Имрӯз дар толори Театри  таълимии   Муассисаи давлатии  таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон  ба  номи  Мирзо  Турсунзода»  вохӯрии фаъолони  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  бо устодону донишҷӯёни донишкада доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  баргузор  гардид. Дар вохӯрӣ мудири  шуъбаи  занони  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Синои  шаҳри  Душанбе Юнусова  Рухшона,   муовини  ректор  оид  ба  тарбия  ва  иҷтимоии  Донишкадаи  тиббии  иҷтимоии  Тоҷикистон  Мирова  Шаҳло  Мирзоватановна,   аз  Донишкадаи  молия  ва  иқтисод номзади  илмҳои  иқтисодӣ  Абдусатторзода  Сурайё Абдусаттор,  аз  Колеҷи  тиббии  ҷумҳуириявӣ  номзади  илмҳои  филологӣ  Назарова  Маърифат  ва  муовини  ректор  оид  ба корҳои  тарбия  ва  иҷтимоии Муассисаи давлатии  таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон  ба  номи  Мирзо  Турсунзода» , номзади  илмҳои  педагогӣ,  Наимзода  Дилором  Наим  иштирок ва суханронӣ намуданд. Ба ҳамоиш мудири  шуъбаи  занони  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Синои  шаҳри  Душанбе Юнусова  Рухшона ҳусни оѓоз бахшида, иброз дошт, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид. Сарвари давлат дар Паём оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Пешвои миллат, аз ҷумла зикр сохтанд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

               Абдусатторзода  Сурайё Абдусаттор- номзади  илмҳои  иқтисодӣ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зимни суханиронии хеш зикр сохт, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор масъалаҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ, аз қабили беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати таълим, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, ҷори намудани инноватсия дар истеҳсолот, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақаобатноки ватанӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Ба гуфтаи омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, рушди саноат барои таъмин намудани устувори иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, кам кардани муҳоҷирати меҳнатӣ, зиёд кардани содироти мулу маҳсулоти ватанӣ ва рақобатпазир гардонидани он замина мегузорад.

Муовини  ректор  оид  ба корҳои  тарбия  ва  иҷтимоии Муассисаи давлатии  таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон  ба  номи  Мирзо  Турсунзода» , номзади  илмҳои  педагогӣ,  Наимзода  Дилором  Наим  ба меҳмонон барои  маърӯзаҳои пурмуҳтаво, ки нуктаҳои муҳимми Паёмро боз ҳам равшантару возеҳ намуда, ба иштирокдорон расониданд, изҳори ташаккур намуд. Мавсуф зикр намуд, ки ҳайати профессорону устодони МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ҳар як нуктаи дар Паёми Пешвои муаззами миллат баёншударо  мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои фарҳангу ҳунар беш аз ҳарвақта саъю талош хоҳанд кард.

          Ҳадаф  аз  ин вохӯрӣ  пеш  аз  ҳама ҷиҳати  шарҳу  тавзеҳоти  Паёми  Асосгузори  Сулҳу  Ваҳдати  миллӣ —  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тарбияи дуруст намудани ҷавонон  дар руҳияи ватандӯстӣ, баланд   бардоштани  ҳувияти  миллӣ,  маърифати  ҳуқуқӣ, ташакули  тарзи  ҳаёти  солим  ва  дигар  самтҳои афзалиятноки  сиёсати давлатии  ҷавонон миёни донишҷӯёну устодон буда  роҳандозӣ  гардидааст.

 

 

Синои  АБУАЛӢ,

Дилшод  УМАРОВ