3 марти  соли  равон    дар хобгоҳи   МДТ  «Донишкадаи  давлатии фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон   ба  номи  Мирзо  Турсунзода»  бо   ширкати муовини  ректор  оид  ба  корҳои  тарбия  ва  иҷтимоӣ  Дилором Сангинова  ва  духтури  донишкада  Зайналобиддин Назаров  вохӯрӣ баргузор  гардид. Ҳадаф   аз  баргузории мулоқот бо донишҷӯён,  пеш  аз  ҳама,   роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳои    сироятӣ,   бавижа бемории  коронавирус буд,  ки  имрӯз  ҷомеаи ҷаҳониро    ба  ташвиш  овардааст.

   Нахуст      муовини  ректор  оид  ба  корҳои  тарбия  ва  иҷтимоӣ  Дилором   Сангинова  перомуни риояи тартибу  низом    дар   хобгоҳ  ва     донишкада  ибрози назар намуда,   зикр сохт,  ки  донишҷӯён  бояд ба донишкада бо  сарулибоси   донишҷӯӣ   ва  лавозимоти   таълимӣ   сари  вақт  ҳозир шаванд. Мавсуф ба  раиси  созмони  ҷавонони  донишкада        супориш  дод,  ки   ҳар  субҳ  донишҷӯёнро  барои машқи  пагоҳирӯзӣ   ба  саҳни  хобгоҳ  бароварда,  бо  устоди  варзиш    тамринҳои  ҳамарӯзаро ба роҳ монад.

   Зайналобиддин  Назаров   дар бораи тадбирҳои андешидаи Раёсати донишкада ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус маълумот дода, иброз дошт, ки ин беморӣ имрӯз  дар  як қатор  кишварҳои  олам  доман  паҳн  карда  истодааст.  Вобаста  ба  ин,   Ҳукумати   Ҷумҳурии  Тоҷикситон  барои  солимии   аҳли  ҷомеа ва пешгирии ин бемории сироятӣ чораҳои  зарурӣ андешидааст.  Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки   хушбахтона,   дар  Ҷумҳурии  Тоҷикситон  ин  беморӣ  ба  қайд  гирифта  нашудааст ва шахсони аз дигар кишварҳо омада таҳти назорати табибон қарор доранд. Духтури донишкада аз иштирокдорони вохӯрӣ хоҳиш намуд, ки    гигиенаи  шахсиро  риоя  намуда,   худ  ва  дигаронро  аз  бемории  коронавирус  ҳифз  намоянд.

Кароматулло   ЮСУПОВ,  

Мудири шуъбаи кор бо  ҷавонони   МДТ «ДДФСТ

 ба  номи  Мирзо  Турсунзода»