таълифи «Донишномаи Алоӣ» ва Абурайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб-ут-тафҳим» бунёдгузорони забони илмии тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки анъанаи оғозкардаи онҳо дар асрҳои минбаъда аз тарафи донишмандони маъруф, аз ҷумла Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём ва дигарон то ба Аҳмади Донишу устод Айнӣ идома пайдо кард. Дар замони муосир қудрату тавоноии ҳар як забон дар баёни матлаби илмӣ зоҳир мегардад ва бақову мондагории забон ба доираи истифодаву корбурди он дар илм вобаста мебошад”.

     Доктори илмҳои филологӣ,  профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Давлатбек Хоҷазода маърузаи илмии омоданамудаашро дар мавзуи “Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои миёна” ироа намуд. Мавсуф перомуни таърихи ташаккулу таҳаввули афкори забоншиносии тоҷик ва таъсири низоми сарфию наҳвии забони арабӣ ба афкори забоншиносии мо пардохта, ҳамзамон руҷуи мухтасаре ба вазъи забоншиносии тоҷик то аҳди ислом низ дошт. Давлатбек Хоҷазода дар ин замина масоили забоншиносиро дар ёдгориҳои тоҷикии асрҳои X-XVI шарҳ дода, мақоми баъзе аз чеҳраҳои тобони ин давраро дар рушди афкори забоншиносии тоҷик нишон дод. Илова бар ин, як бахши муҳимми суханрониҳои устод ба таҳлили афкори забоншиносии шахсиятҳои муътабари илму фарҳанги асри X-XVI, аз ҷумла Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Шамси Қайси Розӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ ва дигарон ихтисос ёфта буд.       Муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионии донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Алишер Аминӣ дар суханронии худ дар хусуси таърихи ташаккули забони форсӣ-тоҷикӣ дар дарозои таърих, мариҳалаҳои рушд, ҳудуди густариш ва дигар масъалаҳои забони тоҷикӣ суҳбат кард. Ҳамчунин, мавсуф зикр кард, ки забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат ба марҳилаи махсуси рушди худ расидааст. Дар ин росто, ҳар фарди ҷомеаи имрӯзии Тоҷикистонро зарур аст, ки нисбат ба забони тоҷикӣ эҳтиром дошта бошад ва барои поку беолоиш нигоҳ доштани он саъйю талош намояд.

    Дар фароварди ҳамоиш барномаи фарҳангӣ- ҳунарӣ, ки фарогири композитсияҳои адабӣ бо унвонҳои “Забони тоҷикӣ шоҳи забонҳост”, “Забони тоҷикӣ-забони меҳри мо”, ғазалу шеърҳои «Биё», «Забони модарии ман», «Забони модарӣ» ва рақсу оҳангҳои марғуб буд, дар иҷрои устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонда шуд.

Алишер АМИНӢ,

Додоҷон РӮЗИЕВ