10 сентябри соли равон як гурӯҳи филмсозони тоҷик ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба филми «Ҷомӣ-Навоӣ» ва рӯйи кор овардани он ба Ҷумҳурии Узбекистон сафари корӣ анҷом доданд. Меҳмононро ҳунармандони халқии Узбекистон Теша Муминов, Исамат Эргашев, корманди шоистаи маданияти Узбекистон Ҳамидулла Ҳасанов ва як гурӯҳи масъулони Агентии кинематографияи Узбекистон дар посгоҳи сарҳадии “Ойбек”и шаҳри Тошканд бо тантана истиқбол гирифтанд.

Тавре манбаъ аз Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ба радиои «Овози тоҷик» хабар дод, агентӣ дар ҳамкорӣ бо коргардонҳои Узбекистон ва Тоҷикистон муколамаи онлайниро дар бораи эҷоди лоиҳаҳои нави филм роҳандозӣ намудааст.

Тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини аввали директори МД «Тоҷикфилм»Толиб Ғайбуллозода, директори китобхонаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Шодимуҳаммад Софизода, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод, доктори илмҳои филология Бадриддин Мақсудов намояндагӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, то кунун коргардонҳои ду кишвар барои амалӣ кардани лоиҳаи филм чанд гуфтугӯи онлайнӣ анҷом додаанд. Дарвоқеъ, дар бораи дӯстии Алишер Навоӣ ва Абдураҳмон Ҷомӣ корҳои зиёди илмӣ ва бадеӣ ва филмҳои мустанад офарида шудаанд, аммо дӯстии ин ду мутафаккири бузург дар экран ва асарҳои саҳнавӣ то имрӯз эҷодшуда ба қадри кофӣ инъикос нагардидааст.Дар назар аст, ки дар идомаи сафари кории филмсозони мо, рассомони ду кишвар дар бораи тартиби лоиҳа рӯ ба рӯ мубодила хоҳанд кард.Инчунин, меҳмонон ҷиҳати иштирок дар кинофестивали байналмилалии «Марвориди Роҳи бузурги абрешим» «Марвориди Роҳи бузурги абрешим» омодагӣ мебинанд. Онҳо бо коргардонҳои узбек дар бораи тартиби дигар лоиҳаҳои муштараки филмҳо гуфтушунид менамоянд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки  рӯзҳои 10-12 июн анҷом шуд, ба рушди равобити фарҳангӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид. Президенти Ҷумҳурии Узбекистон қайд намуд, ки вақти он расидааст, ки дар бораи дӯстии гузаштагони бузурги мо – Алишер Навоӣ ва Абдураҳмон Ҷомӣ як филми бадеии муштарак таҳия намоем. Ин пешниҳод аз ҷониби Президенти мо низ дастгирӣ ёфт.

Чоп кунед