15 — уми  апрели соли  равон  дар хобгоҳи  МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон  ба  номи  Мирзо  Турсунзода»  бо мақсади баланд   бардоштани   сатҳи дониш ва маърифати чавонон дар робита ба пешгирии омилҳои номатлуби ичтимоӣ, аз чумла шомил  шудани  ҷавонон  ба  гурӯҳҳои  ифротӣ вохӯрӣ доир гардид. Дар   вохурӣ  Дилором  Сангинова   —  муовини  ректор  оид  ба  корҳои  тарбия  ва  иҷтимоӣ,  Шерзод Хоҷаев  —  муовини  ректор  оид  ба  корҳои  хоҷагӣ  ва  маъмурӣ, Қобилҷон  Саидов —  сармутахассиси  тарбиявии  донишкада ва  Кароматулло  Юсупов  —  мудири  шуъбаи  кор  бо  ҷавонон  иштирок  ва  суханронӣ  намуданд.

Муовини   ректор  оид  ба  корҳои  тарбия  ва  иҷтимоӣ, аз ҷумла зикр намуд, ки ҳар  як  ҷавонони бонангу  номус   бояд ватани  биҳиштосои худро дӯст дорад,  барои пешрафту шукуфоии он саъю талош варзад, ба қадри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бирасад, арзишҳои миллиро мисли    гавҳараки   чашм    ҳифз     намояд.   Ҳамзамон, дар      шароити вазъи ноороми сайёра  зиракии сиёсиро аз даст надода, барои таъмини амният, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти конун  ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорад.

Сипас,  сармутахассиси  тарбиявии  донишкада  Қобилҷон   Саидов  баромад  намуда,  ба  саъми донишҷӯён  расонд,  ки  эҳтироми   падару  модарро  ба  ҷо   оранд, ба панду насиҳатҳои модарон гӯш андозанд ва мувофиқи гуфтаи онҳо амал кунанд.   Зеро  Модар бо сиришти поки инсонӣ, фазилати  накугавҳарӣ  дар дили ҳар яки мо тухми ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифат кошта, онро пояндаву устувор ва ҷовидона нигаҳ  медорад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш мекунанд ва дар наздаш сари таъзим фуруд меоранд.

Донишҷӯён аз ин вохӯрӣ таассуроти нек бардошта, пешниҳод намуданд, ки ҳамин гуна вохӯриҳо тез — тез гузаронида шаванд.

Кароматулло  ЮСУПОВ ,

мудири  шуъбаи  кор  бо  ҷавонони

 МДТ  “ДДФСТ ба номи  Мирзо   Турсунзода”