Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии таълимии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” конференсияи илмӣ — амалӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид.       Дар оғоз ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи матбуот табрику таҳният гуфта, барояшон пирӯзиҳои рӯзафзуни касбиро орзу намуд. Мавсуф аз “Бухорои Шариф”,  нахустин рӯзномае, ки бо забони тоҷикӣ нашр гардидааст, ёдовар шуда, нақши онро дар ба вуҷуд омадани матбуоти тоҷик муҳим арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки маҳз бо назардошти нақши созандаи рӯзномаи “Бухорои Шариф”  дар таҳаввулу ташаккули афкори солиму созандаи аҳли ҷомеа, рушди мактабу маориф, фарҳанг, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ санаи нашри нахустин шумораи он яъне 11-уми март дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҳамчун иди касбии аҳли матбуот муқаррар гардид. Ректори донишкада қайд намуд, ки Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, Ҳукумати кишвар зери партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди матбуот мунтазам иқдомҳои наҷибро роҳандозӣ менамояд. Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.

   Сипас, декани факултаи журналистикаи телевизион ва радио Ниёзов Лутфулло доварии конференсияро ба дӯши худ гирифта, доир ба мавзуъ ва зарурати баргузори он маълумоти муфассал дод.

   Дар конференсия устодон Ниёзов Л. – декани факултаи журналитикаи телевизион ва радио , Мирзода З. — дотсенти  кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ, Муъминҷонов З. — профессори кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ,  Бобоҷониён Р. — профессори кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ, Салимзода О. – номзади илмҳои филологӣ,   Умарова Г. — профессори фахрии кафедраи журналистикаи телевизион ва  радиошунавонӣ, Ҳамдамов Б. — дотсенти  кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ, Саидзода О. — дотсенти кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ, Муродова Р. — дотсенти  кафедраи технологияи ВАО ва дигарон маърузаҳои илмии худро ироа намуда, дар атрофи мавзуи конференсия фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

   Дар умум зиёда аз 15  маърузаи илмӣ аз тарафи маърузачиён ироа гардида, миёни онҳо ва ҳозирин табодули афкори судманд сурат гирифт.

ҚУДРАТОВ Сино