Таҳти ҳамин унвон дар донишкада бо ибтикори кафедраи филология бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.


Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, зикр кард, ки устодони фанни забони тоҷикӣ меросбарони ин забон буда, дар таълиму тарбияи шогирдон ва аҳли ҷомеа саҳми босазо доранд.

     Дар семинар ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои филологӣ Алишер Афғонов, устодони факултаи режиссура, кино ва телевизион, кафедраҳои филология, забонҳо, тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ ва донишҷӯён иштирок доштанд.

     Устодони донишкада Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ дар мавзӯи «Забони миллат-ҳастии миллат», Зулфия Мирзода дар мавзӯи «Забон рукни асосии фарҳанги миллӣ», Нозим Нуров «Забони давлатӣ ва тавонмандии миллӣ», Абдулвоҳид Ғоибов ««Нисоб-ус-сибён» ва омӯзиши забон», С. Ғафурова «Масъалаҳои тадриси фанни забони давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавии фазои таҳсилотӣ», Саидмаҳмуд Саидҳомидов «Забон-пояи давлат ва ҳастии миллат» маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

Зулфия МИРЗОДА,

мудири кафедраи филологияи МДТ

«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»