Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро аз 13. 09. 2022, №1337 бо мақсади омӯзиш ва азёд кардани вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм озмуни “Забон донӣ — ҷаҳон донӣ”дар ҷараён аст. Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  фармоиши ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ба тасвиб расида, даври аввали озмун дар факултетҳои донишкада баргузор гашта истодааст.     Бояд зикр намуд, ки дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз муҳимтарин омилҳо барои фаро гирифтани дониш, хабару иттилоот ва навигариҳои илмию фаннӣ ба шумор рафта, барои боз ҳам бештар барқарор кардани иртиботҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бо кишварҳои дигар мусоидат менамояд. Ба ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиш ва донистани забонҳои хориҷиро барои насли ояндасози кишвар зарур шуморида, ҷиҳати азхуд кардани онҳо пайваста дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсоз медиҳанд.

Даври ҷамъбастии озмун дар донишкада аз 5-уми декабр то 10-уми декабр баргузор гашта, ғолибон бо сипосномаву ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

                                                                                                            Синои  АБУАЛӢ

                                                                             Дилшод  УМАРОВ