Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ширкати раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушбахт Шарифзода, муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Юсуф Исматов, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада дар робита ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ” ва нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи марзу буми кишвар вохӯрии судманд баргузор гардид.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ба вохӯрӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар ин самт даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Дар ин робита, маҳз бо заҳмату талошҳои пайваста ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои касбу илмомӯзӣ, таълиму тарбияи онҳо, тарбияи ватандӯстӣ, ватанпарастию инсондўстӣ, таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳким бахшидани асосҳои ҳувияти миллӣ ва дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза ба вуҷуд овардани пояҳои хештаншиносӣ ва дўст доштани кишвари азизи хеш давра ба давра корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ба тақвияти гуфтаҳои ректори донишкада зикр намуд, ки ба масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир намудани роҳбарияти олии мамлакат ҳар як фарди бонангу номуси кишварро водор месозад, ки дар роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон, рушди фарҳанги миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, арзишу муқад­да­соти миллӣ, пойдории сулҳу субот тамоми имкониятҳои ақлию зеҳнии худро равона намуда, дар таҳкими ватандории миллӣ саҳми босазо гузорад.

Иброҳим Мирзозода нуктаҳои муҳимми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ”-ро шарҳу тавзеҳ дода, зимнан тазаккур дод, ки бо назардошти он ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва тақвияти ҳисси миллии сарбозони оянда яке аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад ҳамаҷониба омӯхтани таърихи халқи тоҷик, ифтихор аз он ва гузаштагони шарафманди хеш — қаҳрамонони миллии халқамон ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллат бисёр муҳим мебошад.

Ба гуфтаи сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушбахт Шарифзода, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” (15 июли соли 2004), Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат бо намояндагони ҷавонон, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, квотаҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияҳои раисони шаҳру ноҳияҳо, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарӣ, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангию фароѓатӣ, бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз ва ѓайра барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи онҳоро дар ҷомеа боз ҳам мустаҳкам намуданд.

Ҳадафи аслии ин вохӯрӣ ҳаматарафа фаҳмонидани паҳлуҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ” ва омӯзишу дар амал татбиқ намудани он  мебошад.

Додоҷон РӮЗИЕВ,

Кароматулло ЮСУПОВ