Ба бузургдошти 80 – умин зодрӯзи ин фарзанди фарзонаи миллат санаи 7–уми ноябри соли равон конференсияи илмӣ — назарявӣ ва эҷодӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор мегардад. Хоҳишмандон ва алоқамандони ҳунари шодравон Маҳмудҷон Воҳидовро даъват менамоем.

Маҳмудҷон Воҳидов 10 октябри 1939, дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Аввалин бор Маҳмудҷон Ваҳидов дар рӯзҳои Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Маскав, ки моҳи апрели соли 1957 баргузор гардид, дар толори консертии ба номи Чайковский шеъри Мирзо Турсунзода «Мамлакати тиллоӣ» ва баъди қарсакзаниҳои дурудароз шеъри А. Воситзода «Дар сари роҳи калон»-ро хонда, шуҳрату муваффақиятро соҳиб гардид. Тоқии чоргулу ҷомаи беқасаб дар бар ба саҳна баромад. Вай нахустин бор бо ҳазорон нафар рӯ ба рӯ шуд. Баъди бозгашт аз Маскав дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон як сол кор кард ва сипас якбора ба курси 3-юми студияи тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Маскав дохил шуд. Соли 1960 Донишкадаи мазкурро хатм намуд. Солҳои 1960—1961 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ ба фаъолияти ҳунарӣ шурӯъ намуд.

Аз соли 1961 то охири умр ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буд.
Амиқ кушодани ҷаҳони ботинии қаҳрамон, дарк намудани ҷиҳатҳои равонии образ, овози ҷарангдор ва хусусан таъсири амиқи эмотсионалӣ (ҳиссӣ) ба тамошобин ҷиҳатҳои асосии маҳорати артистии Маҳмудҷон мебошанд. Дар саҳнаи тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов асосгузори театри “андешаву гуфтор” бо иштироки як актёр аст.

Нақшҳои дар саҳна офарида:

-Митя («Камбағалӣ айб нест»-и А. Островский, 1960),
-Дурандарте («Шоҳ гавазн»-и К. Гоцци, 1960),
-Незнамов (Гунаҳгорони бегуноҳ»-и А. Островский, 1962,1974),
-Кассио («Отелло»-и У. Шекспир, 1963),
-Бейли («Ҳуррият»-и Ғ. Абдулло, 1964),
-Ромео ва Ҷульета»-и У. Шекспир, 1963),
-Моцарт («Фоҷиаҳои хурд»-и А. Пушкин, 1966),
-Азизӣ («Ҷанги тан ба тан»-и М. Байҷиев, 1969),
-Бежан («Бежан ва Манижа»-и Ҳ. Хушкинобӣ, 1970),
-Эзоп («Эзоп»-и Г. Фигейредо, 1971),
-Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С.Улуғзода, 1973),
-Мамбет («Қуллаи Фудзияма»-и Ч. Айтматов ва Қ. Муҳамадҷонов, 1974).
-Усмонхоҷа («Гарнизон таслим намешавад»-и Ҷ. Икромӣ, 1974),
-Хизрхон («Фарьёди ишқ»-и Ғ. Абдулло, 1975),
-Соломахин («Машварат»-и А. Гельман, 1976),
-Ясон («Медея»-и Еврипид, 1977) ва ғ.

Асарҳои ба саҳна гузошта:

-«Гуфтугӯ бо худ» (аз рӯи рубоиёти Умари Хайём, 1967),
-«Ватан ва фарзандон» (аз рӯи ашъори шоирони Тоҷикистон, 1969),
-«Ишқи зиндагӣ» (аз рӯи ашъори Ҳофиз, 1971) ва ғ.
-«Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода (1976)

Нақшҳои иҷро карда дар синамо:

-«Зумрад» — нақши Шариф (1961),
-«Ҳасани аробакаш» — Раҷаб (1965),
-«Ҷӯра Саркор»- котиби райком Қодиров (1965),
-«Достони Рустам» — Тӯлод (1971);
-«Ситора дар тирашаб» — Аҳмади Дониш (1972),
-«Асрори гузаргоҳ» — Олим (1973) .

Р. Воҳидӣ