Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, 23 июл, бо сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи санъати  Ёвони Ҷумҳурии Куриё Ли Ю На ва ҳайати ҳамроҳонаш вохӯрии судманд ва ояндабин баргузор гардид. Дар мулоқот ноибони ректор, декани факултаҳо ва мудирони кафедраҳои донишкада иштирок доштанд.

   Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Усмонзода Хайридин Усмон меҳмононро хайра мақдам гуфта, дар бораи донишкада ва самтҳои асосии фаъолияти он маълумоти муфассал  ироа намуд. Мавсуф тазаккур дод, ки донишкада бо 26 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Белорус, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, дар доираи ин санадҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ, эҷодӣ ва табодули донишҷӯёну устодонро ба роҳ мондааст. Ректори донишкада таҳия ва имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи санъати  Ёвони Ҷумҳурии Куриёро ба мақсад мувофиқ донист. Ҳамзамон, табодули  тарафайни устодону донишҷӯён ва ифтитоҳи Гӯшаи фарҳанги Куриёро дар ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода  ва Гӯшаи фарҳанги Тоҷикистонро дар Донишгоҳи санъати  Ёвони Ҷумҳурии Куриё  ҷиҳати тарғибу ташвиқи фарҳангу санъати ҳарду кишвар муҳим арзёбӣ кард.

   Ли Ю На аз истиқболи гарми раёсати донишкада изҳори миннатдорӣ намуда, зимнан перомуни самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ иттилоъ дод. Зикр кард, ки дар Донишгоҳи санъати  Ёвони Ҷумҳурии Куриё беш аз 2000 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. -Мо тасмим гирифтаем, ки бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ ба роҳ монем,- иброз дошт Ли Ю На. Ба гуфтаи ӯ, таҳия ва имзои Созишномаи ҳамкорӣ, инчунин, ифтитоҳи Гӯшаи фарҳанги Куриё дар ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода  ва Гӯшаи фарҳанги Тоҷикистон дар Донишгоҳи санъати  Ёвони Ҷумҳурии Куриё барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дар оянда тавсеа бахшидани онҳо мусоидат хоҳанд кард.

Додоҷон РӮЗИЕВ,

муҳаррири маҷаллаи

 “Фарҳанг ва санъат”

Чоп кунед