Дар    санаи   19  — уми  ноябри  соли  равон  дар  толори   маҷлисии   хобгоҳи      ДДФСТ   ба  номи  Мирзо  Турсунзода  бо  роҳбарии  ноиби  ректор  оид ба  масъалаҳои  тарбия  ва  иҷтимоӣ  Сангинова  Д.Н.  вохӯрӣ  бо иштироки 156 нафар донишҷӯдухтарон  баргузор  гардид.   Ҳамчунин,   раиси  занони  донишка  Ғафурова С. нозири шуъбаи  кадрҳо оид ба   шиносномаҳо Раҳматуллоев Р. ва муаллимаи  кафедраи фарҳангшиносӣ  Раҳмихудоева  Бахтибегим иштирок  ва  суханронӣ  намуданд.  Пеш  аз  ҳама,  оид ба  масъалаҳои зерин  гуфтугӯ  ва  музокираҳо  доир  гардид:

  1. Интихоби  раиси  Шӯрои духтарон;
  2. Тозагии дохилӣ ва  саҳни хобгоҳӣ донишкада;
  3.  Тарзи  либоспӯшӣ  дар раванди дарс;
  4. Доир ба масъалаи  одобу  ахлоқи ҳамида ва намунавӣ нисбати  ҳамсабақон ва атрофиён;
  5. Оид ба қайд гузоштани шиносномаҳо дар ноҳияи  муайянгардида;
  6. Баргузории чорабинии фарҳангӣ  бахшида ба рӯзи парчами миллӣ, озмуни «Кадбону» ва «Хонаи беҳтарин» ;
  7. Камбудиву  норасоиҳо дар хобгоҳи донишкада.

   Баъд аз масъалагузорӣ ва суханронӣ аз  тарафи  раиси занон ва донишҷӯдухтарон  Раҳимзода Фарзона  донишҷӯи бахши дуюми шуъбаи  рӯзноманигорӣ ба ҳайси раиси  Шӯрои духтарон интихоб гардид. Ноиби ректор оид ба масъалаҳои тарбия ва иҷтимоӣ Сангинова Дилором Наимовна таъкид намуданд, ки вазъи санитарию гигиенӣ  пеш  аз ҳама  бояд дар мадди  аввал  қарор  гирад, чунки саломатии инсон неъмати бебаҳост ва онро аз ҳар гуна хатари бемориву   бактерияҳои ба организми инсон  зараррасон ҳифз намудан зарур меояд. Инчунин, зикр намуданд, ки одобу  ахлоқ, рафтору  кирдор  унсури аз ҳама муҳими маърифати баланди  инсони ба ҳисоб  мераванд, бояд бо меъёрҳои муносибати байниҳамдигарӣ ва талаботи ҷомеаи имрӯза  ҷавобгӯ бошанд.

   Ғафурова С. Раиси  занони  донишкада дар суханронии худ оид ба  паҳлуҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму  тарбияи фарзанд» ибрози  ақида   намуда  ва талаботҳои асосии қонуни  мазкурро  ба  самъи  донишҷӯдухтарон  расонид. Як қатор  камбудиву  норасоиҳои ҷойдоштаро муҳокима  намуд.

   Раиси занони донишкада доир ба ҷашни дар пешистода ва дар сатҳи баланд гузаронидани  чорабинии фарҳангӣ бахшида ба рӯзӣ парчами миллӣ ки дар санаи 24-уми ноябри соли равон баргузор  мегардад бо  ҳиси баланди ватандорӣ,  эҳтиром  ба  муқаддасоти миллӣ,   рамзҳои  давлатӣ , ки вазифаи ҳар як  шахси  бедордилу бомаърифат ва  худогоҳи  ин  сарзамини  биҳиштосо  ба  ҳисоб  меравад,  дар баргузорӣ ва дар сатҳи баланд  таҷлил  намудани ин рӯйдоди  муҳими  таърихӣ омода  бошанд.

   Сипас нозири  шуъбаи кадрҳо оид  ба масъалаи  шиносномаҳо Р.Раҳматуллоев таъкид доштанд, ки аз  қайд  гузаронидани  шинономаҳо дар  ноҳияи  муаянгардида ва  саривақт ба қайд  мондани  шиносномаҳо ва  ҳифзу  амнияти шаҳрахвандӣ ва  ҳуҷҷати  тасдиқкунандаи истиқоматӣ дар  шаҳр дар  заминаи  чаҳорчӯбаи маромномаи пойтахт, ки  аз  тарафи  раиси  шаҳри Душанбе  қабул  гардидааст, амалӣ  гардонида  шавад.

   Дар анҷоми  вохӯрӣ, ноиби  ректор  Сангинова Д.Н. бо донишҷӯдухтароне, ки  тибқи  Квотаи Президентӣ дар Донишкадаи  Давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо  Турсунзода таҳсил  менамоянд суҳбат  намуда, нисбати азбарнамудани  илму  дониш ва  малакаву  маҳорати касбӣ ,  ҳамчун донишҷӯи  фаъол ва  ташабускор   ва бо  баҳои  хубу  аъло  таҳсил  намудан  аз  тарафи  раёсати  донишкада бо идрорпулиҳои номӣ ҳавасманд гардонида  мешаванд.

Раиси Шурои донишҷӯёни хобгоҳ – Азизов С.