Шоми 7 ноябр дар Театри таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 80 — солагии ҳунарманди барҷастаи театру кинои Тоҷикистон, коргардони театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, шодравон Маҳмудҷон Воҳидов барномаи эҷодӣ доир гардид.

 

     Дар ҳамоиш меҳмонон, пайвандон, устодону донишҷӯён ва ҳунармандон аз театрҳои касбӣ, ки ба санъати волои ин ҳунарманди машҳури тоҷик аз наздик ошноӣ доранд, ширкат варзиданд. То оғози барнома ба аҳли толор  сабти садои ин ҳунарманди маҳбуб, ки дар «Хазинаи тиллоӣ»-и  радио маҳфуз гардидааст, шунавонида шуд.

     Барнома бо сухани ифтитоҳии ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмон оғоз гардид.  Мавсуф дар нутқе, ки оғозбахши барнома буд, аз ҳунари волои ин ҳунарманди асил дар санъати театру синамо ёдовар гардида, нақши театру ҳунармандро  дар тарбияи маънавии ҳар як узви ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд. Зикр сохт, ки Маҳмудҷон Воҳидов  асосгузори театри як актёр (моноспектакл)  буда, дар фаъолияти начандон тӯлонии хеш дар саҳнаи театру синамои тоҷик бо офаридани нақшҳои ҷолиб ва садои нотакрор номдор гардида, чеҳраи  театри тоҷикро на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он муаррифӣ кардааст. Санъату  ҳунари  актёрӣ ин фаъолиятест, ки дар рӯ ба рӯи мардум  пешкаш карда мешавад  ва аз   таҷрибаи фардии ҳар як шахс  падид меояд.

     Муҳаммадулло Табаров, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи маҳорати актёрӣ бо  маърӯзаи «Саҳми М. Воҳидов дар рушди санъати театри тоҷик» баромад кард, ки аз он тамошобинон нисбат ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти  Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон маълумоти муфассал  гирифтанд.

     Дар барнома ғазалу шеърҳо аз шоирони классику мусири тоҷик, аз ҷумла Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Лоиқ Шералӣ — «Ман намемирам», «Ман ҷавонам», «Модарнома», ки бо садои дилангези марҳум М. Воҳидов  сабт гардида буданд, ҳамчунин порчаҳо аз нақшҳои бозидаи ӯ дар филмҳо манзури аҳли толор гардонда шуданд.

     Дар шоми гиромидошти ин ҳунарманди  машҳуру маъруфи тоҷик  устодони санъат — Хурсандмурод Зарипов, Хосияти Зарафшонӣ,  Раҳмалтулло ва Фирдавс Ҳошимовҳо  бо суруду ғазалҳо аз ашъори  бузургони назми тоҷик ҳунарнамоӣ  карданд.

     Дар рӯзи таҷлили 90 — солагии Театри тоҷик баргузор намудани  ин барномаҳои эҷодӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки ҳунари ҳунарманд ва рисолати касбии  ӯ дар ҷомеа ҳамешагӣ пойбарҷо буда,  аз назари аҳли фарҳангу фарҳангиён  дур намемонад.

Бобоҷон РАҲИМОВ,

мудири бахши мониторинги

сифатитаҳсилоти ДДФСТ

ба номи Мирзо Турсунзода